Масъалаи аз Афғонистон баромадани низомиёни ИМА дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор дорад.
Мувофиқи иттилои Сомонаи «EA Daily», аз моҳи октябри соли 2001 то ин дам хароҷоти низомии ИМА дар Афғонистон 882 миллиард долларро ташкил дода, дар ин муддат 2300 низомии амрикоӣ ба ҳалокат расида, 21000 нафар захмӣ шудаанд. Бино ба қавли директори лоиҳаи «Арзиши ҷанг» Нета Кроуфорд, якҷо бо кумаки тиббӣ ба собиқадорони ҷанг, нафақаи онҳо, хароҷоти вазоратҳо ба заруриёти низомӣ ва фоизҳои вомбаргҳои низомӣ қариб ба 2 триллион доллар мерасад.
Мутаассифона, ҳузури 20 — солаи низомиёни Амрико ва НАТО вазъиятро дар кишвари азияткашида муътадил гардонида натавонист.
Вақте ҳолати кунунии Афғонистонро бо вазъи солҳои навадуми асри гузаштаи Тоҷикистон муқоиса мекунем, касро эҳсоси шукру ифтихор фаро мегирад, зеро дар кишвар аз соли 1992 бо дасисаи душманони дохилию хориҷӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, боиси талафоти ҷонию молии зиёд гардид. Кор ба ҷое расид, ки ҳатто мавҷудияти ҷумҳурии тозаистиқлол зери хатар афтод.
Хушбахтона, дар чунин вазъияти ҳассосу душвор бо мусоидати неруҳои хайрхоҳу ватандӯст дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Дар он намояндагони мардумӣ якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Пешвои миллат дар нахустин суханронии баъд аз Сарвари давлат интихоб шудан чунин гуфтанд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварамон сулҳу оромӣ меорам».
Бо мақсади истиқрори сулҳу амният бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат аз соли 1994 то июни соли 1997 бо ҷониби мухолиф 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ сурат гирифт. Сарвари давлат дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 ҳуҷҷат имзо гузоштанд. Дар натиҷаи кӯшишу талошҳои зиёд 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик дар ҳузури роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Мувофиқи маълумоти профессор Абдураҳим Холиқзода, то расидан ба ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханронии расмӣ, мусоҳиба ва табрикот кардаанд. Дар онҳо Пешвои миллат бевосита аз ризояти миллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат карда, ҷангу муноқишаро маҳкум ва муттаҳидсозии миллатро пайгирӣ намудаанд.
Тинҷию осудагие, ки аз баракати ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон пойдор гардид, ба бунёди сохтмонҳои азим, равнақи самтҳои гуногуни иқтисодиёт, рушди робитаҳои бисёрҷониба бо мамолики дунё пояҳои мустаҳкам гузошт.
Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Ҷанги шаҳрвандӣ дастгоҳҳои идоракунии давлатӣ, хусусан дастгоҳҳои ҳифзи ҳуқуқро фалаҷ гардонд. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон фаъолияти сохторҳои суду прокуратура, амният ва умури дохилӣ беҳтар шуда, тартибот ҷорӣ гардид. Ҳоло Тоҷикистон яке аз амнтарин кишварҳои минтақа ва ҷаҳон маҳсуб ёфта, обрӯю нуфузи он торафт дар миқёси байналмилалӣ баланд меравад. Акнун вазифаи ҳар як шаҳрванд бояд ҳифзи ваҳдату субот ва дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ бошад.
Пешвои миллат дар ин хусус чунин таъкид намудаанд: «Халқи тоҷик даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рӯзҳои сахту сангин ва хисороти гарони онро фаромӯш накардааст. Аз ин хотир, ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрро ҳамеша ба ҷо орем, соҳиби Ватан буданро аз ҳар чизи дигар авлотар донем».
Воқеан, ваҳдати миллӣ барои мардум асоси оромиву осудагии кишвар ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа ба шумор меравад.
Ҳотам РАҶАБЗОДА,
раиси Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, полковники адлия