Нақши созандаи судҳо дар пешрафти ҷомеа

№81 (4343) 22.06.2021

Дар ҷомеа дилхоҳ сохтор ва идора вазифаю рисолат дораду он барои беҳбудии вазъу кори ҷомеа, пешрафту некуаҳволии мардум, яъне омили инсонӣ, равона гардидааст.

Аз ин ҷост, ки баробари соҳибистиқлол гардидани кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи судии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тавассути амалисозии ислоҳот дар соҳа, ташкили сохтори ҳамаҷониба ҷавобгӯи талаботи замони муосири судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳадаф қарор доданд. Гувоҳи ғамхории доимӣ ва бевоситаи Сарвари давлат доир ба баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҳокимияти судӣ зуд — зуд доир намудани вохӯрию мулоқот бо роҳбарону масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, аз ҷумла, судии мамлакат мебошад, ки тавассути он дар бобати беҳтар кардани фаъолияти ҳокимияти судӣ дар таҳкиму роҳандозии адолати судӣ дас­туру супоришҳои судманд пешниҳод мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки ин ҳама тадбиру кӯшишҳои  ба беҳсозии корбарӣ рабтдошта тақозои давру замон аст. Зеро пеш рафтани ҷомеа, густариши фаъолиятҳои гуногунҷанба ва амсоли он муносибатҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ кор дар соҳаи судӣ нисбатан мураккаб мегардад. Шаҳрвандон бо умеду боварӣ ба адолати судӣ ба судҳои зинаҳои гуногун муроҷиат менамоянд, то масъалаҳои баҳснок дар асоси қонуну санадҳои меъёрии амалкунандаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», шаффоф, саривақтӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Вобаста ба ин, барои таҳкими низоми судии кишвар, баланд бардоштани обрӯю мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва то ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома ёфта, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул мешаванд.

Чун дар ҳама соҳа нақши калидиро дар амалигардонии ин нияту ормонҳо, пеш аз ҳама, қонунҳои комил, дархӯри замон ва мутахассисони соҳиби донишу нозукиҳои соҳаро медониста ва содиқ ба касб мебозанд.

Он ҷиҳат боис ба таассуф аст, ки бо иллатҳои гуногун шикояту баҳсҳо дар ҳоли афзудан қарор доранд. Дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон метавонад ба коҳиши ин раванд мусоидат намоянд. Зеро ки дар пушти ҳар кадоме аз баҳсҳо инсонҳо ва тақдири ояндаи онҳою фарзандон ва ниҳоят, рушду субот ва ояндаи давлату ҷомеа истодаанд.

Бинобар ин, мо — кормандони ҳокимияти судӣ дар оянда низ сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассиса, қонуният ва таъмини адолати судӣ дар мамлакат беш аз беш фаъол хоҳем буд.

Манучеҳр ЮНУСОВ,

Саидмурод ДАВЛАТЗОДА,

котибони маҷлиси судии Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе