Хушзоткунӣ яке аз роҳҳои рушди соҳаи чорводористЯке аз соҳаҳои асосие, ки мардуми деҳот аз қадимулайём ба он машғуланд, чорводорӣ мебошад. Ин бахш дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши аввалиндараҷа дошта, манбаи асосии даромади мардум маҳсуб мешавад. Беҳуда дар урфият намегӯянд: «Мол дорӣ – ҳол дорӣ». Дар робита ба ин ва оид ба парваришу истифодаи чорво бо доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори кафедраи зоотехнияи ҷузъӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия Тӯйчӣ Рӯзиев мусоҳиб шудем.
- Чаро бо вуҷуди шароити мусоиди табиӣ ва иқлими хуб нархи маҳсулоти соҳаи чорводорӣ ҳанӯз гарон аст?
- Афзоиши рӯзафзуни аҳолӣ водор мекунад ба чорводорӣ, ки манбаи асосии истеҳсоли гӯшту шир мебошад, муносибати дуюмдараҷа надошта бошем. Ҳоло саршумори чорво дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 2 миллиону 404 ҳазор сарро ташкил дода, 93 дарсади он дар дасти аҳолӣ қарор дорад. Табиист, ки манбаи асосии ғизои чорво чарогоҳҳо буда, барои чаронидани як гов як гектар чарогоҳ лозим аст. Дар ҳафт фоиз замини ҳамворе, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст, талаботи мардумро ба чарогоҳ ва чорводорӣ қонеъ намудан аз имкон берун мебошад.
Чарогоҳҳо, ба ҳеҷ ваҷҳ, намеафзоянд, бинобар ин роҳҳои дигари ҳалли мушкилотро бояд ҷустуҷӯ кард. Олимон ягона роҳи рушди ин соҳаро дар хушзоткунӣ мебинанд. Ҳоло замони фановарист, вале фаҳмишҳо ҳанӯз шахшудаанд. Гуфтан бамаврид аст, ки бинобар сабаби надонистани илми парвариши чорво, технологияи нигоҳдорӣ, парво кардан ва насл гирифтан аз имкониятҳои зоотехнияи муосир истифода намебарем. Бо ҳамин сабаб зиёда аз 15 сол мешавад, ки хоҷагиҳои фермерии чорвопарварӣ тараққӣ намекунанд. Ба чорводорӣ тарзе муносибат карда истодаем, ки 50 сол пеш мекардем.
Яке аз сабабҳои дигари кам гардидани маҳсулнокии чорво кам гардидани кишти майдони алафҳои хӯроки чорво дар сохтори кишти зироатҳо мебошад. Агар соли 1990 аз майдони умумии парвариши зироатҳо кишти зироати хӯроки чорво 30 фоизро ташкил мекард, ҳоло ин рақам ба 10 — 12 фоиз расидааст. Истеҳсоли хӯроки ширадор қариб аз байн рафтааст.
- Оё дар ҷумҳурӣ имконияти офаридани зотҳои навро дорем?
- Говҳои тоҷикии зоти сиёҳало бояд дар ҷумҳурӣ яке аз заминаҳои асосии баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои аҳолӣ гардад. Шахсе, ки ба чорводорӣ машғул аст, бояд нисбат ба чорво дилсӯз бошад. Дар ҳамон сурат ӯ метавонад аз чорво маҳсулоти дилхоҳ гирад. Мо алҳол аз захираҳои дохилӣ ба таври назаррас истифода бурда наметавонем, ки он сабабҳои объективӣ дорад. Дар кишвар фақат соли 2001 – ум зоти нави говҳои сиёҳало ихтироъ шуданд. Он ягона зоти тоҷикӣ ва маҳсули заҳмати олимони тоҷик, докторони илмҳои кишоварзӣ Нормат Аҳмадалиев, Тӯйчӣ Рӯзиев ва Т. Иргашев мебошад. Ин боис ба ифтихор аст, вале набояд қаноатманд шуд. Афзоиши рӯзафзуни аҳолӣ ва талабот ба маҳсулот тақозо мекунад, ки зотҳои нави ба шароити иқлим мутобқгардондаро ба вуҷуд орем, то ҳамтои сиёҳало бошад.
- Олимон оид ба зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар шароити кунунӣ чӣ чора меандешанд?
- Барои дар оянда рушду тараққӣ додани соҳаи чорвоводорӣ зарур аст, дар ҳама сохтори хоҷагидорӣ ба хушзоткунии чорво машғул шавем. Ба харидани зотҳои беҳтарини ширдеҳ тавони хоҷагиҳои хурд намерасад. Аз ин лиҳоз, чорвое, ки ҳоло дар ҳисоби хоҷагиҳои шахсӣ ва дигар сохторҳои хоҷагидорӣ қарор доранд, асосан маҳаллӣ буда, хушзот нестанд. Аз як сар модагов 4 — 5 литр шир дӯшида мешавад, ки ин аз ҷиҳати иқтисодӣ маблағеро, ки барои як сар гови ширдеҳ сарф мешавад, пӯшонида наметавонад. (Ин маънои онро дорад, ки як сар модагов ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағи 12-15 сомонӣ маҳсулот медиҳад, вале ба нигоҳ доштани он то 30 — 40 сомонӣ харҷ мешавад.)
Бояд дар тамоми шакли хоҷагидорӣ бордоркунии сунъиро аз нав ба роҳ монем, бо ҳамин роҳ метавон чорворо хушзот намуда, маҳсулнокиро баланд бардошт. Соли 1990 дар ҷумҳурӣ 500 нуқтаи бордоркунии сунъӣ мавҷуд буд. Ҳоло 297 нуқта мавҷуд аст, ки талаботро дар ин самт қонеъ намегардонад. Солҳои пеш василаҳои бордоркунӣ (нутфа) – ро аз стансияҳои бордоркунии сунъии шаҳри Москва меоварданд, ки асли онҳо аз шаҳрҳои Ленинграду Сибир, Украина, ҷумҳуриҳои назди Балтика, ШМА, Канада, Франсия, Олмон, Исроил буданд. Ин ба манфиати кор набуд, чунки роҳбарону мутахассисони онвақта ба шароит мутобиқшавии чорворо ба назар намегирифтанд. Мо — олимон итминони комил дорем, ки дар дохили ҷумҳурӣ дастовардҳои бузурги селексионии ба талаботи зотрӯёнӣ ҷавобгӯ тавлид хоҳад ёфт. Барои мисол, солҳои 80 — уми асри XX Абдуҷаббор Самадов аз Исроил 100 василаи бордоркунии буққаҳои зоти голштиниро, ки модаронашон то 10000 литр шир додаанд барои хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Пролетар (ҳозира хоҷагии ба номи А. Самадови ноҳияи Ҷ. Расулов) овард. Дар натиҷаи бурдани корҳои илмӣ муайян шуд, ки насли буққаҳои исроилӣ аз ҳама каммаҳсултаринанд. Ин гувоҳи он мебошад, ки аз як минтақа ба минтақаи дигар овардани чорво, бе дарназардошти мутобиқкунии он, метавонад бе манфиат ва натиҷаи дилхоҳ бошад.
- Кадом омилҳои дигар метавонанд ба рушди чорводорӣ мусоидат кунанд?
- Ҷанбаи дигар парвариши гӯсола аст. Гӯсолаҳо меъёри муайяншудаи ширро бояд хӯранд. Пештар ба гӯсолаҳо шири сунъӣ ва ё шири беравған мехӯрониданд. Ҳоло ин усул истифода намешавад.
Мувофиқи талаботи зоотехникӣ, гӯсола дар 18 — моҳагӣ бордор карда мешавад. Аммо дар деҳот ин нишондод ба назар гирифта намешаванд. Аз гӯсолае, ки дар 18 — моҳагӣ бордор шудааст, нисбат ба гӯсолае, ки дар сесолагӣ ё 36 — моҳагӣ бордор шудааст, мо метавонем ду гӯсола ва ду сол зиёдтар шир гирифт. Аз ин хотир, гӯсолаҳоро аз рӯзи аввали ҳаёташон баробари шир, ба хӯрдани сабӯсу хӯрокҳои дурушт ва ширадор одат кунонидан лозим аст.
Такрористеҳсолкунӣ яке аз роҳҳои зиёд намудани саршумор аст, ки ба назар гирифта намешавад. Агар модагов дар 2 — 3 сол як гӯсола диҳад ҳам, бо он муросо менамоянд. Ҳол он ки модагов бояд дар як сол 305 рӯз шир ва гӯсолаи солим дода тавонад.
Давраи сервисӣ (аз таваллуд то бордоршавӣ) барои чорводорон бояд омили асосии ба танзим даровардани такрористеҳсолкунӣ гардад. Бо кӯтоҳ кардани ин давра метавон дар 2 сол 3 гӯсола гирифт.
- Ҳоло дар соҳаи чорводорӣ ба чӣ авлавият додан муҳим аст?
- Хостагирӣ яке аз рукнҳои асосии чорводорӣ ба ҳисоб меравад. Хоҷагиҳои навташкил ин чизро нодида мегиранд. Бо мақсади хушзот намудани насли чорво одатан он модаговҳоеро, ки авлоди сермаҳсул, хусусиятҳои ба зот хос ва ба шароити маҳал ҷавобгӯй мебошанд, хоста мегиранд. Инчунин, ба ҳар модагове, ки хоста мегиранд, буққа интихоб мекунанд. Буққаро ҳамон тавре интихоб менамоянд, ки маҳсулнокии модари он нисбат ба маҳсулнокии модагов 1000-1500 литр зиёд бошад. Дар ҳамон сурат таъсири селексия пайдо шуда, маҳсулнокии насли онҳо то 3500 кило зиёд мешавад. Дар деҳот ба як чиз эътибор намедиҳанд. Як буққа метавонад подаро бордор намуда, боис ба бадшавии зот гардад. Омили дигари афзун гардонидани ҳосилнокии маҳсулоти чорво беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо дар асоси қоидаҳои агротехникӣ мебошад, ки ба рушди соҳаи чорводорӣ мусоидат мекунад. Нигоҳубини ояндаи чарогоҳҳо ба зиммаи хоҷагидорон вобаста карда шудааст, ки ба манфиати кор нест.
- Хоҷагиҳои чорвопарварие ҳастанд, ки дар онҳо зоти говҳои тоҷикӣ парвариш ёфта, намунаи ибратанд?
- Хоҷагиҳои зотпарварие, ки бо технологияи муосир фаъолият менамоянд, хоҷагии кооперативии ба номи Латиф Муродов, «Баракати чорводор» — и шаҳри Ҳисор, ба номи Абдуғаффор Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов, хоҷагии «Хуросон»-и ноҳияи Хуросон, «Саодат»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Навгилем» -и ноҳияи Исфара ва чанде дигар мебошанд. Дар онҳо аз ҳар сар гов соле ба ҳисоби миёна 5-7 ҳазор литр шир дӯшида мешавад. Хуб мешуд, дар ҳар як ноҳияи ҷумҳурӣ, ки иқлими муносиб барои чорводорӣ дорад, хоҷагиҳои хурди фермерӣ, ки ақаллан 30 — 50 сар чорво парвариш мешавад, таъсис дода шавад.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Обшорон» — и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Комплекси чорводории гӯштии «Мармарӣ» барои нигоҳубини 3500 сар чорвои калони зоти гӯштӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд, ки дар мамлакат калонтарин ба ҳисоб меравад. Агар теъдоди чунин комплексҳо афзояд, он гоҳ гуфта метавонем, ки чорводорӣ рушд ёфта истодааст.
- Проблемаҳое, ки ба пешрафти соҳаи чорводорӣ халал мерасонанд, кадомҳоянд?
- Аз он ки маълумоти омориро ба соли гузашта қиёс мекунем ва имсолро аз порсола бартарӣ медиҳем, хуб мешуд, роҳи рушд — зотпарварӣ ва хушзоткуниро ба мардум талқин намоем. Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо зиёд кардани нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, васеъ намудани майдони кишти хӯрокҳои ширадори чорво, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, метавонанд ба рушди соҳа таҳрик бахшанд.
Мусоҳиб
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»