Беш аз се ҳазор нафар сокини деҳаҳои Чоркӯҳу Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ҳамроҳ бо сокинони деҳаи Самарқандаки Ҷумҳурии Қирғизистон канали оберо, ки аз Хоҷаи Аъло то Самарқандак панҷ километр тӯл кашидааст, бо баргузории ҳашари умумӣ тоза намуданд.
Чуноне Иқбол Тешаев, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара иттилоъ дод, дар ин ҳашар аз деҳаҳои наздимарзии Оқтатиру Самарқандаки вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз 70 нафар сокинон иштирок намуданд. Ҳашари мазкур, ки дар фазои дӯстии мардумони тоҷику қирғиз сурат гирифт, ба тозашавии канали об мусоидат намуд.
Мухтори Абдулло, «Садои мардум»