- То 1 июни соли равон музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1492,5 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 дарсад зиёд шуд. Ин нишондиҳанда дар ташкилот ва намояндагиҳои хориҷӣ 10 780,2 сомонӣ, бахши хизматрасонӣ — 3893,5, фаъолияти молиявӣ — 3920,4, соҳаҳои маориф — 1215,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 1014,6, санъат — 1238,7 ва кишоварзӣ 630,1 сомониро ташкил дод, — гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода 28 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ.
Ӯ, инчунин, иброз намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 72071 нафар муроҷиат намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз зиёд мебошад.
Айни замон дар махзани мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9996 ҷойи кори холӣ, аз ҷумла, 2119 (21,1 фоиз) ҷойи кор дар соҳаҳои тандурустӣ, 1045 (10,4 фоиз) — маориф ва фарҳанг, 1971 (19,7 фоиз) — саноат, 294 (3 фоиз) — сохтмон, 663 (6,6 фоиз) — кишоварзӣ, 551 (5,5 фоиз) — манзилию коммуналӣ, 518 (5,1 фоиз) — нақлиёт ва алоқа, 325 (3,2 фоиз) — савдо ва хизмати маишӣ ва 2510 (25,1 фоиз) ҷойи кори холӣ мавҷуд аст.
Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 190 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 131 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ дар мавзеъҳои нав бо қитъаи замин барои сохтмони манзил таъмин гардиданд, ки мутаносибан 63,7 фоиз ва 64 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Таъмини оилаҳои кӯчонидашуда бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла, обу барқ, бунгоҳи тиббӣ, мактаб, роҳ ва дигар биноҳои маъмурӣ идома дорад.
Дар робита ба мушкилоти интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи мамлакат Ширин Амонзода гуфт, ки бо Давлати Қатар созишнома имзо шудааст, вале талаботи пешниҳоднамуда ба маош ҷавобгӯ нест. Мушкилоти дигар барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, бино ба гуфти вазир, надонистани забони арабӣ аст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»