Мулоқот бо узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Го Шенкун

№39 (3185) 18.04.2014

123

18 апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Хитой дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ боло рафтани муносибатҳои Тоҷикистону Хитой барои рушд ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлу, аз ҷумла дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, имконоти фарох ба миён овардааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки моҳи майи соли 2013 аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Хитой — Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ ба имзо расида буд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун шарики стратегии Хитой ва узви фаъоли Созмони Ҳамкории Шанхай нақши муносиби худро дар таъмини муштараки сулҳу амният, чун омили асосии рушди босубот, мегузорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамгироии гуногунҷанбаи кишварҳои аъзои созмон ва ҳам кишварҳои нозир натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд.

www.president.tj