Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Панҷ шакли ҳамкории судҳо бо ВАО муайян гардид

№81 (4343), 82(4344) 23.06.2021

DSC_3098Бисту якуми июни соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ­Тоҷикистон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хоҳиш менамоям, бо истифода аз системаи электронии овоздиҳӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар толор 29 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар кори иҷлосия, инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.

Бо дарназардошти таклифҳои пешниҳодгардида, Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби кори Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.

Бо дарназардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 10 дақиқа, барои музокираҳо то 5 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 3 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Таклифҳои дигар набошад, онро ба овоз мемонам. Марҳамат.

Қарор қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи иҷлосияро интихоб намоем.

DSC_3117Сухан оид ба ин масъала ба узви Маҷлиси миллӣ Фазлиддин Шоиддинов дода мешавад. Марҳамат.

Фазлиддин Шоиддинов:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба ҳайати котиботи Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ: Низом Қосим (раис), Раҷабзода Ҳусния ва Шукурзода Мурод (аъзо) интихоб карда шаванд.

РАИС: — Оид ба ҳайати котибот ва шумораи он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ҷойҳои муқарраргардидаро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Инчунин, лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи он бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст.

 Таклифу пешниҳодҳои дигар набошад, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул гардид:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷик­ис­тон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷик­ис­тон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии ­хизматчиёни ҳарбӣ»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷик­ис­тон «Дар бораи нотариати давлатӣ»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии ­Тоҷик­ис­тон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад»

14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»

16. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

18. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

20. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд»

21. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор»

22. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нуробод».

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи банди 7 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» пешниҳод гардида, онро 14 майи соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он мусоидат ба шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, ҷоннок намудани сомонаҳои судӣ, шароит фароҳам овардан барои дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва рушди робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма мебошад. Қонун 6 боб ва 26 моддаро дар бар гирифтааст.

Боби 1 меъёрҳои марбут ба муқаррароти умумиро бо шарҳи мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории соҳа, принсипҳо, маҳдудиятҳо, тарзҳо, тартиби пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандаи иттилоотро муайян намуда, дар боби 2, ки моддаҳои 9-11-ро фаро гирифтааст, муносибатҳои марбут ба ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки бевосита аз ҷониби судҳо ба роҳ монда мешавад, мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода, талаботро, аз ҷумла саҳеҳии иттилоот, риояи муҳлат ва тартиби пешниҳоди онро ҳангоми таъмини дастрасӣ ба иттилоот, муқаррар кардааст.

Моддаҳои 12 — 19, ки дар боби 3 оварда шудаанд, тартибу тарзи пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро дар бар гирифтааст, ки тавассути иштирок дар мурофиаҳои судӣ, интишори иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ҷойгир намудани онҳо, аз ҷумла матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо, тартиби дархост намудани иттилоот, инчунин асосҳое, ки имконияти пешниҳоди иттилоотро истисно мекунанд, муайян намудаанд.

Боби 4 аз моддаҳои 20 — 21 иборат буда, он мақсад ва панҷ шакли ҳамкории судҳоро бо воситаҳои ахбори омма ва муайян сохтани намояндаи расмии судҳо оид ба ҳамкориро дарҷ намуда, дар боби 5 (моддаҳои 22 — 24) ҳифзи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ҳалли баҳсҳои марбут ба он ва назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки бояд бевосита аз ҷониби раиси суд амалӣ гардад, муайян карда шудааст.

Дар боби 6, ки бо моддаҳои 25 ва 26 муқаррароти хотимавиро дар бар гирифтааст, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва меъёри дахлдор оид ба тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма, дастрасии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба иттилооти судӣ, инчунин, таҳкими боварии онҳо ба ҳокимияти судӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар партави муроҷиат, раҳнамоӣ ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 аз тарафи чанде аз аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, онро 21 апрели соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили меъёрҳои кодекс ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар самти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим иборат буда, дар ин робита ба қисми 3 моддаи 30 кодекси амалкунанда, пас аз калимаҳои «қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист» калимаҳои «дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» илова карда шуда, дар ин замина, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки нисбат ба онҳо оинномаҳои интизомӣ татбиқ мегарданд, минбаъд ҷавобгарии маъмуриро тибқи асосҳои умумӣ ба зимма доранд.

Бо илова ба сархати чордаҳуми қисми 2-и моддаи 33-и кодекс, муҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросим шаш моҳ муқаррар карда шудааст.

Тибқи такмили санксияи қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 481, барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи яксаду даҳ, ба шахсони мансабдор панҷсаду панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ ҳаштсад, соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин ба андозаи ҳафтсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян гардида, бо ифодаи қисми 3-и он дар таҳрири нав барои дағалона ё дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, инчунин, дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсаду панҷоҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад, ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи нуҳсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва масъулияти шахсони мансабдору уламои дин мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мақсад аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмили боби 40-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин робита, ба диспозитсияҳои қисми 1 моддаҳои 683 (Аз рӯйи даъват ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ) ва 686 (Хабардор накардани уҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ дар хусуси даъват шудан ба комиссариати ҳарбӣ) пас аз калимаҳои «ибтидоии ҳарбӣ» ва «нуқтаҳои ҷамъшавӣ» мувофиқан калимаҳои «гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта» ва калимаи «омӯзиш», инчунин, моддаи 6911 илова карда шудааст.

Тибқи тағйирот ба санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаҳои 687, 689 ва қисми 1 моддаи 691 ҷавобгарӣ барои сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии ҳарбӣ ба уҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ заруранд, инчунин, риоя накардани қоидаҳои баҳисобгирии ҳарбӣ ва саркашӣ кардан аз муоинаи тиббии шаҳрвандони синни даъватӣ ҷавобгарӣ пурзӯр карда шудааст.

Моддаи 6911-и иловашуда нисбат ба шаҳрвандони синни даъватӣ (даъатшаванда) барои қасдан саркашӣ намудан аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ҷаримаро ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян кардааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҷалб намудани шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ буда, бо сабаби илова шудани моддаи 6911 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили муқаррароти алоҳидаи кодекси амалкунанда ба роҳ монда шудааст.

Бо ин асос минбаъд комиссариатҳои ҳарбӣ дар доираи ваколат ва бо дарназардошти моддаи 132-и кодекс парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 683-6911 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои тавсеаи амалияи мурофиавӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» мегузарем. Сухан оид ба ин масъа­ла ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 7 апрели соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он ҳавасмандгардонии шаҳрвандону сарбозон, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо кардаанд, инчунин, хизматчиёни ҳарбие, ки онро ба таври намунавӣ дар муддати 12 моҳ адо карда истодаанд, иборат буда, дар ин робита, бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 17 қисми 6 илова шуда, қисмҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 мувофиқан қисмҳои 7, 8, 9, 10 ва 11 ҳисобида шудаанд. Тибқи илова, ин категорияи шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд бо шарти ҷавобгӯ будан ба талаботи қабул ба таҳсил, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҳарбӣ бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз тариқи гузаронидани суҳбат қабул карда мешаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҷалби бештари шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани мартабаи хизматчии ҳарбӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом қабул гардида, бо ин васила, номи моддаи 5, ки назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалиро муайян намудааст, такмил дода шуда, қисми 6 моддаи мазкур дар таҳрири нав ифода гардида, бо он пешбинӣ шудааст, ки тартиби назорати санҷиши фаоълияти нотариалӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

Иваз намудани калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба аломат ва калимаҳои «, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» дар сархати сеюми қисми 3-и моддаи 10 ва ба ҳамин модда илова гардидани қисми 7 минбаъд пешниҳод намудани маълумот (ҳуҷҷат) ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар бораи аҳд ва амалиётҳои дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 28-и қонуни мазкур муайяншуда ҳамчун ошкорсозии сирри амалиёти нотариалӣ ба ҳисоб намеравад.

Бо ифодаи сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 28 дар таҳрири нав пешбинӣ шудааст, ки нотариусҳои давлатӣ оид ба амалиётҳои шубҳаноке, ки вобаста ба ҳаҷми калони маблағҳои пулӣ, ки баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он, инчунин, амалиёти аҳдҳо оид ба молу мулки ғайриманқул ва қоғазҳои қиматнок баробар ба 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он иборат аст, бояд ба мақоми ваколатдори давлатӣ хабар диҳанд. Амалиёту андозаҳои зикршуда, ки таҳти назорати ҳатмӣ қарор гирифтаанд, аз талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» маншаъ гирифтааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии маблағгузории фаъолияти террористӣ ва таҳкими мубориза бар зидди терроризм мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

 Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва Гулбаҳор Ашурзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 апрели соли 2021 қабул намуд.

Он бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳо ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «Дар бораи маориф» қабул гардидааст.

Бо ин мақсад ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум, ки фарогири мафҳумҳо оид ба «бекорӣ», «кори мувофиқ» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ» мебошанд, дар таҳрири нав илова карда шудаанд.

Тибқи тағйиру иловаҳои ворид­гардида, минбаъд кормандони ба кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғулбуда ба гурӯҳи аҳолии шуғлнок ё ба он баробаркардашуда мансуб мегарданд.

Илова бар ин, ба баъзе аз моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

 Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 майи соли 2021 қабул намуд.

Мақсад муайян ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти дахлдор дар соҳаи ғалла ва маҳсулоти коркарди он буда, дар ин доира ба моддаҳои 1, 8, 16 ва 19 қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки онҳо ҷиҳати бартарафсозии гуногунфаҳмӣ дар асоси мушаххас кардани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти ғалла, бехатарии озуқавории ғалла ва маҳсулоти коркарди он нигаронида шудаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрели соли 2021 қабул намуд.

Он бо мақсади бартараф намудани мухолифату камбудиҳои ҷойдошта дар қонуни амалкунанда қабул гардидааст.

Бо ин мақсад моддаи 9 қонуни амалкунанда ба 2 зербанд ҷудо гардидааст, ки ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи чарогоҳро муайян менамояд.

Тағйиру иловаҳои воридгардида минбаъд салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатиро ҷиҳати батанзимдарории чарогоҳҳо бештар намуда, имконият фароҳам меорад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳҳоро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Илова бар ин, ба баъзе аз моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Д. Раҳмон ва Р. Муқимӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 майи соли 2021 қабул кардааст.

Он бо мақсади мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани чораҳои пешгирикунанда ҳангоми ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо оид ба баргузории ҷашну маросим ва мутобиқ намудан ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иборат буда, бо тағйир ба қисми 3 моддаи 1 амали қонун нисбат ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ татбиқ карда шудааст.

Бо тағйир ба қисми 6 моддаи 10 меъёр бобати бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ба таври саҳеҳ ифода гардида, калимаву ибораҳои алоҳида, ки дар қисмҳои 1, 2 ва 4 моддаи 51, қисми 1 моддаи 6 ва қисми 2 моддаи 7 бо мафҳуму истилоҳҳои якхела иваз карда шудаанд, хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва танзимкунанда доранд.

Ҳамчунин, номи боби 41 дар таҳрири нав ифода гардида, моддаи 142 илова гардидааст, ки тибқи он, дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» мегузарем.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 апрели соли 2021 қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад муқаддимаи қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардида, ба 10 моддаи қонун тағйироти дахлдор ворид карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, моддаи 2-и қонуни амалкунанда низ дар таҳрири нав ифода гардида, дар он мафҳумҳои «корфармо», «иттиҳодияи корфармоён» ва «созишнома» пурра шарҳ дода шуда, инчунин, бо мақсади дуруст номгузорӣ намудани иттиҳодияҳои корфармоён моддаи 91 илова карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ пешниҳод гардида, онро 21 апрели соли 2021 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсад аз он рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва тартиби истифодаи онҳо буда, 7 боб ва 60 моддаро дар бар гирифтааст. Дар боби 1 меъёрҳо вобаста ба муқаррароти умумӣ муттаҳид гардида, дар он мафҳумҳои асосӣ, намуд, ном ва индекси (шохиси) роҳҳои автомобилгард, инчунин, қоидаҳои ҳисоби масофа ва Феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард пешбинӣ карда шудаанд.

Боби 2 бо фарогирии моддаҳои 14-19 муносибатҳои марбут ба идоракунии давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдориро танзим намуда, низоми идоракунӣ, салоҳияту ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муайян ва фаъолияти роҳдориро бо иҷозатномадиҳӣ ба баъзе аз намудҳои фаъолият ва низоми иҷозатдиҳӣ асос намуда, гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаро пешбинӣ намудааст.

Боби 3 марбут ба асосҳои иқтисодии фаъолияти роҳдорӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард бахшида шуда, идоракунии молу мулки роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, маблағгузории роҳҳои автомобилгард, қоидаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, инчунин, ташкили низоми баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии онро танзим намудааст.

Боби 4 масъалаҳои марбут ба додани қитъаҳои замин барои ҷойгиркунии роҳҳои автомобилгард, тартиби истифодабарии замини роҳҳои автомобилгард, талабот нисбат ба қисми ҳамшафати роҳ ва истифодаи он, инчунин, минтақаи захиравии замини роҳҳои автомобилгард барои сохтмон ё азнавсозии роҳҳои автомобилгардро фаро гирифта, боби 5 аз моддаи 41 то моддаи 56 муайян намудани тартиби истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайриумумро ба соҳибони роҳҳо вогузор карда, шартҳои ташкил, истифода ва пардохти роҳҳои автомобилгарди музднок, ки тибқи шартномаи консессия роҳандозӣ мегардад, инчунин, ташкилу истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднок, қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони роҳҳои масъулияти субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ, ба назар гирифтани сарборӣ, андоза ва суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ҳолатҳои маҳдудият ва манъи ҳаракат дар роҳҳои автомобилгардро пешбинӣ намудааст.

Боби 6 муқарраротро доир ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи роҳҳои автомобилгард муайян ва боби 7 масъалаҳои марбут ба ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро инъикос кардааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикис­тон мутобиқ буда, барои татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, рушди роҳсозӣ ва такмили фаъолият мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» мегузарем. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро 28 апрели соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда дар робита бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо инобати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», ки танзими коғазҳои қиматноки давлатиро пешбинӣ накардааст, иборат буда, ҷиҳати таъмин намудани ҷараёни идоранамоии қарзи давлатӣ ва қарзи бо кафолати давлатӣ гирифташуда, ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба моддаҳои 2, 5 ва 10 муайян намудааст.

Тибқи тағйирот аз моддаҳои 2 ва 5 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шуда, ба қисми дуюми моддаи 5 банди 9 илова гардидааст, ки мазмунан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани қоидаҳои барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд.

Инчунин, бо илова ба моддаи 5, пешбинӣ гардидани қоидаҳои барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моддаи 10 қисми ҳафтум хориҷ карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таҳкими сиёсати молиявӣ ва муомилоти коғазҳои қиматноки давлатӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрели соли 2021 қабул намуд.

Мақсад аз он такмили меёърҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда, дақиқнамоии манбаи пардохтҳои ҳатмии ситонидашаванда буда, дар ин замина, меъёрҳои ба моддаи 5 иловашуда, манбае, ки ба он тибқи боби 212 маблағ барои додани иҷозат барои сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт пардохт карда мешавад, муайян карда шудааст.

Бо дарназардошти ин ва васеъ намудани доираи имтиёз аз пардохт, аз моддаи 823 калимаҳои «ва иншооти тиҷоратӣ» хориҷ ва дар моддаи 82 қисми 1 дар таҳрири нав ифода ёфта, ба он қисми 3 илова карда шудааст.

Тибқи тасҳеҳоти мазкур, минбаъд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми сохтмони бино ва иншооти маъмурию иҷтимоӣ, инфрасохтори муҳандисию нақлиётӣ, корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, савдою хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ, иншооти сайёҳӣ, анборӣ, фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ, таъиноти махсус ва ҳарбӣ аз супоридани пардохт озод карда мешаванд. Илова ба ин, аз чунин пардохт, шахсоне низ озоданд, агар онҳо бо ташаббус объектҳои барои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва ободонии пойтахт заруриро сохта, ба моликияти давлат месупоранд, ба шарте агар арзиши объектҳо аз меъёри пардохт кам набошад.

Дар акси ҳол, яъне ҳангоми кам будани маблағи бо меъёри муайяншуда, механизми ҳисоббаробаркунии бақияи пардохт аз рӯи маблағи умумии пардохтҳои ҳатмӣ аз ҳисоби объектҳои сохташаванда ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин, ба моддаҳои 825, 826 ва 827 калимаҳои «истиқоматӣ, масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда ва иншооти тиҷоратӣ» ба калимаҳои «истиқоматӣ ва масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда» иваз карда шудаанд, ки идомаи мантиқии тағйиру иловаҳои зикршуда ба ҳисоб мераванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои рушди пойтахт ва таъмини рӯзафзуни сокинону меҳмонони он ба инфрасохторҳои нақлиётӣ, маишӣ ва иҷтимоиву тиббӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мегузарем.Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2021 қабул кардааст.

Мақсад аз такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва муқовимат ба коррупсия иборат буда, бо иловаи сархатҳои дувоздаҳум ва сездаҳум ба моддаи 5, ки ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатиро муқаррар намудааст, пешбинӣ шудааст, ки он тибқи тартиби бо мақомоти ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда муайяннамудааш санҷиши фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродиро оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мегузаронад ва ҳангоми аз ҷониби онҳо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ чораҳои дахлдорро меандешад.

Ҳамчунин, бо дарназардошти муқовимат ба коррупсия, ба қисми 6 моддаи 9, ки маҳдудиятҳоро нисбат ба шахсоне, ки наметавонанд ба фаъолияти аудиторӣ машғул шаванд, дар бар гирифтааст.

Тибқи иловаи мазкур, шаҳрвандон наметавонанд ба фаъолияти аудиторӣ машғул шаванд, роҳбар ё узви мақомоти идоракунӣ, молик – бенефитсиар ё муассиси ташкилоти аудиторӣ бошанд, ба шарте агар онҳо барои ҷиноятҳои беэҳтиётӣ доғи судӣ доранд ё барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шудаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод шуда бошанд.

Иваз намудани калимаҳо дар моддаҳои 10, 12 ва 25 хусусияти муайян ва мутобиқкунанда дошта, онҳо бо дарназардошти истилоҳи якхелаи ҳуқуқӣ такмил дода шудаанд.

Илова ба моддаи 24, ки дар намуди қисми 8 ифода шудааст, муддати нигоҳдошти хулосаи аудиторӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба онро на кам аз панҷ сол муайян кардааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, муқовимат ба коррупсия ва баланд кардани масъулияти аудиторон мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем, он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Р. Аҳмадзода, Ё. Файзов, Қ. Ҳакимзода, Д. Раҳмон ва Ф. Раҳимӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2021 қабул намудааст.

Он бо мақсади татбиқи дастур ва нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати мусоидат намудан барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун ва мушаххас намудани вазифа ва салоҳиятҳои алоҳидаи Маҷлиси Олӣ баён намуданд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо ҳамин мақсад, ба қонуни амалкунанда моддаи 22 илова гардидааст, ки он принсипҳои фаъолияти Маҷлиси Олиро муайян намуда, илова ба қисмҳои дахлдори моддаҳои 4, 9 ва 17 бошанд, меъёрҳо бобати қабули Дастури ҷаласаҳои якҷоя, Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон, инчунин, тартиби даъват ва гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ва иҷлосияи Маҷлиси миллиро муқаррар менамоянд.

Ҳамчунин, дар доираи қонуни зикршуда, дар моддаҳои 19, 24, 28 ва 46-и қонуни амалкунанда калимаву ибораҳои алоҳида бо истилоҳҳои якхелаи ҳуқуқӣ иваз карда шуда, тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 27 ва 28-и қонуни амалкунанда меъёрҳои вобаста ба салоҳият ва фаъолияти Шӯрои Маҷлиси миллиро такмил медиҳанд.

Илова бар ин, моддаҳои 691, 692 ва 693 бо фарогирии масъалаҳои марбут ба нашрияҳои расмии Маҷлиси Олӣ, сомонаи расмии интернетии Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва номгӯйи маълумоту иттилооте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомона ҷойгир карда мешаванд, инчунин, доир ба қароргоҳи расмии Маҷлиси Олӣ илова шудаанд.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Р. Аҳмадзода, Ё. Файзов, Қ. Ҳакимзода, Д. Раҳмон ва Ф. Раҳимӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2021 қабул намудааст.

Он бо мақсади иҷрои дастур ва нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 баён намуданд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсад аз қабул намудани қонуни мазкур, мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, инчунин, мутобиқ намудани он ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мебошад.

Мутобиқи қонуни мазкур ба ном, матн ё қисмҳои алоҳидаи моддаҳои 7, 13, 14, 16, 18, 19, 20 ва 21 калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шуда, қисми якуми моддаи 11 такмил дода шуда, тибқи он, таклифи қонунгузорӣ ҳамчун намуди ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пазируфта шудааст.

Ном ва ҷумлаи якуми моддаи 17 бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав ифода гардида, вазифаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро дар мавриди баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мушаххас намуда, андешидани чораҳои заруриро барои дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл шудани онҳо аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон тақозо менамояд, инчунин, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ҷиҳати бартараф намудани сабабҳои шикоят пешниҳод намудани таклифҳоро пешбинӣ намудааст.

Тағйирот ба моддаҳои 24 ва 35 бо дарназардошти хусусиятҳои қонунгузорӣ дар бораи нафақа ва қонунгузории мурофиавӣ ворид карда шудаанд.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мегузарем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Р. Аҳмадзода, М. Мирзозода ва Б. Ҷабборӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2021 қабул намудааст.

Мақсад мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, инчунин, мутобиқ гардонидан ба талаботи имлои забони тоҷикӣ буда, дар робита ба ин, моддаи 6-и қонуни амалкунанда, ки меъёрро бобати муносибатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот пешбинӣ намудааст, дар таҳрири нав ифода гардидааст.

Мутобиқи он мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба амалӣ намудани вазифаи он мусоидат менамояд ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, кумаки ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ мерасонад ва инчунин, метавонанд татбиқи баъзе аз ваколатҳоро ба мақомоти шаҳрак ва деҳот вогузорад ва дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо мусоидат намояд.

Ҳамчунин, дар доираи қонуни мазкур дар моддаҳои 10 ва 14-и қонуни амалкунанда калимаҳои алоҳида иваз карда шуда, ба қисми сеюми моддаи 31-и қонун, ки даромадҳои ғайриандозии буҷети маҳалро муайян менамояд, сархати чорум бо мазмуни «даромад аз рекламаи беруна» илова карда шудааст.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­роту илова ба Қонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» мегузарем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 апрели соли 2021 қабул намудааст.

Мақсад мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, инчунин, мутобиқ гардонидан ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мебошад.

Ҳамин тавр, аз моддаҳои 3, 13, 22, 23, 25, 35 ва 37 калимаи («Сарқонун») хориҷ карда шуда, дар моддаҳои 12, 17, 35 ва 39 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» ва дар қисми 5 моддаи 39 калимаҳои «аккредитатсия карда» ба калимаҳои «ба қайд гирифта» иваз карда шуданд.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд» мегузарем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 таҳти №208 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷонибдорӣ карда шудааст.

Зарурати иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, пеш аз ҳама, мутобиқатнамоӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, маълумоти зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд пешниҳод шудаанд. Аз ин лиҳоз, пешниҳоди зикршударо оид ба иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қобили дастгирӣ ҳисобида, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

 РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

 Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор» мегузарем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 РАҲИМӢ Фарҳод:

 - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 таҳти №109 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ­ноҳияи Сангвор»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор ҷонибдорӣ карда шудааст.

Зарурати иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор, пеш аз ҳама, пешгирии такрорёбии ном дар ноҳия мебошад.

Маълумоти зарурӣ, тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо, оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор пешниҳод шудааст.

Аз ин лиҳоз, пешниҳоди зикршударо оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор қобили дастгирӣ ҳисобида, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нуробод» мегузарем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 таҳти №164 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нуробод»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод оид ба иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳия ҷонибдорӣ карда шудааст.

Зарурати иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нуробод, пеш аз ҳама, мутобиқатнамоӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, маълумоти зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод пешниҳод шудаанд.

Аз ин лиҳоз, пешниҳоди зикршударо оид ба иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нуробод қобили дастгирӣ ҳисобида, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нуробод» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи банди 103-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси котибот Низом Қосим дода мешавад. Марҳамат.

 Низом Қосим:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

 Ба унвони Иҷлосияи ҳафтуми ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум нома ва ё дархост ворид нагардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Доир ба рафти он таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.

Ба шумоён — аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ, саломатӣ ва барори кор таманно дорам.

Бо ҳамин Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин Асоев,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев