Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ андешаашро оид ба дастовардҳои кишоварзони ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хабарнигори мо бо тариқи зайл дар миён гузошт:
- Мехостам дар оғоз аз як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳияти Истиқлолияти давлатиро барои ҳар давлату миллат шарҳ додаанд, ёдовар шавам: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».
Тоҷикистон дар қатори дигар ҷумҳуриҳои бародар Истиқлолияти давлатиро осон ба даст наовард. Аммо душманони кишвар мамлакатро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Иқтисоди кишвар рӯ ба таназзул оварду кишоварзон дар ҳолати ногувор монданд. Рашт аз фоҷиа дар канор намонд. Кишоварзони ноҳия барои кишт тухмӣ ва сӯзишворӣ пайдо карда наметавонистанд. Қисмҳои эҳтиётӣ низ дастрас набуду техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, ки аз даврони шӯравӣ мерос монда буданд, ба таъмир ниёз доштанд.
Аз 18 ҳазор сар чорвои калон ва 28 ҳазор сар моли майда соли 1992-юм 618 сар чорвои калон ва 1994 сар моли майда боқӣ монд.
Ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дилҳои шикастаи мардумро дармон бахшид. Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар мамлакат батадриҷ вазъи сиёсию иқтисодӣ дигар шуд.
Соли 2000-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Рашт сафари корӣ намуданд. Он сафар ва суханҳои пур аз ҳикмату насиҳати Пешвои миллат сокинони ноҳияро дилгарм кард. Чеҳраи нуронӣ, андарзҳои падарона ва суханҳои таъсирбахшу боваринок меҳру муҳаббати сокинонро нисбат ба Сарвари давлат афзун гардонд. Онҳо бо дили гарм ба бунёдкорию созандагӣ машғул шуданд.
Соли 2001 бо вуҷуди камчин будани тухмӣ ва дигар мушкилот дар 92 гектар картошка ва дар масоҳати 4300 гектар гандум кишт шуд. Боғпарварон пайи эъмори боғҳои нав шуда, беш аз 50 гектар боғи нав бунёд гардид.
Соли 2008 барои кишоварзон бо дастури Пешвои миллат 16 трактори МТЗ — 82 ва комбайни ғалладаравӣ низ фиристода шуд.
Агар соли 2006 музди моҳонаи кормандони соҳаи буҷетӣ 84,1 сомониро ташкил медод, пас ин рақам соли 2013 ба 430,2 сомонӣ расид, ки 5,1 баробар зиёд аст.
Тайи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзон ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд.
Соли 2020 мувофиқи «Барномаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» мебоист 348 гектар боғ бунёд мегардид. Боғпарварон ҷаҳд намуда, 356 гектар боғ бунёд намуданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати кишти картошка дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 3136 гектар расида, картошкапарварон 63198 тонна картошкаи хушсифат гирифтанд. Истеҳсоли мева 18423 тоннаро ташкил дод Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 458 миллиону 882,9 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда низ кори зиёд ба анҷом расид. Аз ҷумла, дар мавзеи «Дашти беоб»-и деҳоти «Ҳоит» 2,5 километр қубур хобонда шуд, ки маблағи корҳои ба анҷомрасида 285 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бо дастгирии обистифодабарандагон таъмири каналҳои «Намуна»-и деҳоти «Ҳоит», «Қаряшаҳр — 1», «Қаряшаҳр — 2», «Ҳисорак — 1», «Ҳисорак-2» — и деҳоти «Ясман» ва «Сари Шухон»-и деҳоти «Аскалон» ба анҷом расид.
Бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали «Мардумӣ» дар деҳоти «Қалъаи сурх» идома дошта, дар сурати ба истифода супоридани он зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад. Инчунин, бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд канали «Камчароғ» дар деҳоти «Қалъаи сурх», ки солҳост аз истифода берун мондааст, аз таъмири асосӣ бароварда шуд, ки дар натиҷа 150 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
Дар маҷмӯъ, кишоварзон фаъолиятро хуб ба роҳ монда, азми қавӣ доранд, ки ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гиранд.
Суҳбаторо Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»