- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идора, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 142 чорабинии назоратӣ гузаронида, ба маблағи 83,2 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд. Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, товони зарари молиявӣ ба маблағи 80,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла, ба буҷет 39,0 миллион сомонӣ, ба корхонаҳо 16,6 миллион сомонӣ барқарор шуд, ки 97,0 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад, — иброз дошт муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 15 июли соли ҷорӣ доир гардид.
Чорабиниҳои аудиторӣ, ҳамчунин, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои давлатиро ба маблағи 20,0 миллион сомонӣ ва талафи онҳоро 52,7 миллион сомонӣ ошкор намуданд. Дар самти назорат оид ба баҳодиҳии иҷрои буҷети давлатӣ дар 26 сохтори вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 109 чорабинии аудиторӣ гузаронида, зарари молиявӣ ба маблағи 52,9 миллион сомонӣ ошкор шуда, 52,0 миллион сомонӣ ё 98,2 фоизи он, аз ҷумла, ба буҷет 24,5 миллион сомонӣ, ба корхонаҳо 14,9 миллион сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 12,4 миллион сомонӣ, барқарор гардид.
Ҷиҳати таъмини назорати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар нимсолаи аввали сол чорабиниҳои аудиторӣ оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Айнии вилояти Суғд ва ноҳияи Файзобод гузаронида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 8,7 миллион сомонӣ ошкор шуд.
Ҳамчунин, дар ин давра чорабиниҳои аудиторӣ дар ҳашт марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа, аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон, риоя нагардидани воридоти андоз дар қисми даромади буҷет ва дигар хароҷоти ғайриқонунӣ зарари молиявӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ муайян ва пурра барқарор гардид.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»