Сохтори идоракунии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат такмил ёфта, 55 ҷойи нави иловагии корӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора ректори донишкада Убайдулло Асрорзода 21 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, соли 2021 вобаста ба зиёд гардидани шумораи донишҷӯён ва пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ чор кафедра таъсис ёфт, ки аз аввали соли таҳсили 2021-2022 ба фаъолият оғоз менамоянд. Инчунин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси филиалҳои донишкада дар вилоятҳои Суғду Хатлон розигӣ доданд ва барои пешбурди фаъолият аз рӯйи 15 ихтисоси нав иҷозатнома гирифта шуд.
Дар нимсолаи аввали соли равон тибқи натиҷаҳои мониторинги сифати таҳсилот донишазхудкунии донишҷӯён 84,3 дарсадро ташкил дод.
Баъд аз ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ, масоҳати таълимии донишкада ба маротиб васеъ гардида, шумораи ҷойҳои нишаст ба 7557 адад расонида мешавад, ки нисбат ба соли пеш 3061 ҷой зиёд мебошад. Бо дарназардошти васеъ шудани масоҳати муассисаи таълимӣ ва тақвияти пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ-методӣ нақшаи қабул барои соли таҳсили 2021-2022 барои 845 нафар зиёд шуд.
Инчунин, тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада, баҳри бонувон барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 20 ҳазор сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.
Шариф СОЛЕҲ,
«Садои мардум»