Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ба роҳ монда, дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, — гуфт раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода дар нишасти матбуотие, ки 15 июли соли 2021 баргузор гардид.
Номбурда афзуд, ки бо мақсади эмин доштани чорво, таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва барҳам задани манбаъҳои эҳтимолии сироят ба маблағи 2400380 сомонӣ воя баҳри пешгирии сӯхтанӣ, вабои сумдард, брутселёз, тоун харидорӣ шуд.
Дар нимсолаи аввали сол вобаста ба бемории сил дар 12095 сар чорвои калон санҷиш гузаронида, ягон ҳолати мусбат муайян нашуд.
Ҳамчунин, ба иншооти нигоҳдорӣ, сардхонаҳо, сехҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ, дӯконҳои гӯштфурӯшӣ, нуқтаҳои куштори чорво 4284 шаҳодатномаи байторию санитарӣ дода шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳурӣ 771120 сомонӣ ворид гардид. Аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ дар самти байторӣ 5746385,2 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шуд.
Дар ин муддат 570016 ташхис, аз ҷумла, 122794 ташхиси гӯшт, 56124 ташхиси шир, 6259 ташхиси равған амалӣ гардида, тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ, маҳсулоти ба истеъмол ҷавобгӯнабуда, аз ҷумла, 2389, 7 кг маҳсулоти гӯштӣ, 8682,0 кг маҳсулоти ширӣ, 899 литр равғани рустанӣ нобуд карда шуд.
Дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, барои вайрон намудани қоидаҳои байторию фитосанитарӣ нисбат ба 73 соҳибкор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ашхоси муҷрим 97000 сомонӣ ҷарима шуданд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»