Аз нишастҳои матбуотӣ

Қонунҳои соҳавӣ такмилу фаъолият тавсеа меёбад

№96 (4358) 24.07.2021

davlatzoda- Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа, бо мақсади такмил додани низоми таъминоти нафақа лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардид. 30 июни соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои зикршуда қобили қабул дониста шуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, — гуфт директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода 21 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли равон буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1602,2 млн. сомонӣ  пешбинӣ гардида, ба буҷет 1669,3 млн. сомонӣ ворид гардид. Талабот барои маблағгузории  нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ  1531 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,09 фоиз афзуд. Ҳоло теъдоди нафақагирон 744 785 нафарро ташкил менамояд, ки дар қиёс ба соли 2019-ум 3,1 фоиз зиёд аст. Шумораи маъюбон дар кишвар 157 406 нафар мебошад, ки 21,1 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро ташкил медиҳад.

Дилмурод Давлатзода аз намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват кард, ки барои фаҳмондани тартибу низоми таъмини нафақа ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамкорӣ намоянд.

Б. КАРИМЗОДА

 «Садои мардум»