Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», 21 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 36 ҳазор муштарӣ беш аз 661,9 миллион сомонӣ қарз гирифтаанд ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 36,7 ва 23 фоиз зиёд аст.
Сироҷиддин Икромӣ қарзҳоро раддабандӣ карда, гуфт, ки 22,4 фоизи онҳо ба соҳаи саноат, 19,9 — кишоварзӣ, 18,2 — истеъмолӣ, 7,2 — сохтмон, 22,7 — тиҷорат, 7,3 фоиз нақлиёт ва ба дигар хизматрасониҳо, аз қабили сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ 2,3 фоиз рост меояд. Дар бобати фоизи қарз зикр шуд, ки он аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 10 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян шудааст.
Пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд – 92,2 фоиз қарор дошта, аз меъёри муайяннамудаи Бонки миллӣ хеле зиёд аст. Вобаста ба сабабу монеаҳои ба таври зарурӣ рушд накардани пардохти ғайринақдӣ зикр шуд, ки то маърифати истифодабарандагон боло наравад, пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар зиёд намешавад ва нокифоягии пули нақд боқӣ хоҳад монд.
- Ҳарчанд гардиши ғайринақдии маблағ 23 фоиз зиёд гардида, ба панҷ миллиард сомонӣ расида, 55 фоизи нафақа аз тариқи банкоматҳо ва 45 фоиз тавассути POS – терминалҳо гирифта мешавад, вале аз ин нишондиҳандаҳо қаноатманд нестем. Кӯшиш дорем, ки дар заминаи аз байн бурдани дастраснамоии маблағ ба воситаи хазинадор, барои истифодаи номгӯйи васеи хизматрасониҳо аз тариқи банкомату POS – терминалаҳо шароит фароҳам орем.
Мутаассифона, муносибату рағбати баъзе аз истифодабарандагон шаҳодати он аст, ки дар симои технологияҳои зикршуда «хазинадорҳои оҳанӣ»-ро мебинанд. Ҳол он ки дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ҷаҳон, бинобар майл надоштани бархе ба истифодаи чунин таҷҳизот, бонкҳо банкоматҳояшонро ба фурӯш гузоштанд. Умед дорем, ки ояндаи наздик истифодаи банкомат маҳдуд ва дастрасӣ ба хизматрасонии ғайринақдӣ зиёд хоҳад гашт, — афзуд Сироҷиддин Икромӣ.
Раиси бонк нокифоягии маблағро дар банкоматҳои марбут ба «Амонтбонк» бо далелҳои раднопазир шарҳу тавзеҳ дода, далел пеш овард.
Баҳри тақвияти андеша Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки имкон фароҳам аст, аз банкоматҳои «Амонатбонк» дорандагони кортҳои пардохтии дигар бонкҳо низ пул гиранд. Масалан, соли гузашта ин нишондиҳанда 400 миллион сомониро ташкил додааст.
Ҳоло «Амонатбонк» дорои 284 банкомат буда, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ боз 100 банкомати дигар харидорӣ кардааст, ки рӯзҳои наздик ба мамлакат ворид ва дар минтақаҳои ба онҳо ниёздошта васлу насб мегарданд.
Д. МЕРГАН,
«Садои мардум»