Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар ДДТТ олим шудӣ, 4000 сомонӣ насибат мегардад

№94 (4356) 17.07.2021

12- Мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 2021 ҷойи ҳафтумро ишғол намуда, ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид,- изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ ректори он Маҳмадалӣ Қурбонзода.

Аз якуми январи соли равон музди меҳнати кормандони таълимгоҳ 5 фоиз зиёд шуда, омӯзгорону кормандони он, ки дар хобгоҳи муассиса зиндагӣ мекунанд, аз пардохти маблағ барои истиқомат озод шуданд.

Зикр шуд, ки фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва робитаҳои байналмилалӣ низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ду Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ фаъолият менамоянд. Омӯзгороне, ки соли ҷорӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо 4000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

- Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва ба ин васила омода намудани мутахассисони варзида дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, — гуфт Маҳмадалӣ Қурбонзода.

Айни ҳол дар доираи лоиҳаи МIETC таҳияи барномаи магистрии идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодиёташон дар давраи гузариш қарордошта амалӣ шуда истодааст. Мақсади асосии он сайқал додани малакаи забономӯзии омӯзгорони донишгоҳ (забони англисӣ), ки аз фанҳои соҳаи иқтисодӣ дарс мегӯянд, ба ҳисоб меравад. Дар маҷмӯъ, шаш лоиҳа дар донишгоҳ мавриди татбиқ қарор дорад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»