Аз нишастҳои матбуотӣ

Варзоб. Қарз аз пардохти музди меҳнат вуҷуд надорад

№95 (4357) 22.07.2021

DSC01962Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода дар нишасти матбуотие, ки 19 июли соли равон доир гардид, ба хабарнигорон маълумоти муфассал ироа намуд. Бино ба гуфти ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ноҳия истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 25 миллиону 812 ҳазору 780 сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 908 ҳазору 980 сомонӣ зиёд мебошад. Қисми даромади буҷет дар ин давра ба маблағи 18 миллиону 916699 сомонӣ иҷро гардида, аз нақша 761339 сомонӣ зиёд аст. Қисми хароҷот 23 миллиону 39 ҳазор сомонӣ (96,0 фоиз) иҷро гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 14 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 26 миллиону 982,3 ҳазор сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 273 500 сомонӣ зиёд аст. Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар нимсолаи соли 2021 вуҷуд надошта, ҷамъоварии андоз ба 104 фоиз баробар гардид, — гуфт ӯ.

Дар ноҳия 982 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти 110-тои он мавсимӣ ва дар «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб — Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шароит доимо фароҳам аст.

Дар шаш моҳи соли равон 22267 нафар сайёҳи дохилӣ ва 3612 нафар сайёҳи хориҷӣ ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия ташриф оварда, аз ҳисоби хизматрасонӣ ба буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 566057 сомонӣ маблағ ворид гардид.

- Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 270 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

То ҳол 201 адади он мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони 89-тои боқимонда бомаром идома дорад, — афзуд Муҳаммадулло Шерализода.

М. ЗОКИР,

 «Садои мардум»