«Шабе дар осорхона» — иқдоми наҷиби фарҳангӣ

№91 (4353) 10.07.2021

Осорхонаи миллии Тоҷикистон муассисаи махсуси муҳофизатшаванда, ганҷинаи бузурги мероси таърихию фарҳангӣ ва моликияти бебаҳои умумидавлатӣ ба ҳисоб рафта, самти фаъолияти он, дар баробари пешбурди корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, барои бозёфт, харидорӣ, ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, коллексиякунӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти осори таърихию фарҳангӣ, ҳамчунин, таъмини фароғати фарҳангии тамошобинон нигаронида шудааст.

Аз оғози соли ҷорӣ роҳбарияти он реҷаи фаъолияти муассисаро таҷдиди назар намуд. Аз моҳи феврал вуруди шаҳрвандон дар осорхона аз соати 1000 то соати 2000 ба роҳ монда шуда, то ҳол толорҳои намоишии онро садҳо нафар боздид намуданд.

Дар баробари низоми нави фаъолият, масъа­лаи бо либоси ягона таъмин намудани кормандон баррасӣ гардид. Ҳайати хизматрасонӣ, раёсати техникӣ — муҳандисӣ, шуъбаи тармим ва консерватсия бо либоси махсус ва кормандони илмии муассиса бо либоси ягонаи корӣ таъмин ва ҷавонони лаёқатманд ба кор қабул гардиданд.

Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар қисми яке аз толорҳои намоишӣ гӯшаи этнографӣ ташкил шуд. Дар маҷмӯъ, 36 ҳазор ашёи осорхонавии фонди муассиса дар доираи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва намоишҳо ба таври доимӣ  ба экспозитсия бароварда шуд.

Инчунин, бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон,  Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об — барои рушди устувор (солҳои 2018 — 2028)», «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод  — 2021» ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабиниҳои гуногуни илмиву сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор шуданд. Конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва намоишгоҳҳои муҳташам бо номи  «Сада — муждарасони Наврӯз», «Бобоҷон Ғафуров — муаррихи Машриқзамин», «Артиши миллӣ — сипари боэътимоди Ватан», «Ҳулбук — нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик», «Сад ранги чакан», «Инъикоси чеҳраи зан — модар дар ёдгориҳои Осорхонаи миллӣ», «Масъалаи ҳифзи биологӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ дар Тоҷикистон», «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъа­наҳои наврӯзӣ», «Пайравони Пешвои миллат», «Раҳнамои Бомиён», «Инъикоси  об  дар асарҳои  рассомони  Тоҷикистон»,  «Мисгарӣ — бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ», «Ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон», «Саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги тоҷик», Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» аз ҳамон ҷумлаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба чорабиниҳо ва ҷиҳати тарғибу  ташвиқи  ёдгориҳои таърихӣ ва  ҷалби  ҷавонон ба тамошои ганҷинаи бебаҳои илмӣ — фарҳангӣ, дар  барномаҳои гуногуни радиоҳои «Тоҷикистон», «Фарҳанг», инчунин, шабакаҳои телевизионии «Тоҷикис­тон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон» ва «Душанбе» пайваста мусоҳиба ва гузоришҳо ташкил карда мешаванд.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази  илмӣ — маърифатӣ баҳри тарбияи мутахассисони соҳибкасб ҳамкориро  бо  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ ба роҳ монда, дар заминаи экспозитсияи муассиса таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро мунтазам амалӣ  ва таҷрибаандӯзони факултетҳои тахассусиро, ки ба муассиса сафарбар мегарданд, бо асос­ҳои  фаъолияти  осорхонавӣ шинос  менамояд.

Роҳбарият ва кормандони муассиса ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳо вобаста ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо — 18 май иқдоми «Шабе дар осорхона», бузургдошти шоирони шаҳир Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, инчунин, намоиши хушнависӣ ва китоб­ҳои дастнавису чопи сангӣ омодагии ҷиддӣ диданд. Ҳамчунин, тайёрӣ ба  намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — мамлакати дарёҳои тиллоӣ», ки баргузории он моҳи октябри соли 2021 дар Осорхонаи миллии санъатҳои осиёӣ — Гимеи  шаҳри Париж ба нақша гирифта  шудааст, идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки 18 майи соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021» ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир гардид. Он аз соати 1800 то 2300 ҷараён гирифта, дар як шаб 30 барномаи гуногуни ҷолибу рангини фарҳангӣ — фароғатӣ ройгон пешкаши тамошобинон шуд.

«Шабе дар осорхона» барномаи байналмилалӣ маҳсуб шуда, ҳадаф аз он инъикоси ғамхории давлат нисбат ба фароғати шаҳрвандон ва ҷалби ҷавонону наврасон ба тамошои осорхона аст. Айни замон 120 кишвари олам ва 30 ҳазор осорхона ҳар сол ин иқдомро амалӣ менамоянд. Дар Тоҷикистон он баъд аз ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон, яъне, аз соли 2013, доир мегардад.

Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,

директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон