Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт

№39 (3185) 18.04.2014

IMG_0049

17 апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар мулоқоти нуҳуми худ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамгироии пурсамар дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, чунин изҳор дошт: «Мо барои рушду густариши робитаҳои судбахш минбаъд низ ҷаҳду талош мекунем».

Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки дар шароити нави геосиёсии ҷаҳонӣ таҳия ва қабули Стратегияи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай барои то соли 2025 аҳамияти басо калон дорад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамгироии муштарак бар зидди падидаҳои терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир карда шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон таъкид гардид, ки ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя бояд бо саҳмгузории муштарак пурзӯр карда шавад.

Аз ҷониби котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо итминон зикр гардид, ки раёсати Тоҷикистон дар ин созмон муваффақу босамар хоҳад буд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба омодасозии босифати кадрҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj