Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№90 (4352) 06.07.2021

51292241764_0a2dbf986e_o5 июли соли 2021 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар он аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вобаста ба мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар бораи вазъ дар сарҳади давлатӣ гузориши фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон шунида шуд.

51291706688_0e107eae30_oБо дарназардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсояи Афғонистон бо Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.

Дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзӯр карда шуда, ба минтақаҳои зарурӣ қувваҳои иловагии низомӣ равона гардад.

Ҳамчунин, Сарвари давлат дастур доданд, ки дар баробари пурзӯр кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Дар охир Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам кардани сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 20 ҳазор низомии эҳтиётиро сафарбар намоянд.

www.president.tj