Аз нишастҳои матбуотӣ

Барои риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим 349 кас 1388270 сомонӣ ҷарима шуданд

№96 (4358) 24.07.2021

1028168050_0_109_3001_1995_1920x0_80_0_0_2362f0e3e9c2f7af5305151eef1a3c06Дар нимсолаи якуми соли 2021 ба судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳо 84686 парвандаи судӣ ва санади судӣ аз рӯи пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 11846 адад зиёд мебошад. Дар ин бора раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён 19 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфти ӯ,  аз шумораи парвандаҳои баррасигардида, дар марҳилаи якум 7612 ададро парвандаҳои гражданӣ, 22514 — оилавӣ, 5991 — ҷиноятӣ, 26031 — маъмурӣ, 4161 — дархости мақомоти тафтишоти пешакӣ ва 4014 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳад.

- Аз ҷониби судҳо барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда баррасӣ гардида, 349 шахс 1388270 сомонӣ ҷарима шуданд.

Шумораи парвандаҳо, бинобар риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба 9138 адад расида, нисбат ба 3576 нафар огоҳӣ ва 4458 кас ҷарима ба маблағи 743 598 сомонӣ таъин гардид. Судҳо бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ҳолат, сабабу шароитҳои вайронкунии қонун 13425 таъиноти хусусӣ бароварда, 388 ҷамъбасти амалияи судиро гузаронида, ба мақомоти дахлдор 660 пешниҳод ирсол намудаанд, — изҳор дошт раиси Суди Олӣ.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»