Бозор Сафаралиев хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Москва аст. Баъди анҷоми таҳсил дар он муассисаи бонуфузи таълимӣ чанд муддат ба ҳайси устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва ҳунари ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият кард. Ҳамчунин, вазифаҳои сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарварии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти вазоратро ба уҳда дошт. Ҳоло доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишкадаи фарҳанги шаҳри Челябинск мебошад.
Суроғаи ӯро пайдо карда, ҳамроҳаш суҳбат оростем.
- Тайи солҳои охир шумо дар ҷодаи илм бештар ба комёбиҳо ноил шудед ва ин чӣ гуна даст дод?
- Бале, бо вуҷуди мушкилот, соли гузашта дар ҷодаи илму эҷод баъзе аз пешравиҳо буданд. Ноил шудан ба муваффақият, пеш аз ҳама, ба худи шахс вобастагӣ дорад. Дар Донишкадаи фарҳанг, ки 15 сол боз фаъолият дорам, ҳама шароит барои таҳсили донишҷӯён ва тадқиқоти илмӣ фароҳам аст. Дар ин муддат 9 рисолаи илмӣ навиштам, ки қисми бештари онҳо таърихи фарҳанги халқи тоҷикро дар давраҳои охири қарни XIX ва аввалҳои қарни XX дар бар мегиранд. Зиёда аз 150 мақола ва дастури методиам низ ба чоп расиданд. Соли 2012 аввал узви пайваста, имсол бошад, ҳамчун узви вобастаи (академики) Академияи фанҳои дақиқи Россия интихоб шудам. Инчунин, бандаро бо ордени «LABORE ET SCIENTIA» («Бо дониш ва меҳнат») ва унвони «Ходими шоистаи илм ва маорифи Федератсияи Россия» қадрдонӣ карданд. Аъзои Шӯрои диссертатсионии доктории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Қазон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ ҳастам. Зери роҳбариям чор нафар рисолаи номзадиро дар шаҳрҳои Москва ва Челябинск дифоъ намуда, чанд нафари дигар ба пажӯҳиш машғуланд.
- Ин, албатта, боис ба ифтихор аст. Аммо чӣ боис шуд, ки фаъолияти илмӣ — эҷодиро берун аз Ватан идома диҳед?
- Фаъолияти 40 — солаи илмию эҷодиам асосан ба ду кишвари дӯст — Тоҷикистону Россия вобаста аст. Илму эҷод сарҳад надорад. Дар ҳар ҷое фаъолият дошта бошам, бо ёди Тоҷикистони азиз ҳастам ва фарҳанги волою қадимаи онро ҳамеша тарғиб менамоям. Ҳоло бо зарурат дур аз Ватан қарор дорам.
- Мегуфтед, ки дар Донишкадаи фарҳанги Челябинск шароити таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик чӣ гуна аст?
- Ҳоло вилояти Челябинск ва маркази ҳамноми он бо бисёрмиллатиаш дар Федератсияи Россия шуҳрат ёфта, дар он зиёда аз 160 халқу миллат зиндагӣ ва фаъолият мекунанд. Челябинск шаҳри зебою фарҳангӣ ва мардумаш меҳмоннавоз аст. Дар он муассисаҳои таълимоти олӣ ва миёнаи махсус зиёд буда, намояндагони аксар давлатҳои хориҷӣ дар онҳо таҳсил менамоянд. Дар донишкадае, ки фаъолият дорам, соли 2006 аввалин донишҷӯён аз Тоҷикистон, Муғулистон ва Ӯзбекистон ба таҳсил оғоз карданд. Алҳол шумораи ҷавонони тоҷик, ки дар ин ҷо мехонанд, 12 нафар аст. Ба ғайр аз онҳо донишҷӯён аз давлатҳои Африка, Колумбия, Гватемала, Қазоқистон, Эрон, Чин, Корея, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус низ таҳсил доранд. Онҳо бо шароити иҷтимоиву зиндагӣ ва таълимӣ таъминанд. Чанде аз мутахассисони тоҷик низ бозомӯзиро дар ин донишкада гузарониданд. Зимни фаъолият ба сифати сардори раёсати хориҷии донишкада тавонистем шаш лоиҳаро барои бозомӯзии мутахассисони самтҳои гуногуни фарҳанги Тоҷикистон, бо кумаки бахши Тоҷикистонии Институти ҷомеаи кушод амалӣ намоем. Курсҳои бозомӯзӣ зиёда аз 150 нафарро фаро гирифтанд.
Ҳарчанд дар ин ҷо барои донишазбаркунӣ ҳама шароит муҳайёст, аммо мушоҳида менамоям, ки на ҳама ҷавонони ҳамватан хоҳишу майли донишандӯзӣ доранд. Ин, албатта, боис ба таассуф аст. Қобилияти донишазбаркунӣ ва забондонии бархе аз онҳо бисёр суст буда, бо чунин рафтору бепарвоӣ рӯзу солҳои қимати ҷавониро беҳуда мегузаронанд. Хуб мебуд, роҳбарону мутахассиони Вазорати илм ва маорифи ҷумҳурӣ, масъулони дигар сохторҳои марбута, вакилони мардумӣ баъзан ба ин ҷойҳо омада, аз ҳоли ҳамватанон бохабар мешуданд, то ҷавонон, ки дар кишварҳои хориҷа, аз ҷумла дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия, кору таҳсил доранд, аз мадди назар дур набошанд. Дар хотир дорам, ки овони донишҷӯиамон дар шаҳри Москва (солҳои 1970 — 1980), ҳар сол як — ду маротиба ба донишкада аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон масъулон хабаргирӣ меомаданд. Онҳо, баъди бо роҳбарони донишкада мулоқот кардан, дар гирди дастархони донишҷӯӣ бо мо самимона суҳбат мекарданд. Он лаҳзаҳо бисёр таъсирнок буданд. Ҳоло аз тақдири донишҷӯён кам касон пурсон мешавад.
- Шуморо ташаббускори ҷорӣ кардани расму оин ва анъанаҳои тоҷикон, на ин ки дар таълимгоҳ, балки дар шаҳри Челябинск мегӯянд. Дуруст аст?
- Ба қадри имкон дар ин ҷода низ саҳмгузорӣ менамоям. Воқеан, ҳар сол ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу тантана таҷлил мешаваду дар он баробари мо — тоҷикон, русҳо, тоторҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, озарбойҷонҳо ва дигарон фаъолона иштирок менамоянд. Ин иқдоми моро ректори донишкада ва ташкилотҳои ҷамъиятии миллии дар Челябинск фаъолиятдошта низ дастгирӣ мекунанд.
Чанде пеш дар донишкада бо иштироки донишҷӯёни тоҷик базми се нобиғаи адабиёти ҷаҳонӣ — Умари Хайём, Алишери Навоӣ ва Александр Сергеевич Пушкин баргузор гардид. Роҷеъ ба фаъолияти онҳо маърӯзаҳо пешниҳод гардида, донишҷӯён аз эҷодиёти ин намояндагони барҷастаи адабиёт шеърҳо қироат карданд. Мо ба қадри имкон хазинаи китобхонаи донишкадаро бо асарҳои донишмандони машҳурамон ва осорхонаи муассисаро бо маҳсули ҳунармандони тоҷик ғанӣ мегардонем.
- Шояд лаҳзаҳое ҳам мешавад, ки шуморо хумори Ватан мегирад. Дар чунин ҳолатҳо ғубори дилро чӣ тавр мебароред?
- Бо шахси аз Ватан дур чунин ҳолатҳо зиёд иттифоқ меафтад. Чанде пеш дар меҳмонии як шиносам будам ва дар байни ҳозирин шахси солхӯрдае низ ҳамроҳи ҳамсараш ҳузур дошт. Дар оғози суҳбат хостам худро бо забони русӣ муаррифӣ кунам, вале ӯ табассум карда, бо забони тоҷикӣ ба сухан оғоз кард. Маълум гашт, ки 40 сол боз муқими Челябинск буда, ҳамсараш русзабон аст, вале забони модариро фаромӯш накардааст. Соҳиби маълумоти олӣ буда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардаасту ҳоло даври пирӣ меронад. Вай 4 писару 2 духтар, 12 набераву 8 абера дорад. Яке аз фарзандонаш ҳамсари тоҷик дорад. Ҳамсари он пирамард бо лаҳни шево барои аҳли ҷамъомад ғазалҳои Ҳофизро қироат кард. Ҳамчунин, дар ғарибӣ шунидани сабти суруду таронаҳои ҳамватанон, китобҳои донишмандону адибони тоҷик, ки ҳамроҳ дорам, таскин мебахшанд. Инчунин, асбобҳои миллии тоҷикӣ низ дорем, ки навохтани онҳо бароям як ҷаҳон лаззат мебахшанд. Аҳли оилаам дар Тоҷикистонанд ва ҳар сол ҳангоми рухсатии меҳнатӣ ба аёдаташон меравам.
- Нияти пурра ба Тоҷикистон баргаштан надоред?
- Соли равон 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Насиб бошад, ният дорам ин ҷашни фархундаро дар Ватан пешвоз гирам ва ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияти илмӣ — омӯзгориро идома хоҳам дод.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»