шаҳри Душанбе, 29 июни соли 2021
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 — 29 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Сарони давлатҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд, инчунин перомуни рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Бо изҳори вафодорӣ ба принсипҳо ва уҳдадориҳое, ки дар Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикӣ аз 26 майи соли 2004 сабт гардидаанд, ба мақсади минбаъд идома додани рушди муколамаи байнидавлатӣ дар асоси баробарӣ, эҳтироми мутақобила ва дӯстӣ, сарони давлатҳо нуктаҳои зеринро баён менамоянд:
1. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асоси робитаҳои бисёрасраи таърихӣ ва арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва маънавӣ ташаккул ёфтаанд.
2. Роҳбарони давлатҳо бо дарки масъулияти баланд барои ҳифзи риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ тасмим гирифтанд, ки муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро батадриҷ густариш диҳанд.
3. Президентҳо таъкид карданд, ки ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳ дода нашавад, ба ин манзур риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистанд.
Президентҳо изҳори азм намуданд, ки муколамаи созанда бар асоси шартҳои аз ҳар ду ҷониб пазируфташавандаро бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар ва ҳалли масоили бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ бунёд созанд.
4. Сарони давлатҳо масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо суръат бахшидан ба музокирот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли барои ҳар ду ҷониб пазируфташаванда дар чаҳорчӯбаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро қайд намуданд.
Президентҳо итминон доранд, ки принсипҳои дӯстию ҳусни ҳамҷаворӣ, ки бар пояи он мардумони тоҷик ва қирғиз аз қадимулайём зиндагӣ ва бунёд мекарданд, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаи барои ҳар ду ҷониб қобили қабул мусоидат менамоянд.
5. Роҳбарони давлатҳо идома додани кӯшишҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайраро таъкид намуданд. Дар ин робита аҳамияти баргузории мунтазами мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳоро, ки ба ташаккули фазои нави ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат мекунанд, қайд карданд.
Ба мақсади такони нав додан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини субот дар минтақа омодагии худро барои мусоидати муштарак ба бастани Аҳдномаи панҷҷониба дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ дар асри XXI баён намуданд.
6. Сарони давлатҳо таъкид намуданд, ки барои рушди муколамаи байнидавлатӣ василаҳои зарурии ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ таъсис дода шудаанд.
Тавофуқ ҳосил шудааст, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар нимаи дуюми соли 2021 дар Қирғизистон баргузор гардад.
7. Президентҳо муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Қирғизистонро муҳим арзёбӣ намуданд.
8. Сарони давлатҳо коҳиш ёфтани ҳаҷми тиҷорати мутақобиларо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қайд карданд. Дар ин замина, изҳор карда шуд, ки тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати истифодаи имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ андешида шаванд. Зарурати ташкили сафарҳои ҳайатҳои иқтисодии тарафайн бо супориши махсус, намоишгоҳҳо дар самтҳои авлавиятноки иқтисод ва ҳамоиши соҳибкорон таъкид гардид.
9. Президентҳо аз идомаи қочоқи мол дар минтақаҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори нигаронӣ карданд. Ҷонибҳо бар онанд, ки чунин ҳолат ба муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ зиён меорад.
10. Президентҳо зарурати роҳандозӣ намудани робитаҳои байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро таъкид намуданд. Қайд карда шуд, ки минтақаҳои ду кишвар дорои имкониятҳои кофӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маҷмааи агросаноатӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва илмиву техникӣ мебошанд.
11. Ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, бо дарназардошти тамоюлҳои манфии тағйирёбии иқлим ва уҳдадориҳо дар доираи Созишномаи Париж, сарони давлатҳо омодагиро ҷиҳати дастгирии мутақобилаи ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар роҷеъ ба баҳрабардорӣ аз неруи бузурги гидроэнергетикии ду кишвар барои таъмини минтақа ва берун аз он бо энергияи қобили таҷдиди аз лиҳози экологӣ тоза, иброз намуданд.
12. Роҳбарони давлатҳо тавофуқ намуданд, ки фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷониба роҷеъ ба истифодаи захираҳои обро барқарор намоянд.
13. Президентҳо аҳамияти идома додани ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар самти амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ, аз ҷумла сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000-ро таъкид намуданд.
14. Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои шаҳрвандони қирғизтабори Тоҷикистон ва шаҳрвандони тоҷиктабори Қирғизистон шароити мусоиди зист фароҳам месозанд.
15. Президентҳо бештар фаъол намудани ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии мардумони Тоҷикистону Қирғизистонро тариқи баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, ки ба наздик гардонидани мардумони ду кишвар ва таҳкими равобити байни миллатҳо ва фарҳанги мардумони ду кишвар мусоидат менамояд, муҳим арзёбӣ намуданд.
16. Сарони давлатҳо ҷонибдори таҳкими мақоми СММ ҳамчун сохтори фарогири байналмилалӣ ва саҳнаи асосии ҳалли масъалаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ, инчунин, нақши марказии ҳамоҳангсозии он дар корҳои байналмилалӣ мебошанд.
17. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обро ҷонибдорӣ карда, қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор солҳои 2018-2028»-ро ёдоварӣ намуд.
18. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабули қатънома зери унвони «Табиат бидуни марз: ҳамкории фаромарзӣ – омили асосии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ», ки бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи умумии СММ пешниҳод гардида буд, ҷонибдорӣ намуд.
19. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ мекунад.
20. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Ҷумҳурии Қирғизистонро ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ барои солҳои 2023-2025 дастгирӣ намуд.
21. Ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту форумҳои байналмилалӣ идома меёбанд.
22. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2020-2021-ро дастгирӣ намуда, аҳамияти махсуси пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ва татбиқи авлавиятҳоро дар соли ҷашнии ин Созмон таъкид намуд.
23. Президентҳо баргузор шудани Нахустин форуми Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказиро моҳи ноябри 2021 дар шаҳри Бишкек дар сатҳи сарвазирони Осиёи Марказӣ ва намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо бо хушнудӣ пазируфтанд.
24. Сарони давлатҳо аз вазъи кунунии ҳарбию сиёсии Афғонистон дар робита ба хуруҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ, инчунин, фаъол шудани унсурҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ, изҳори нигаронӣ карданд.
25. Роҳбарони давлатҳо бо қаноатмандӣ натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намуда, изҳори боварӣ доранд, ки музокироти баргузоршуда ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба саҳм гузошта, такони тоза мебахшад.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарм изҳори сипос намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои анҷом додани сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон даъват намуд. Даъват бо изҳори сипос қабул гардид. Таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
Садир Жапаров