Суҳбати соҳибдилон

«Иксири ахлоқӣ»-и доктор Ҷалолӣ

№40 (3186) 22.04.2014

Садриддин Ҷалолӣ кист?

Ман ин бародари донишмандро солҳои зиёдест мешиносам. Аслан бо тақозои касби журналистӣ бо падари эшон – Насриддиншо Ҷалолӣ (Худо раҳмат кунад), ки даврони шӯравӣ яке аз гиёҳдармонҳои машҳур буд, шиносоӣ пайдо карда, ҳамсуҳбат шуда будам. Он айём, бо вуҷуди он ки хизмати тиббӣ ба ҳама дастрасу ройгон буд, аз гӯшаю канори давлати бузурги СССР беморон ба Бадахшон, назди амаки Насриддиншо меомаданд. Инро дида, баъзе ҳасудону «доноён»-и сиёсати онвақта тавассути матбуот ба муқобили ҳамватани худ мақолаҳои танқидӣ навиштанд. Мо барои дастгирӣ аз ин мӯйсафеди нексиришти деҳоти дурдасти кӯҳистони тоҷик, ба зодгоҳи табиб-ноҳияи Шуғнон рафта, бо амаки Насриддиншо ҳамсуҳбат шуда, чанд мавод ба нашр расонидем.

Имрӯз Садриддин Ҷалолӣ анъанаи қиблагоҳи хешро идома медиҳад. Агар даврони шӯравӣ Насриддиншо Ҷалолиро дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ мешинохтанд, имрӯз фарзанди вай Садриддинро дар кишварҳои зиёди олам мешиносанд ва баъди муолиҷа садҳо беморон номаҳои миннатдорӣ ба ин донишманди тоҷик ва мардуми Тоҷикистон ирсол кардаанд.

С. Ҷалолӣ таҳсилкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Як  давраи кӯтоҳмуддат дар Институти журналистии шаҳри Москва низ таҳсил намудааст.  Соли 1988 аспирантураро  ғоибона хатм кард. Соли 1989 бо кӯшиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нахустин Маркази тибби суннатӣ ба номи «Шифо» бунёдгузорӣ шуд ва ӯро ба ин марказ даъват карданду масъули тибби гиёҳӣ гардид. Баъдан, солҳои 1992-1993 дар Маркази тибби гиёҳии «Медет»-и шаҳри  Ашқободи Туркманистон фаъолият карда, соли 1994 бо даъвати доктор Абидӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, дар шаҳри Гумбади Ковуси Мозандарон дар қисмати тибби гиёҳӣ кор кард.  Садриддин Ҷалолӣ ҳамзамон ба сифати мутахассиси тибби Шарқ дар клиникаҳои «Беладонна» ва «Алтирмед Майями»-и Югославия, «Медицина Востока»-и шаҳри Горкийи Федератсияи Россия ифои вазифа кардааст. Соли 1997 ба шаҳри Душанбе баргашта,  дар Маркази «Тибби Ориён» ба муолиҷаи беморон пардохт. Дониши хубу таҷрибаи зимни фаъолият дар кишварҳои Шарқу Ғарб андӯхта, ба ӯ имкон медод, ки дар илоҷи бисёр дардҳо ба беморон кумак расонад. Ӯ, ки забонҳои англисӣ,  сербӣ, хорватӣ ва то андозае арабӣ ва туркиро медонад, тавассути сарчашмаҳои қадимаю адабиёти имрӯзи  кишварҳои ҷаҳон бо беҳтарин шеваи табобатӣ ошноӣ пайдо кардааст. Дар шаҳри Белград, дар заминаи тибби мардумии Тоҷикистон, бо ҳамкории олими тоҷик Ҳисорӣ Ҷӯраев  китоберо таҳия кардааст. Китоби бо ҳамкории номзади илмҳои филология, корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратбек Элчибеков «Асрор-ул-тиб» тарҷума кардаашон бошад, рӯйи чопро надид, зеро дар аввали солҳои 90-уми асри  XX он ба коми оташ рафт.

С. Ҷалолӣ иштирокчии Конгресси умумиҷаҳонии тиббӣ бахшида ба ҳазору садсолагии Закариёи  Розӣ  дар Теҳрон, Симпозиуми урологҳо дар шаҳри Белгради Югославия, Конгресси умумиҷаҳонӣ доир ба тибби юнонӣ, забони форсӣ  ва адабиёти классикӣ  дар Ҳиндустон, Конгресси ҷаҳонӣ доир ба мавзӯи «Ҷаҳонишавии тибби суннатӣ» дар шаҳрҳои Пекин ва Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Симпозиуми ҷаҳонии шаҳри  Ню-Йорки ИМА  мебошад. Соли 2013 дар озмунҳои табибон соҳиби Шоҳҷоизаи  Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Алҳол С.Ҷалолӣ Маркази табобатие бо номи «Ориён» таъсис дода, дар он фаъолият дорад. Аз субҳ то бегоҳ даҳҳо дардмандон ба ӯ муроҷиат мекунанд.

Чаро одамон ба тибби гиёҳӣ муроҷиат мекунанд?

Вақте ба ин марказ омадем, аллакай аз субҳи барвақт 10-15 нафар интизори қабули табиб буданд.

-Киҳо  ба тибби гиёҳӣ муроҷиат мекунанд, чаро?- пурсидем аз устод С. Ҷалолӣ баъди вохӯрӣ ва салому алейк ва эшон чунин посух доданд: «Нахуст касоне, ки дар қиболи бемориҳои музмин дар тибби расмӣ муолиҷа карда, натиҷа нагирифтаанд ё худ хаста шудаанд, дигар роҳи худро бо клинику бемористон қатъ карда, ба гиёҳдармонӣ рӯ меоваранд. Гурӯҳи дигар касоне ҳастанд, ки доруҳои маснуъии кимиёвӣ барояшон ба зарар тамом шудааст, ё ин ки дар муқобили ин доруҳо ҳассосият доранд. Гурӯҳи сеюм бо дарки бартарии доруҳои табиӣ аз доруҳои маснуӣ дар ҷустуҷӯи дорухат (ретсепт) ва табиб мегарданд. Дар робита боз як нуктаро тазаккур бояд дод, ки дар шароити имрӯза, вақте ки сотсиализм аз байн рафт, хадамоти маҷонии тиббиро низ бо худ бурд  ва мардуми камбизоат тавони пардохти амалиёти ҷарроҳии чандсаддолларӣ ва доруҳои гаронқимати хориҷӣ надошта, ночор тан ба тақдир медиҳанд ва ба дунболи гиёҳдармонӣ рафта, охирин умеди худро ба табиб мебанданд».

Аз ҷараёни суҳбат ва дафтари бемордории эшон фаҳмидем, ки саломатии дардмандони зиёде ба шарофати табиби гиёҳдармон С. Ҷалолӣ барқарор гаштааст. Як мисол аз забони худи табиб: «Бародарзодаам Зайдулло чанд соли пеш мушкили банд шудани роҳи пешобгузар пайдо кард ва таҳти муолиҷаи духтури урологӣ Толиб Қарачаев қарор дошт ва он кас табобати хуб карданд, баъдтар ман ҳам ҳамроҳ шудам ва қисса кӯтоҳ то ду соли дигар нороҳатӣ надошт. Баъди ду сол ба истилоҳ ин мушкилот гул кард ва ин бор доктор Толиб ҳар чӣ кӯшиш кард,  мисли пештара беҳбудии чашмгир ҳосил нашуд, вале тавонист сабаби ин бемориро пайдо кунад, ки он аз бемории полиомелит сарчашма мегирад. Доктор илова кард, ки ин беморӣ илоҷнопазир аст ва ягона роҳ ин аст, ки тайи як амали ҷарроҳӣ пешобдонро ба рострӯда бидӯзем, вале аз таҷриба медонам, ки натиҷаи мусбӣ надорад. Ман хеле мутаассир шудам ва сарамро поин карда, роҳи худамро пеш гирифтам ва рафтам. Баъдтар ба докторҳои Чин ва Эрон муроҷиат кардам, ҳама бо як забон ҷавоби манфӣ доданд ва ин бемориро табобатнашаванда эълом доштанд. Пас ман чӣ кор кардам? Аввал ин ки масъала, масъалаи неврогенӣ аст, яъне асабҳое, ки аз тарафи камар ба пешобдон иртибот мегиранд, беҳис мебошанд. Дуввум ин ки ин асабҳо бояд зинда ва фаъол гарданд. Ман муддати ду шабу рӯз майна об кардам ва нахуст чанд роҳро дар зеҳнам сафороӣ кардам ва бе он ки тасмим бигирам як рӯз дам гирифтам ва дар сапедадами рӯзи саввум  тасмими ниҳоӣ бо варианти ба истилоҳ наҷот аз тахти хоб бархостам. Худи ҳамон рӯз дар клиникаам доруе сохтам ва муолиҷаро шурӯъ кардам ва ба фазли Худованд ду-се рӯз накашида буд, ки мушкили пешоб ва пешобкунӣ ба ҳолати одӣ даромад. Ман ба даргоҳи Эзиди пок дуруд фиристодам  ва шукргузор шудам, ки ба ин бандаи ҳақир неруе ато фармудааст, то битавонам нахуст бар ин бемории хабис, сипас бар тибби асрӣ ва намояндагони тибби чанд кишваре, ки дар хоки мо даъвои подшоҳӣ доранд, пирӯз оям».

 Тибби суннатӣ дар ҷаҳон

Табиист, ки алҳол дар бисёр кишварҳо вобаста ба тараққии босуръати соҳаи тиб, кашфиётҳои илмӣ ва  техникаю технологияҳои навтарин ба тибби мардумӣ, аз ҷумла гиёҳдармонӣ, он қадар таваҷҷуҳ надоранд. Бо вуҷуди ин, мувофиқи маълумоти бадастоварда, дар Япония шумораи духтурони тарафдори мактабҳои тибби суннатӣ сол аз сол рӯ ба афзоиш аст ва тайи даҳ соли охир ба дуввуним миллион нафар расидааст. Дар Ҷумҳурии Халқии Хитой тибби гиёҳӣ ҳамроҳ бо тибби тибетӣ по ба пои тибби расмӣ пайваста, дар фаъолият ва шукуфоӣ мебошад. Дар робита ба ин мавзӯъ ҳамсуҳбати мо меафзояд:

«Дар Амрико бо он бузургӣ ва ҷасту хезаш, мардум аз доруҳои сунъӣ хаста шудаанд ва дар ҷустуҷӯи доруҳои табиӣ мебошанд. Моҳҳои март ва апрели соли 2012 дар Ню-Йорк ва Вашингтон  ҷиҳати иштирок дар Конгресси ҷаҳонӣ будам ва аз аввал то охири иқомат дар  ин кишвар ба такрор ва ба исрор аз ман даъват шуда буд, ки дар он ҷо бимонам ва тибби гиёҳиро созмон ва равнақ диҳам. Амрикоиҳо замоне пеш дарахтеро аз Хитой ба Амрико бурданд ва тамоми аҷзои онро (мева, барг, пӯст ва реша) мавриди озмоиши лабораторӣ қарор доданд ва ба дунболи он дар қиболи бемориҳои гуногун болои беморон таҷриба намуданд, ки натиҷа фавқулодда олӣ будааст. Сипас, эълон доштанд, ки вақте башар дунболи кимиё рафт, иштибоҳи маҳз намуд ва илми тиб бояд бар мабнои қавонини табиат ва гиёҳдармонӣ гом бармедошт. Дар мавриди Ҳиндустон ҳеҷ ҷойи гап нест. Он чӣ ман ба чашми сар дидам, тибби суннатӣ по ба пои тибби кимиёӣ дар фаъолият аст ва дар ҳар иёлати он кишвар марказҳои бузурги гиёҳдармонӣ мавҷуд аст. Чунончӣ, дар Деҳлии куҳна Маркази тибби суннатии «Ҳамдард» вуҷуд дорад».

Бисёре аз хонандагони ин сатрҳо, махсусан калонсолон, медонанд, ки солҳои пеш дар ҳар деҳа ва бисёр оилаҳо донандаи тибби қадима, гиёҳшинос буданд ва наздиконашонро бо усулҳои сода муолиҷа мекарданд. Яъне, тибби суннатии мо-тоҷикон таърихи дерина ва таҷрибаҳои фоидабахш дорад ва боиси хурсандист, ки имрӯз он эҳё мегардад ва дар қатори садҳо духтурони  ҳирфавӣ, табибони мардумӣ, гиёҳшиносон низ фаъолият доранд. Назари устод С. Ҷалолиро оид ба вазъи имрӯзаи тибби суннатӣ ва аҳамияти он мепурсам: «Назари шахсии банда чунин аст, ки тибби суннатӣ асрору таҷрибаи сеҳазорсоларо дар худ нуҳуфтааст ва таъсирбахш будани он фақат ва фақат вобаста ба ин амр аст, ки дар дасти чӣ касоне қарор дорад. Дар ҷое, ки тибби навин банд мемонад, тибби суннатӣ метавонад дар кушодани банд кумак намояд, ба шарте ки коршиноси ин ришта дорои дониш, таҷриба ва истеъдоди кофӣ бошад. Шуҳрат ва эътибори тибби суннатиро касоне лаккадор месозанд, ки саводу таҷрибаи казоӣ надоранд ва худро табиб муаррифӣ мекунанд. Ҷойи таассуф аст, ки дар Тоҷикистон — ватани Абӯалӣ ибни Сино низ мафкураи адами эътимод ба тибби суннатӣ дар миёни иддаи зиёди духтурон мавҷуд аст. Албатта, ин кӯтоҳии дид, адами мутолиа, тангназарӣ ва беиттилоӣ аз осори пешинагонро бозгӯ мекунад ва агар чунин сарвати гаронбаҳоро напазируфтаанд, мо низ дар истеъдод ва лаёқати духтуриашон шак дорем».

Нӯшдору

Ҳангоми чанд маротиба дидору суҳбат бо ин донишманд ва омода кардани ин матолиб дарёфтам, ки эшон аз пайи таҳияи китобест бо унвони «Нӯшдору».  Устод ба ман имкон дод, чанд боби китоби навомодамешударо бубинаму варақгардонӣ кунам. Хеле чизҳои ҷолиб дарёфтам. Аз ҷумла вай дар илоҷи бемориҳои ахлоқӣ дастуре дорад, ки дар чанде аз созмонҳои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ ва таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Инак, аз ин дастур ва ё тавре дар китоб зикр гардидааст «Нусхаи Садрӣ (Банисадр) дар илоҷи бемории зишти ахлоқӣ» чанд сатре пешкаши хонандагон мегардонем:

«Эй азиз: агар касе бипурсад, ки оё бемориҳои бадгуфторӣ, бадзабонӣ, суханчинӣ, беадабӣ, дастбурд ба дороии касон, ҳаромхӯрӣ, маҳалгаройӣ ва чандин бемориҳои хатарноки дигар дармонпазир ҳастанд? Оё дар дорухонаву бозор доруе мавҷуд ҳаст, ки лоақал таскини дард намояд? Ҷавоб бигӯ, ки нигаронандаи китоби «Нӯшдору» солҳои зиёд дар озмоишгоҳҳои ахлоқии кишварҳои хориҷӣ таҷрибаҳо анҷом додааст ва дар фарҷом нусхае тартиб намудааст, ки фишурдаи он чунин аст:

-Бархез ва по бар рикоби аспи «ният» бигзор ва бар домани кӯҳи «ҳикмат» бирав ва бар паҳнои дараи «ҳақиқат» назар афкан ва каме аз решаҳои дарахти «ҳурмат» ва гиёҳони «маърифат» ва меваҳои «раҳмат» ва баргҳои «тариқат» ва донаҳои «пушаймонӣ» бичинӣ ва дар деги «тавба» бирезӣ ва оби «шарму ҳаё» бар он биафзоӣ ва дар оташи «таслим» чунин биҷӯшонӣ, то иксире ба даст ояд, ки онро «ахлоқ» гӯянд. Сипас, дар пиёлаи «тарс аз Худо» бирезӣ ва дар ҷодаи «фарҳанг» бишинӣ ва ҷуръа- ҷуръа нӯши ҷон кунӣ, то он ки «иксири ахлоқ» дар тамоми ҷавореҳ ва раг-раги вуҷудат бидамад ва заҳри  ҳалоҳили худбинӣ, микроби бадзабонӣ, илтиҳоби мардумозорӣ, варами бадфиоли  дуздӣ ва моли мардумхӯрӣ ва муҳимтар аз ҳама бамаҳал-ҷудокунӣ ту сиҳати тамом ёбӣ ва мо низ аз шарру озорат дар амон бимонем, боқӣ паноҳат ба Худо. Аллоҳу аълам».

Чунин буд порае аз суҳбати  пурмуҳтаво бо ин донишманди  хубу инсони нексиришт. Бисёр мехостем суҳбатро идома диҳем. Аммо беруни дар одамони зиёде бо умед мунтазир буданд, ки назди табиб дароянду ба дардҳояшон дармон пайдо кунанд. Бинобар ин, мо ба устод Садриддин худоҳофизӣ карда, барояш бурдборӣ ва барори кор хостем.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»