Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№42 (3188) 26.04.2014

Худоёров1

Қонунҳои амалкунанда такмил меёбанд

23 апрели соли 2014 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа доир шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардид: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми вазъияти фавқулодда», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Вобаста ба ин масъалаҳо хулосаҳои кумита  қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Гулмахмадов1

Қонунҳо ба рушди кишоварзӣ мусоидат менамоянд

23 апрел таҳти раёсати Давлатшо Гулмаҳмадов ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор шуд

Зимни суханронии ифтитоҳиаш Давлатшо Гулмаҳмадов минҷумла зикр намуд, ки рӯзномаи ҷаласа  фарогири масъалаҳои зерин: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» мебошад. Сипас, номбурда масъалаҳои мавриди баррасиро муфассал шарҳ дод.

Аъзои кумита вобаста ба масъалаҳои рӯзнома андешаҳояшонро иброз дошта, дар маҷмӯъ онҳоро ҷонибдорӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа доир ба масъалаҳои баррасишуда дар алоҳидагӣ хулосаҳои кумита қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

курбонов

Ҷонибдории тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи гурезаҳо

23 апрели соли 2014 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа доир гардид.

Дар ҷаласа як масъала – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» баррасӣ гардид.

Раиси кумита Убайдулло Қурбонов дар ҷаласа зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани қонуни мазкур ба талаботи санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида асосан характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебаранд.

Ҳамзамон тибқи тағйироти пешниҳодгардида, ба қонуни амалкунанда моддаи 31 ва дар моддаҳои 2, 5, 6, 10, 11 ва 13 қисмҳо ва сархатҳои нав илова гардидаанд, ки дар онҳо мафҳуми маркази ҷойгиркунии муваққатӣ, ҳуҷҷати сафарӣ, принсипҳои кор бо шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо, инчунин баъзе ҳуқуқу уҳдадориҳои чунин шахсон пешбинӣ гардидаанд.

Бо хулосаи кумита қонуни мазкур барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ