Шарҳи қонун

Қонунвайронкуниҳои бахши меъморӣ ва сохтмон

№91 (4353) 10.07.2021

Оё роҳбари нави соҳа онҳоро рафъ менамояд?

ЗуаайдзодаБа шарофати сиёсати ­бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон  дар солҳои соҳибистиқлолӣ бахши меъморӣ ва сохтмон ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардида, дар ин замина, иншооти зиёди замонавӣ бунёд шуданд. Аммо эътироф бояд кард, ки дар баъзе аз мавридҳо талаботи меъмориву шаҳрсозӣ ба назар гирифта намешаванд.

 Бегуфтугӯ, сарфи назар кардани талаботи соҳа ҳангоми  бунёди иншоот  пайомади ногувор дошта, муқаррароти мавриди назар ба маънои том чорчӯбаест, ки дар доираи он ибтикори ба иншоот рабтдошта бояд амалӣ гардад. Илова бар ин, раванди пешниҳоди манзили истиқоматии навбунёд аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, вобаста ба тавозуни масъулият, ниёз ба такмил дорад.

Баъд аз раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидани Маҳмадсаид Зувайдзода баҳри пешгирии сохт­монҳои ғайриқонунӣ, риояи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёру қоидаҳои сохт­монӣ, инчунин, дар асоси ҳуҷҷатҳои лои­ҳавии тасдиқгардида амалӣ намудани фаъолият дар шаҳру ноҳияҳо корҳои назоратӣ тавсеа ва тақвият ёфта, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта бетаъхир чора андешида мешавад. Нақшаҳоро ӯ дар нишасти аввалини матбуотӣ, ки баъд аз таъин шудан ба вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир кард, муфассал тавзеҳ дод.

Иқдоме, ки Маҳмадсаид Зувайд­зода баҳри амалӣ намуданаш камари ҳиммат бастааст, афзун намудани масъулияти моликони ширкатҳои сохтмонӣ зимни пешниҳоди манзили зисти навбунёд ба шаҳрвандон  мебошад. Тасмим аст, ки аз тариқи ворид намудани дигаргуниҳо ба санадҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия додугирифти шаҳрвандон ва моликони ширкатҳои сохтмонӣ дар намояндагиҳои махсусгардонида бо иштироки кормандони Идораи нотариалии давлатӣ ба қайд гирифта шавад.  Маҳмадсаид Зувайд­зода  зимни шарҳу тавзеҳи масъала  аз он изҳори нигаронӣ кард, ки қаблан дар аксар маврид  барасмиятдарории шартнома ва пардохти маблағ дар утоқҳое, ки муваққатан макони сохт­мон муайян мегарданд, аз ҷониби корманде, ки барои  амалаш дар ҳолати пайдо шудани нофаҳмӣ ва баҳс масъулияту ваколат надорад, амалӣ мешавад.

душанбе плаза- Минбаъд  кӯшиш ба харҷ медиҳем, то масъу­лияти хонасозу хонафурӯш афзун гардад,  — таъкид намуд Маҳмадсаид Зувайдзода.

Дар робита ба ин бамаврид аст аз қабулу амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ёдовар гардем. Лоиҳаи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки чанде қабл, баъд аз қабул гардиданаш аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат  мавриди амал қарор гирифт,  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд ва ин иқдом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёма­шон ба Маҷлиси Олии кишвар баён гардид, ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва беҳтар намудани фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ амалӣ гардид. Дар заминаи қабули қонун ба 16 моддаи боби 24 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти меъморӣ ва сохтмонӣ андозаи ҷаримаҳои маъмурӣ зиёд карда шуданд.

Санҷишҳои гузаронидашуда собит намуданд, ки дар баъзе аз бинову иншоот аз ҷониби бархе аз субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда нашуда, як қисми онҳо бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, бе лоиҳаи корӣ, бе хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ  ва бе иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ иқдом мекардаанд.

Мақсад аз зиёд намудани андозаи ҷаримаҳои маъмурӣ низ пешгирӣ кардани сохтмонҳои ғайриқонунӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии шаҳрсозӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ дар мамлакат мебошад.

Минбаъд, тибқи муқаррароти моддаи 408, барои риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ ҳангоми истеҳсол, таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти сохт­мон, конструксияҳо ва дигар масолеҳи сохтмон  ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Агар  дар давоми як соли баъд аз  таъини ҷазои маъмурӣ кирдори пешбининамудаи  қисми 1 ҳамин модда такрор шавад, шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, шахсони мансабдор аз дусад то чорсад ва шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима месупоранд.

Бо қабули қонуни зикршуда муҷозот барои ҷойгир кардан, ­бунёд ва ба истифода додани объектҳо бидуни ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда, хулосаи мусбати экспертиза, қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва бидуни иҷозати мақомоти назорати давлатии сохтмон иҷро намудани корҳои сохтмонию вас­лкунӣ, инчунин, риоя накардани дигар қоидаҳои сохтмони иншоот, ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  тағйир ёфт.

Тибқи талаботи моддаи 409, шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сад то дусад ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.  Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани аъмоли зикр­шуда маб­лағи ҷарима мутаносибан як баробар зиёд мешавад.

Бунёд, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо истифодаи масолеҳу конструксияи бесифати сохтмон, ки боиси паст шудани дараҷаи зилзилатобоварии биноҳо ва иншоот мегардад, аз мушкилоти соҳа ба ҳисоб рафта, тақвият бахшидани чораандешӣ дар ин самт зарур ва ногузир аст.

Тибқи муқаррароти қонуни нав (моддаи 410), маблағи ҷарима барои чунин ­бемасъулиятӣ бештар шуда, барои шахсони воқеӣ аз даҳ то бист, шахсони мансабдор аз сад то дусад ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.

Устуворӣ, зилзилатобоварии бино, иншооти навсохташуда, таҷдидкардашуда ва мизони истифодаи онҳо низ аз мадди назар дур намонда,  дар моддаи 418 муқаррар шудааст, ки шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои таъмин накардани сатҳи муқарраршуда мутаносибан ба андозаи аз даҳ то бист, аз ҳаштод то яксаду бист ва аз дусаду чил то чорсаду ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

Риоя накардани қоидаҳои мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои меъморӣ аз мушкилоти дигари соҳа аст. ­Эътироф бояд кард, ки чунин камбудиҳо ҷой доранд ва дар робита ба ин, аз ҷониби сохторҳои дахлдор мунтазам чораандешӣ мешавад. Вале барои рух додани камбудӣ гунаҳкор донистани кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мантиқан нодуруст аст, зеро дар баробари онҳо масъулини дигар мақомот низ масъулият доранд. Албатта, мушкилӣ ҳалшаванда аст, ба шарте ки тавозуни масъулият риоя шавад.

Дар баробари дигар қонунвайронкунӣ, сохтмон, таҷдид, таъмири асосии биноҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, маъмурию маишӣ, саноатию истеҳсолӣ бе тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот ё хулосаи дахлдори техникӣ низ маъмул буда, дар сурати бетаъхир тадбирандешӣ нагардидан, пайомади ногувор хоҳад дошт.

Дар раванди такмили моддаҳои дахлдори боби 24 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкур аз мадди назар дур намонда, тибқи муқаррароти моддаи 425, шахсони воқеӣ аз даҳ то бист, шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

Дар маҷмӯъ, иқдоми зикршуда муҳиму саривақтӣ буда, ба беҳбуд ёфтани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, ташаккули механизмҳои нави ҳамкории байни давлат ва бахши хусусӣ, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда мусоидат менамояд.

Далер МЕРГАНОВ,

 «Садои мардум»