Аз нишастҳои матбуотӣ

Низоми кредитӣ масъулияти донишҷӯро зиёд мекунад,

№95 (4357) 22.07.2021

- чунин андеша доранд дар ДТТ

DSC_5660- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз соли 2007 ба низоми кредитии таҳсил гузашт. Бартарияш дар он аст, ки масъулияти донишҷӯро зиёд ва ӯро водор мекунад, ки ба дарс ва санҷишу имтиҳонот омодагии ҷиддӣ гирад, — шарҳ дод муовини якуми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маҳмуд Тошматов.

Доир ба ин ва дигар масъалаҳо журналис­тон зимни ­нишасти матбуотие, ки 15 июли соли равон доир гардид, маълумот гирифтанд.

Қайд шуд, ки соли ҷорӣ аз ҷониби КОА ба 4 устоди донишгоҳ унвони илмии дотсент дода шуд. Қариб нисфи омӯзгоронро (45,7%) ҷавонон ташкил дода, аз онҳо 11 номзади илм ва 3 нафар доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) мебошанд. Аз миқдори умумии донишҷӯён 4101 нафар аз тариқи шартномавӣ (73,0 %), 1410 кас буҷавӣ (25,0 %) ва 124 шахс тавассути квота ва бурсияҳо (2,2 %) таҳсил менамоянд.

Инчунин, зикр гардид, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ тамоюли баландшавиро касб намудааст. Барои мисол, агар соли 2018 он дар рейтинг байни 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷойи 12 — умро ишғол намуда бошад, соли 2021 ба мақоми 8-ум баромад.

Алҳол дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикис­тон 8 факултет, 19 кафедра, 2 марказ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара, Гимназия дар шаҳри Кӯлоб ва Литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд. Теъдоди донишҷӯёни таълимгоҳ 5625 нафарро ташкил медиҳанд, ки тибқи низоми кредитӣ таълим гирифта истодаанд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»