- Дар нимсолаи аввали сол идораҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 60093 истифодабарандаи об, барои обёрӣ намудани 545524 гектар замин шартнома имзо карда, ба онҳо 1981,0 миллион метри мукааб об бо арзиши 38,2 миллион сомонӣ расонид, — гуфт муовини якуми директори агентӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода дар нишасти матбуотие, ки 21 июли соли 2021 баргузор гардид.
Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳаққи обрасонӣ сари вақт ва пурра пардохт намешавад. Бинобар ин, қарздорӣ афзоиш ёфта, 152,68 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади рӯёнидани қарз ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба маблағи 19,66 миллион сомонӣ аризаҳои даъвоӣ пешниҳод гардида, 4,2 миллион сомонӣ рӯёнида шуд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, бо истифодаи 8.9 миллион кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз 424 дастгоҳи обкашӣ ва 67 чоҳи амудӣ фаъолият доранд.
Инчунин, қайд гардид, ки қарзи идораҳои зертобеи агентӣ аз истифодаи неруи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик», бо дарназардошти қарзи солҳои гузашта, 321,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», бо харҷи 5 миллион сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расида, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳо беҳтар шуд.
«Барномаи давлатии соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» низ дар сатҳи хубу сифати баланд татбиқ гардида, маблағи бо ин мақсад харҷшуда қариб 36 миллион сомониро ташкил дод.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»