Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№42 (3188) 26.04.2014

шуро

25 апрели соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласа  бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Масъалаҳои рӯзнома – «Дар хусуси Созишномаи грантӣ  (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҳамчун Агентии иҷроияи  Фонди глобалии экологӣ» ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ  (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд чун Мақоми иҷроияи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим» бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод гардиданд.

Бо қарорҳои навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои дигари рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории  умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои додани хулоса ба кумитаҳо ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

«Дар бораи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон» низ Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул кард. Тибқи ин қарор вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрел то чоруми май дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо интихобкунандагонашон мулоқотҳо баргузор намуда, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23 апрели соли 2014 садо дод, тавзеҳ ва аз фаъолияти вакилиашон дар мақоми олии қонунгузор маълумот медиҳанд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ