(Ҳ и к о я)

Гарданбанди тиллоӣ

№40 (3186) 22.04.2014

-Хӯш, «Волк», «Пахан», «Серий» ва ниҳоят Владимир Силантев, муҳлати нишастанат ба охир расид. Ҳар бори ин ҷо оварданат гӯё аз нав таваллуд мешавӣ, ки номи нав мегирӣ. Ана, ин ҳуҷҷатҳои  озодшавиат ва роҳкиро. Агар ин солҳо кор мекардӣ, дар суратҳисобат маблағе ҷамъ мегашт. Аммо корро ба гардан нагирифтӣ. Ба хонаат, ки рафтӣ, худатро дар қайди милитсия гузор, — сардори маҳбас инро мегуфту бовар надошт, ки бандии озодгашта ба хонааш меравад. Барои ҳамин бо овози шунаво таъкид кард, ки дубора ин ҷо наафтад.

Сардори маҳбас гумони дуруст дошт, зеро Володя аллакай куҷо рафтанашро муайян карда буд. Ӯ назди ҳамҳуҷрааш Сергей, ки  як моҳ қабл озод шуда буд, роҳ пеш гирифт. Пеш аз ба қатора  нишастан бо телефон ӯро хабар дод. Дар хонаи Сергей озод шуданашонро «шустанд». Пагоҳӣ баъди ба худ омадан ба ёдашон расид, ки  пулҳояшон тамом шудааст. Усули дуздии якхела доштанд ва ҳар гоҳи ба даст афтодан бо ҳамин ҷиноят зиндонӣ мешуданд.  Кассаҳои амонатӣ ҳадафи  шикорашон қарор дошт. Аз он бештар нафақагирон истифода бурда, одамон маблағи барқу газро пардохт мекарданд. Кассаҳои амонатӣ суст  муҳофизат мешуд. Пули калон захира намешуд, аммо ин майдадуздонро қонеъ мегардонд. Сергей як кассаи амонатиро зери чашм карда буд. Танҳо амал кардан намехост, чунки  синну солаш имкон  намедод. Бо Володя якҷоя нақшаашро метавонад иҷро кунад. Гуфт, ки  он ҷо ду нафар-  зану шавҳар кор мекунанд ва ҳар ду ҳам солхӯрдаанд. Пеш аз нисфирӯзӣ амал кардан қулай аст.

Рӯзи дигар ба  кассаи амонатӣ омада, рафтуомади  одамонро назорат карданд. Чанд нафар  пиронсолон дар навбат меистоданд. Сергей аз киссааш  таппончаро  бароварда, ҳамоно ба хазинадор амр кард, ки пулҳоро аз сандуқ барорад. Володя назди дари даромад меистод. Хазинадор бо дастони ларзон пулҳоро бароварда, пеши Сергей ҳаво дод. Шавҳараш бо баҳонае хам шуда, хост  тугмаи огоҳкунандаро зер кунад. Ин аз назари Сергей пинҳон намонд. Бо дастаи  таппонча ба сараш фаровард ва ӯ ба замин афтид. Кампиру мӯйсафедон аз тарс овоз  намебароварданд. Сергей ва Володя пулро гирифта, ғайб заданд. Дуздон медонистанд, ки онҳоро пайгирӣ хоҳанд кард. Барои ҳамин ҳар қадаре дур гурезанд, хавфи  боздоштанашон кам мешуд. Ҷой, макон барояшон мушкилӣ надошт. Танҳо аз бепулӣ азият мекашиданд. Маблағи  дуздиашон сарфи маишати чандрӯзаашон гашт, боз кисаҳо холӣ. Шикамро бо ҷайби холӣ чӣ тавр пур кунанд? Бо дуздӣ. Ин ягона амале буд, ки  метавонистанд. Ҳадафашон ин дафъа мағоза шуд, аммо корашон барор накард. Посбонҳо хабардор шуда, онҳоро  думболагир карданд. Сергей дур давида натавониста, ба даст афтод. Володя ҷон ба саломат бурд. Бовар дошт, ки Сергей ӯро намефурӯшад, аммо кори  милитсияро ҳам хуб медонист. Мумкин ба фишор Сергей тоб наораду ӯро фош созад. Ба ҳар ҳол гурехтан лозим. Чӣ қадар дур фирор кунад, ҳамон қадар беҳтар.

Ба ёдаш Алӣ омад, ки дар Душанбе зиндагӣ дошт.

Барои эҳтиёт то аз ҳудуди Россия баромадан ба автобус савор мешуд. Мумкин  дар қатора  кофтуков сар шуда бошад.  Дар дашти Қазоқ ба қатора нишаст ва дар ҳар истгоҳ он пур аз мусофир мешуд. Нисфашон мусофир бошанд, қисми  дигарашон савдогарон буданд.  Ҳама чиз доштанд ва то истгоҳи оянда бо мусофирон савдо мекарданд. Дар истгоҳ ҷойи онҳоро дигар  майдафурӯшон иваз мекарданд. Ин манзара табъи дили Володя буд. Касе ба ӯ аҳамият намедод.  Бо сарулибоси куҳна, борхалта дар китф ба кӣ даркор буд. Вайро як мусофири бечора мепиндоштанд.

Ними шаб қатора ба Душанбе расид. Шабро дар вокзал рӯз кард. Алиро аз куҷо пайдо кунад? Дар чунин ҳолат Володя  ҳамкасбонашро дар шаҳрҳои калон рӯзона аз бозор, шабона аз тарабхонаҳо пайдо мекард.  Кофтукови Алиро аз бозори шаҳр оғоз кард. Бозори калонро ҳам аз қаду бар чанд маротиба андоза кард. Хаставу бемадор ба ошхонаи канори бозор даромад, ки намуди  дилгиркунанда дошт. Бӯйи равғани  доғнашуда, дуди сигор димоғро  маҳкам,  чашмонро  месӯзонд. Гирди чанд миз се- чорнафарӣ нишаста буданд, ки  наздашон чанд пора моҳии шӯр ва  финҷони пиво меистод.

Володя пушти мизи холӣ нишаст.  Аз гаштани зиёд  хаставу  гурусна монда буд, аввал хӯрок фармуд. Баъд як финҷон пиво гирифт. Пиворо оҳиста- оҳиста нӯшида, хаёлаш ҷойи дигар парвоз дошт. Суҳбати дар паси миз нишастагон ӯро ба худ  кашид. Онҳо байни ҳам калима,  ибораҳоро кор  мефармуданд, ки Володя бо маҳбусон баъзан бо ин шевои махсус гуфтугӯ мекард. Он чӣ маъно дошт, танҳо худашон  медонистанду халос.

Володя тахмин кард, ки киҳоянд. Бо баҳонаи сигор  пурсидан бо онҳо пайваст. Аввал аз меҳмон  шубҳа карданд, чун Володя бо забони хоси онҳо сухан гуфт, ӯро одами худашон ҳисоб карданд. Володя барои шиносоӣ як шиша арақ фармуд. Бо ин забонашон кушода гашт. Володя аснои суҳбат Алиро пурсон шуд. Нишона, қаду баст ва дар куҷо барои адои ҷазо нишаста буданашонро фаҳмонд. Алӣ барояшон  шинос будааст, аммо  ҷойи истиқоматашро  намедонанд. Нафаре аз  онҳо гуфт, ки  «Малах» Алиро медонад. Имрӯз «Малах»  истироҳат доштааст. Бо хоҳиш Володя ӯро ба  манзили «Малах» бурданд ва «Малах» ӯро пеши Алӣ овард. Аз вохӯрии ногаҳонӣ Алӣ ҳайрон шуд.  Медонист, ки муҳлати адои  ҷазои Володя кам монда буд, аммо гумон надошт, ки аз Сибир ба Душанбе ояд.

Алӣ фаромӯш  накардааст, ки дар маҳбас Володя ягона ҳимоятгараш ҳисоб меёфт.

***

Алиро бо ҷиноятҳои майдаавбошӣ чанд бор паси панҷара  шинонда буданд, аммо аз рӯзи ба озодӣ қадам мондан даст ба дуздиву авбошӣ мезад.  Гурӯҳи ҷинояткорон бо содир кардани дуздии амволи  шахсӣ, ки оқибати куштор дошт, ба даст афтоданд. Алӣ низ дар ин миён буд ва аз  ташкилкунандагони амали ҷиноятӣ дониста мешуд. Ҳамчун ҷинояткори хавфнок бо гирифтани ҳукми иҷрои ҷазо ба Сибир фиристода шуд. Алӣ қаду басти расо дошт ва ҷисман боқувват буд. Аз рӯзи аввали  ба зиндон ҷой додани ӯ инро маҳбусони  ҳамкамерааш ҳис намуданд. Он ҷо бояд як нафар хӯҷаин бошад. Маҳбуси тануманд бо лақаби «Княз» атаман буд. Ӯ рӯйи кати қабати якум дароз мекашид. Алиро дар қабати дуюм ҷой доданд. Ҳанӯз ба ҷойи худ нагузашта «Княз» ӯро бо имо наздаш хонд. Амр кард, ки  ҷӯробҳои пояшро кашад. Алӣ аллакай донист, ки бо кӣ сарукор дорад.  Агар фармони ӯро иҷро кунад, то лаҳзаи ин ҷо будан, бояд  хизматгораш бошад.  Сарпечӣ аз фармон ба ҳукми марг  баробар буд. Аз дусар барои  гарданшахиаш ӯро ором намегузоштанд. Ин фикрҳо барқвор аз дилаш гузаштанд. Ӯ амали хавфнокро  интихоб кард, ки ё ҳаёт буд ё мамот.

Алӣ бо дастони боқувваташ пойи  сӯйи ӯ дарозшудаи «Княз»-ро гирифта, сахт тоб дод. Ӯ аз кат ба фарш  парӯ афтид. Алӣ хез зада, худро рӯйи «Княз» партофта, зери мушту лагад гирифт. Ҳамлаи Алӣ тезу  ногаҳонӣ буд ва «Княз» фурсати муқобилият кардан  наёфт. Ду- се  зердастони ӯ ба Алӣ  дарафтоданд.  Дар ин фурсат Володя онҳоро ҷудо сохт ва  таъкид кард, ки ба Алӣ кордор нашаванд. Володя дер боз ба «Княз» дандон тез карда буд ва ҳоким шудан мехост, аммо қувваташ дар алоҳидагӣ намерасид, аз тарси «Княз» кам нафарон ӯро дастгирӣ мекарданд. Омадани Алӣ ва қайсарию нотарсиаш табъи дили Володя буд. Бо Алӣ  метавонист «Княз»- у  гумоштагонашро ба зону шинонад.  Фармонфармоӣ, таҳқири маҳбусони заифу камқувват аз  тарафи «Княз» ба охир расид. Муддати  адои иҷрои ҷазо бо созиши дутарафа идома дошт. Алӣ бо Володя дӯстони қарин гаштанд. Ӯ ба Володя аз Душанбе, иқлими дар муқобил бо Сибир гарми Тоҷикистон  нақл мекард.  Шуғлаш ҳам шабеҳи Володя буд. Бо хубӣ медонистанд, ки дар шаҳрҳои  калон чӣ тавр  якдигарро пайдо кунанд.

Баъди адои муҳлати ҷазо Алӣ ба Душанбе баргашта, Володяро ба меҳмонӣ даъват кард.

Володя назди Алӣ омад. Омаданаш ғайриихтиёрӣ, фирор аз амали  ҷиноятиаш буд.

***

Алӣ омадани Володяро  бо ҳаммаслаконаш хуб «шустанд». Баъди базм донистанд, ки кисаҳо холӣ шудаанд. Дар ин ҳолат ҳиллаи  озмудаи онҳо кор медод. Найрангу макри занонро истифода  мебурданд. Мисли  худашон чанд зани бекораю бадмаст буданд, ки хонаи занони танҳою  сарватмандро муайян  мекарданд. Давомаш  кори мардон буд. Бо анҷоми амалиёт онҳо ҳаққи худро мегирифтанд.

Мария баъди ҷустуҷӯйи зиёд ба Алӣ  суроғаи занеро, ки  бо духтараш зиндагӣ дорад, хабар дод. Ҳатто инро  ҳам донист, ки духтараш Салима бо Маҳмуд ном ҷавон шиносоӣ дорад. Маҳмуд чанд вақт боз куҷое рафта  будааст.

Ин сайди табъи дилашон буд. Нақшаи ба хона  даромаданро Володя кашид. Аз гуфти Мария, Салима бештар дар хона мемондааст. Онҳо мунтазир шуданд, ки кай  модараш ба кор меравад. Баъди ба кор рафтани модараш  Алӣ, «Малах» ва Володя ба қабати дуюм баромаданд. Володя дарро кӯфт. Салима  аз пушти дар «кист он ҷо» гӯён пурсид. Володя, ки дар ин корҳо гурги борондида аст, салом дода гуфт, ки ба ӯ Салима  лозим. Салима бо тааҷҷуб пурсид, ки аз куҷо номи маро медонӣ. Володя ҷавоб дод, ки аз назди дӯсташ Миша -Маҳмуд омадаасту гапи муҳим дорад. Салима бо шунидани номи Маҳмуд бо боварӣ дарро кушод. Фурсати  даҳон  кушодан ба Салима надода, сенафара ба хона ворид шуданд. Володя даҳони Салимаро пӯшида, ба девор рост нигоҳ дошт. Алӣ ва «Малах» хонаро тагурӯ намуда,ба ҷуз чанд ҷуфт мӯзаи занона, палтои чармин чизи пурарзише пайдо накарданд.

Володя  мили туфангро зери манаҳи Салима монда, дар куҷо будани тилловориро пурсид. Салима аз тарс дигар ҳарф зада натавонист. Ба пурсиши Володя бо овози ларзон «намедонам» мегуфт. Володя ӯро  кашолакунон ба ванна даровард, то овозашро касе нашунавад. Сими дарзмолро ба барқ пайваст карда гуфт, ки  агар ҷойи тилловориро нагӯяд, бо он тамоми баданашро месӯзонад. Аз тарси ҷон Салима пинҳонгоҳро нишон дод. Онҳо чанд  бастаро гирифта, саросемавор хонаро тарк намуданд. Салима баъди ба худ омадан, ба ҷойи кори  модараш рафт.

Роҳзанҳо бо ғанимати худ ба хонаи иҷораи «Малах» омаданд. Қисме аз молҳои дуздидаро ба Мария доданд, ки бурда фурӯшад.  Гӯшвору чала, қошуқҳои тиллоӣ ва гарданбанди пурқиматро дар хонаи «Малах» монданд, то ки баъд онҳоро ҳам пул кунанд.

Як рӯз дар хонаи «Малах» ҷамъ омада, майнӯшӣ карданд. Володя ва Алӣ аз «Малах» пурсиданд, ки  тилловориро нишон  диҳад, зеро  пулашон тамом мешуд. Аз байни моли дуздӣ гарданбанди тиллоӣ наменамуд. Куҷо шудани  онро пурсон шуданд. «Малах» дар ҷавоб гуфт, ки он ҳиссаи ӯ буд ва ба  арӯсшавандаааш туҳфа намудааст.

-Ин моли ту не, аз ҳамаи мост,- гуфт Алӣ.

-Онро мо бояд баробар тақсим мекардем, аблаҳ. Агар ман Салимаро маҷбур намекардам, аз куҷо тилловориро пайдо мекардем.  Ту ба оши тайёр  ҳамроҳ шуда, боз онро ба маъшуқаат ҳадя кардӣ. Медонӣ, он қимати ҳамаи ғанимати моро дошт! – Володя аз таъсири май ва қаҳру ғазаб шишаи арақро гирифта, хост ба сари «Малах» фурорад. «Малах» сарашро як тараф кард, шиша ба китфаш бархӯрд.

«Малах» ҳам дар ҷавоб корди рӯйи мизхобидаро гирифта, ба шиками Володя чанд  зарба зад. Аз ин ҳамлаи ногаҳонӣ Володя шикамашро дошта, ба замин афтид. «Малах» қасди гурехтан кард. Алӣ бо  туфангаш сӯйи «Малах», ки ҳанӯз ба берун  набаромада буд, чанд тир холӣ кард. «Малах» аз пояш  тир хӯрда, лангон-лангон аз зинапоя поён шуд.

Аз садои тир ҳамсояҳо тарсида, ба милитсия хабар доданд. Онҳо аз ҷанҷолу кашмакаши ин  бадмастҳо ба дод омада буданд. Аз ин тирпарронӣ ташвиши онҳо зиёдтар гашт, зеро тирпарронӣ ҳеҷ гоҳ дар ин атроф ва берун аз шаҳр шунида намешуд. Оромиро ин авбошҳо халалдор намуда буданд.

Володя бо дастонаш  шикамашро дошта,  сахт нолиш мекард.  Алӣ туфанг дар даст миёни хона ҳайрон меистод. Медонист, ки ин ҷо ҳатман милитсия расида меояд. Туфангро назди Володя партофта, худро  ба берун ҳаво дод. Ягона кумаки ба ӯ расонидан наздаш гузоштани туфанг буд. Володя то омадани милитсия худро  парронад, то зинда ба дасти онҳо наафтад.

«Малах» бо пойи захминаш дур парвоз карда натавонист. Алиро  дар дидбонгоҳи Сариқамиш бо ному насаби сохта дастгир карданд.

Ин маротиба ҳам Алиро бо дуздӣ, нигоҳ доштани яроқ, роҳзании гурӯҳӣ ва боз чанд  гуноҳи дигар  маҳрум аз озодӣ карданд. Ҷойи  адои ҷазо боз Сибир. Володя аз Сибир омада, ин ҷо  абадан монд. Алиро он ҷо азоби сангине дар пеш буд. Муҳлати зиёди ҳукми ҷазо, хунукии қаҳратун, синну соли ба ҷое расида, сар задани бемориҳо Алиро аз пой афтонд. Як шаби сарди зимистон Алӣ дар зиндон сар ба  болини сахту бадбӯй ниҳод. Ин шаби вопасин буд, ки Алӣ ба зиндагии беранг, пур аз моҷарову ҷиноят, гоҳ дар озодию гоҳ дар зиндон, падруд  мегуфт.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»