Дар ин бобат раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода 21 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ расонида, афзуд, ки барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 6403 дастур дода шуд.
Номбурда масъаларо муфассал шарҳ дода, минҷумла, зикр кард, ки нисбат ба 5988 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ашхоси муҷрим 2887586 сомонӣ ҷарима шуданд. Аз маблағи зикршуда 2 158 293 сомонӣ (74,7 фоиз) ба суратҳисоби махсус ворид карда шуд.
Ориф Хоҷазода аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута 4889 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардид.
Зимни посух ба саволи пешниҳодшуда дар бобати шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ зикр шуд, ки онҳо 191649 адад ва шумораи саҳмдорон 796094 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин 70890 хоҷагии деҳқонӣ дар вилояти Суғд, 70020 — вилояти Хатлон, 16372 — ВМКБ ва 34365 хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти сохтор делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад мебошад. Дар давраи зикршуда бо намояндагони давлатҳои ҳамсарҳад дар доираи комиссияҳои ҳукуматӣ ду вохӯрӣ бо намояндагони ҷониби Қирғизистон ва нуҳ вохӯрии гурӯҳҳои кории демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир шуд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар робита ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12 иншоот эъмор кардааст.
Далери АБДУЛЛО,
«Садои мардум»