Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, самараи боғи пурфайзи ваҳдат аст, зеро он баъд аз Истиқлолияти кишвар ва татбиқи амалии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт.
Ректори он Диловаршо Исозода доир ба самараи ваҳдати миллӣ гуфт:
- Дар ҳама давру замон дар кураи замин даргириҳои гуногуни қавмию нажодӣ, динию фарҳангӣ ва сиёсӣ арзи вуҷуд дошт. Ҳалли мусолиҳаомези ҷангҳои бамиёномада, роҳу усулҳои расидан ба сулҳ низ бо шаклҳои гуногун мавриди амал қарор дода мешуданд. Дар ин раванд Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки насиби мардуми мо гардид, ҳамто надорад. Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки асосгузораш Сарвари давлат мебошанд, маҳз аз вуҷуду тафаккури ҳикматангези тоҷикона рӯи кор омадаву оламшумул гардид. Барои расидан ба ваҳдату якдилӣ аъзои Ҳукумати конститутсионӣ бо мухолифин зиёда аз 21 маротиба ба таври расмӣ ва даҳҳо маротиба ғайрирасмӣ музокираю гуфтушунидҳо кардаанд, ки ҳар яки он бо мушкилии зиёд рӯ ба рӯ мегардид. Бо вуҷуди ин, барои орому осуда гардидани вазъияти баамаломада ва аз коми ҷангу даргириҳо берун овардани Тоҷикистон роҳбарияти давлат аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуданд.
Хушбахтона, ваҳдати миллӣ ғояи ягонаи мардуми Тоҷикистон гаштаву азму талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи нек дод.
Ҳоло бо қадамҳои устувор сӯи ҳадафҳои стратегии ҳукумат равонем. Синаи кӯҳҳои осмонбӯсу мушкилгузарро шикофта, кушодани нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Чормағзак», инчунин, бунёди роҳҳои пайвандгари Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсояи Чин, Афғонистон, Қирғизистон, ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе — Ёвон самараи сулҳу ваҳдат аст.
Ҳадафи дигар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад, ки дар ин самт ҳам корҳои зиёд аз тарафи Ҳукумати мамлакат амалӣ гардид.
- Ҳоло тамоми неруи созанда барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона гардидааст ва комилан боварӣ дорем, ки агрегатҳои он тибқи нақшаи тарҳрезишуда ба истифода дода мешаванд, — гуфт ректори ДЭТ ва афзуд: — Чӣ тавре ки маълум аст, обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар тӯли солҳо пур мегардад. Бунёди обанбори Роғун сатҳи барқароршавии пиряхҳоро, ки солҳои охир бо сабаби гармшавии кураи замин обшавии онҳо афзудааст, нигоҳ медорад. Инчунин, норасоии барқ пурра барҳам мехӯрад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо давлатҳои Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон лоиҳаи хатти баландшиддати «CASA — 1000» — ро тарҳрезӣ намуда, сохтмонашро оғоз бахшидааст. Дар натиҷаи сохтани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва рушди минбаъдаи соҳаи энергетикӣ бевосита дар бозори фурӯши барқи минтақаи Осиё яке аз содироткунандагони бузург хоҳем гардид. Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат дар бораи табдил додани Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба аграрию индустриалӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Истеҳсоли барқи фаровону арзону безарар барои коркарди пурраи маҳсулоти хоми ватанӣ, пешрафти саноати сабуку вазнин заминаи мусоид фароҳам меорад.
Воқеан, ҳама пешравию дастовард ва хони пурнозу неъмати аҳли кишвар аз осоишу амният ва ваҳдату ягонагӣ аст. Ба ибораи дигар, ваҳдат меҳру муҳаббат дар хонадон ва саодати зиндагист. Биёед, ҳама сарҷамъ шукргузори саодати зиндагӣ ва сарсабзии Ватани аҷдодӣ бошем.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»