Башарият ба ваҳдат ниёз дорад

№83-84 (4345-4346) 26.06.2021

Ҳар давру замон мушкиливу монеаҳои хос дорад, ки барои зиндагии осоиштаи инсоният халал мерасонанд. Агар дар асри ХХ мавҷудияти блокҳои муқтадири низомиву ҷангҳои шадиди ҷаҳонӣ, инчунин, қаҳтиву бенавоиро проблемаи асосӣ ҳисобидан мумкин бошад, пас дар асри ХХI мушкилиҳо фарқ доранд.

Яъне, дар асри ҷорӣ пешорӯи инсоният як қатор проблемаҳо пайдо шудаанд, ки камтар аз ҷангҳои ҷаҳонии якуму дуюм нестанд. Ҳоло дар дунё масъалаи устувор нигоҳ доштани амнияту осоиштагӣ муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро ҳар гуна фитнаву дасисаҳои дохиливу хориҷӣ фаъол мебошанд, ки кӯшиши заифсозии сиёсатҳо ва бақои давлатҳоро доранд. Албатта, вақте ки фитнаву дасиса мегӯем, ба зеҳн, пеш аз ҳама, ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ мерасанд, ки аз номи арзишҳои маънавии башарият баромад карда, оламро ғарқи хуну ваҳшоният кардаанд.

Ба ибораи дигар, фаъол шудани терроризму экстремизм яке аз мушкилиҳои асосии замон ба ҳисоб рафта, бе истисно, ба олам таҳдид мекунад. Сарчашмаи пайдоиши терроризм, фаъол шудани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва паҳн гаштани ақидаи ифротӣ, бешакку шубҳа, ҷаҳолату бесаводист. Маҳз бесаводӣ, тафаккури иртиҷоӣ, дармондан ба хурофоту одатҳои ношоиста тавлидкунандаи экстремизм ва терроризм гаштааст. Муқовимат бо ин мушкилӣ бошад, танҳо бо роҳи баланд бардоштани шуури мардум имконпазир аст.

Роҷеъ ба масъалаи маҳви бесаводӣ ва ҷаҳолату хурофотзадагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш таъкид мекунанд. Бахусус, зимни яке аз суханрониҳо чунин гуфтанд: «Аксари онҳое, ки дар нооромиҳои Сурия иштирок доранд, саводи дурусти мактабӣ надошта, афродеанд, ки аз тарбия комилан дур мондаанд». Ин маънои онро дорад, ки бесаводӣ инсонро ба золиму бераҳм табдил дода, метавонад аз дарранда ҳам даҳшатноктар гардонад. Ин аст, ки ҳоло ҳамин турфа одамон гӯшаҳои алоҳидаи ҷаҳонро ба харобот табдил дода, мехоҳанд барои башарият низоми нав ҷорӣ кунанд.

Албатта, дар муқобили он одамони бераҳму шафқат, гурӯҳҳои даҳшатафкану тарсовар башарият бояд беш аз пештара муттаҳид шавад. Давлатҳои алоҳида низ бетарафӣ ва рафтору муносибати духӯраро канор гузоштаву якмаром гарданд, зеро бо иттиҳоду якдилӣ ҳама гуна мушкиливу монеаро бартараф кардан имкон дорад.

Як намунаи хуби иттиҳоду ҳамбастагиро дар мисоли кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай метавон мушоҳида кард, ки нисбат ба қазияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон якдилона рафтор мекунанд ва муродашон ҳам он аст, ки ба кишвари ҷанг­зада ҳар чӣ зудтар сулҳу осоиштагӣ фаро расад. Ин ҳам, албатта, мисоли иттиҳоди кишварҳо ба хотири маҳви терроризм ва таъмини муҳити осоишта дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Ҳамин гуна иттиҳоду якдилии давлату миллатҳо бояд нисбат ба масъалаҳои глобалӣ низ пурзӯр гардад, зеро дар сурати пароканда рафтор кардан ба мушкилоти инсоният пирӯз омадан чандон осон муяссар намешавад. Яъне, дар баробари муттаҳид будан дар масоили дохилиашон кишварҳо бояд ба масъалаҳои мубрами арсаи байналмилалӣ низ муттаҳид бошанд. Вагарна ҷомеаро ихтилофу, парокандагӣ, ба монанди вирус аз дохил заиф гардонида, аз пой меафтонад.

АБДУРАҲИМЗОДА Дилором Рустам,

судяи Суди конститутсионӣ