Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Зуев

№39 (3185) 18.04.2014

зуев

18 апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо баррасӣ шуд.

Александр Зуев доир ба натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соли 2013 ва нақшаҳо барои соли равон гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки бунёди озмоишгоҳи инноватсионии бемориҳои сироятӣ ва се шифохонаи бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи маориф, идомаи безарарсозии мина ва дигар моддаҳои тарканда, ки дар гӯшаҳои алоҳидаи Тоҷикистон аз замони муноқишаҳои дохилӣ боқӣ мондаанд, аз натиҷаҳои асосии ҳамкории муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон аст.

Тавре зикр гардид, тавассути роҳандозии усулу василаҳои нави безараргардонии моддаҳои тарканда дар соли 2013 он қадар аз ин мавод безарар гардидааст, ки нисбат ба ҳашт соли пешин 40 фоиз зиёд аст.

Ба нақши Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба об баҳои баланд дода шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки оянда низ ҳамгироии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид пурсамар хоҳад буд.

www.president.tj