Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 16 миллиард сомонӣ расид

№99 (4361) 31.07.2021

Tehnalogiyai-nav-2-1Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2021 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиарду 632,5 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиарду 557,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 123,4 дарсадро ташкил додааст. Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шералӣ Кабир 28 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод

Бино ба гуфти ӯ, суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар дар ин давра байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баландтарин мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 54,4 дарсад ба саноати коркард, 24 — ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво, 21,1 — ба саноати истихроҷ ва 0,5 дарсад ба соҳаи таъминоти об, тозакунию, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа рост меояд. Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ, 1 миллиарду 231,6 миллион доллари ИМА — ро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дар нимсолаи якуми соли 2021-ум 78 корхона бо 963 ҷойи корӣ ва 79 коргоҳ бо 403 ҷойи корӣ ба истифода дода шудаанд.

- Дар давраи зикршуда 157 коргоҳҳои нави саноатӣ ба истеҳсолот оғоз карданд, ки 143,4 миллион сомонӣ ё 0,9 дарсади маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар дар онҳо истеҳсол шуд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи саноат 2 миллиарду 416,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 дар соҳаи истихроҷ 63,7 миллион сомонӣ ва коркард 126,1 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Айни замон дар кишвар 2319 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 1756 корхона пурра, 467 корхона мавсимӣ фаъолият намуда, 96 корхона умуман фаъолият накардааст, — изҳор дошт Шералӣ Кабир.

Сабаби асосии фаъолият накардани корхонаҳо дар марҳилаи барҳамхӯрӣ қарор доштан, муфлисшавӣ, мушкилоти молиявӣ, қарз аз ҳисоби андоз, баҳс бо бонкҳо, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, аз ҷумҳурӣ рафтани роҳбари корхона бинобар шаҳрванди хориҷӣ будан, надоштани бино, қитъаи замин ва ғайра мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»