Аз нишастҳои матбуотӣ

Махзани қонунгузории маркази миллии қонунгузорӣ ғанӣ аст

№95 (4357) 22.07.2021

IMG-lastМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» — ро таҳия кард. Дар ин бора директори он Изатулло Саидзода 19 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 53 лоиҳаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуда, барои мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи қонунҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 300 таклифи асоснок манзур гардид.

- Яке аз самтҳои асосии фаъолият тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар зинаҳои аспирантура ва унвонҷӯӣ мебошад. Айни ҳол дар марказ 15 унвонҷӯ қабул шуданд, — изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, махзани қонунгузории марказ ғанӣ буда, дорои 389 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 15 санади байналмилалӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»