Рӯзҳои 15-16 апрел дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои рӯзноманигорон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории семинарро муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Шокиров дуруст фаҳмонидани натиҷаи тадқиқоти тиббӣ-демографии Тоҷикистон, махсусан мушкилоти демографӣ ва солимии аҳолӣ арзёбӣ намуд. Тавре сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии агентии зикршуда Абдувалӣ Қулов иттилоъ дод, тадқиқоти тиббӣ- демографии Тоҷикистон соли 2012 аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки техникии ICF International дар доираи барномаи MEASURE DHS бо маблағгузории Агентии ИМА оид ба Рушди байналмиллалӣ USAID ва Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) гузаронида шудааст.
Зикр гардид, ки ин аввалин тадқиқоти тиббӣ-демографӣ дар Тоҷикистон буда, дар он маълумотнокии занон, таваллуди фарзанд, ҳолати шиканҷа, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, маълумотнокӣ оид ба таваллуд, фосилаи байни таваллуд ва таъмини кӯдак бо ғизо, дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ёднокии намаки ошӣ, маълумотнокӣ оид ба бемории сироятии ВИЧ, иштироки занҳо дар ҷараёни қабули қарорҳои оилавӣ, машғулияти занҳо аз рӯйи синну сол ва ғайра муайян карда шудааст.
Тадқиқоти мазкур тамоми минтақаҳои кишварро фаро гирифта, дар раванди он занҳои 15-49-сола аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа пурсида шудаанд. Дар тадқиқот 6674 хонавода интихоб шуда, 6432 хонавода мавриди пурсиш қарор гирифтааст ва 9656 зан ба саволҳои тадқиқотчиён ҷавоб гардонидаанд. Дар натиҷа, маълум шуд, ки коэффитсиенти миёнаи таваллуд дар Тоҷикистон 3.8 нафарро ташкил дода, 44 фоизи занҳои 15-49-сола дигар хоҳиши таваллуд кардан надоштаанд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз чор -се ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон дастрасӣ ба сарчашмаи беҳтаркардашудаи об дошта, намаки 39 фоизи хонаводаҳои пурсидашуда дар сатҳи тавсияшуда ёднок будааст.
Қобили зикр аст, ки барои омӯзонидани нозукиҳои кор бо рақамҳои оморӣ ду нафар коршиноси байналмилалӣ аз ИМА даъват шуда буданд. Мишел Берди ва Лори Лискин давоми ду рӯзи семинар ба иштирокчиён ҳар як паҳлуи тадқиқоти гузаштаро дар алоҳидагӣ фаҳмонида, роҳҳои дуруст истифода бурдани рақамҳои омориро нишон доданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»