Дар робита ба даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова — хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Хабари ба сари Шумо омадани мусибати гарон — даргузашти хоҳари Шумо Қурбонбӣ Раҳмонова боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид.
Реҳлати инсони наздик ин фоҷиаи бузурге мебошад, ки дар қалби мо захмҳои ҳеҷ гоҳ шифонаёбандаро мегузорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар иртибот ба ин талафоти гарон ҳамдардӣ ва тасаллияти самимии моро қабул фармоед».