Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Владимир Путин

№96 (4358) 24.07.2021

22 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғоз Президенти Федератсияи Россия дар иртибот ба даргузашти хоҳари Сарвари давлат изҳори тасаллии амиқ карда, инчунин, оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия мубодилаи афкор намуданд.

Таваҷҷуҳи хосса ба мувофиқа кардани ҷадвали мулоқот ва тамос­ҳои дар сатҳи олӣ пешбинишуда ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар сиғаи ҳамкории бисёрҷониба зоҳир шуд.

Дар ин замина, ҷонибҳо ҷараёни омодагиро ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Аҳамияти татбиқи минбаъдаи иқтидори азими ҳамёрии Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои ҳамкорӣ таъкид гардид.

Сарони ҳар ду давлат оид ба талошҳои минбаъдаи тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози ақида намуданд. Дар ин замина, масъалаҳои марбут ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон соли равон вазифаи раисиро дар созмонҳои бонуфузи минтақавии зикршуда иҷро мекунад.

Ҳамчунин, мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ сурат гирифт. Аз ҷумла, мушкилоти Афғонистон баррасӣ шуд. Муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар суҳбат карданд. Ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд ҳам ҳамоҳангсозии зичи амалҳои ҷонибҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

www.president.tj