Мусоҳиба бо директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Абдулҳамид Қаюмов
- Лутфан мегуфтед, ки дар давоми се соли фаъолияти муассиса кадом корҳо анҷом ёфтанд?
- Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар назди Академияи илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шавад. 27 апрели соли 2018 Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» бо 67 воҳиди корӣ таъсис ёфт. Дар вақти кӯтоҳ соҳиби бинои нав ва дастгоҳҳои тадқиқотӣ шудем. Экспедитсия дар ду самт — Помири Шарқӣ, ҳавзаи кӯли Қарақӯл ва ба болооби дарёи Зарафшон ташкил кардем. Экспедитсияи сеюм, ки хеле бобарор буд, дар ҳавзаи дарёи Ванҷ, пиряхҳои «Хирсон» ва «Кашолаях» сурат гирифт. Соли 2018, дар маҷмӯъ, панҷ экспедитсия ташкил кардем. Дар ин замина имкон фароҳам омад, ки ҳолати пиряхҳоро омӯхта, самти тадқиқот муайян ва тарҳрезӣ шавад. Лозим ба ёдоварист, ки то ин вақт ягон маълумоти кофӣ ва дақиқ набуд. Ҳама таҳлил камералӣ ё обзорӣ буданд. Соли якуми фаъолият ба хулоса омадем, ки бояд ҳавзаи дарёҳоро дар алоҳидагӣ омӯхта, мувофиқи супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон феҳрист ва атласи пиряхҳоро таҳия кунем. Барои омӯзиш дар давраи шӯравӣ 50 сол сарф шуда, аз солҳои 1930 — 1980 феҳристи онҳо дар 13 ҷилд таҳия шуда буд. Ҳоло зарур аст, ки аз технологияҳои муосир истифода карда, суръати корро тезонем.
Барои омӯхтани пиряхҳо як-якуним моҳ вақт аст: охири моҳи июл ва моҳи август. Аз ин рӯ, якчанд экспедитсияро дар як вақт ташкил мекунем.
Соли 2019 ба пиряхи «Дидал» сафар карда, барои омӯзиши он аз таҷҳизоти бесарнишин истифода кардем. Бо шарофати дастгирии Ҳукумат имкон пайдо кардем, ки аз тариқи моҳвора ва экспедитсионӣ пиряхҳоро омӯзем. Корҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуданд ва соли 2020 идора ҳамчун маркази таҳлилҳои бунёдӣ ба системаи ягонаи мониторинги пиряхҳои ҷаҳонӣ дохил шуд.
Пиряхи дигаре, ки соли 2020-ум омӯхтем, «Барилмас» аст. Он дар болооби дарёи Сурхоб ҷойгир мебошад. То соли 2000 он дар 10 сол як бор, аз 2000 то 2010 дар як сол як бор канда мешуд. Аммо соли 2020 дар як сол се маротиба канда шуд. Ин нишонаи он аст, ки пиряхҳо коҳиш ёфта истодаанд.
- Замони шӯравӣ маркази пиряхшиносӣ вуҷуд дошт?
- Ҳар як раванди илмӣ таърихи ташаккул дорад. То солҳои 20-уми асри гузашта пиряхҳоро дар кишвар ба таври тавсифӣ меомӯхтанд. Аз соли 1930 то соли 1980 аз тарафи Институти географияи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ омӯхта мешуд. Сохторҳои гидрометеорологӣ низ таҳлилҳои мушоҳидавӣ гузаронида, далелҳоро ба шаҳрҳои Москва ва Тошкант мефиристоданд, зеро дар онҳо Маркази илмӣ вуҷуд дошт.
Дар ҷаҳон се раванди илмӣ — омӯзиши кайҳонӣ, энергияи атомӣ ва омӯзиши пиряхҳо гарон аст. Ман иштирокчии омӯзиши Антарктида ҳастам. Як киштие, ки аз Санкт — Петербург то Антарктида мерафт, дар як рӯз 40 ҳазор доллар харҷ мекард. Чор моҳ рафтуомади роҳ ва се моҳи дигар тадқиқот мегузаронад. Омӯзиши пиряхҳо низ чунин аст. Мо таҳлил кардем, ки барои бо либоси махсус таъмин кардани як нафар аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ даркор аст. Дастгоҳҳо низ арзиши баланд доранд. Бо шарофати сиёсати дарҳои кушоди кишвар бо давлат ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунем. Аз ҷониби давлати Швейтсария стансияи метеорологӣ ҳамчун кумаки техникӣ дода шуд, ки дар Помири Шарқӣ насб гардид. Арзиши он 50 ҳазор доллар мебошад.
Соли 1990 дар сохтори Академияи илмҳо шуъбаи ҳифзи муҳити зист мавҷуд буд, ки дар таркибаш бахши глитсиология фаъолият мекарду 6 — 7 корманд дошт. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ қисми забонаи пиряхҳоро аз дур мушоҳида мекарданд, ки тадқиқоти глитсиологӣ нест. Тадқиқотҳои глитсиологии бунёдӣ заҳмати зиёдро талаб мекунад. Баъдан, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти академия аз байн рафт. Танҳо як нафар — Соколов Лев Николаевич бо сарпарастии Институти география доир ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори илмӣ кард. Солҳои 90-уми асри гузашта тадқиқоти илмӣ оид ба пиряхҳо қариб дар сатҳи ҷаҳонӣ аз байн рафтанд. Солҳои 2008-2009 «Соли байналмилалии қутбӣ» эълон шуд. Вобаста ба ин кишвар пешниҳод кард, ки дар баробари пиряхҳои қутбӣ пиряхҳои кӯҳистон низ омӯхта шаванд. Мо ба ин система дохил шуда, экспедитсияи якуми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба Антарктида ташкил кардем.
Ба ибораи дигар, аз соли 1990 дар кишвар маркази пиряхшиносӣ вуҷуд надошт.
- Хулосаатон дар маҷмӯъ аз натиҷаи таҳлилҳо чӣ гуна аст? Оё тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои ҷумҳурӣ таъсир расондаанд?
- Бале. Раванди гармшавии иқлим ба пиряхҳои кишвар таъсир расондааст. Мо солҳои 1977 — 2018-ро таҳлил ва муайян кардем, ки ҳаҷми пиряхҳо хеле коҳиш ёфтааст. Ҳатто баъзе аз пиряхҳо пурра аз байн рафтаанд. Мо ҳамон вақт пирях гуфта метавонем, ки агар ях ҳаракат кунад. Вақте ях ҳаракат накунад, моҳиятан мурда аст. Зеро бо таъсири омилҳои муҳити атроф ва гармӣ нест мешавад. Пирях аз қулла поёнашро пур мекунад ва поёнаш ба дарёҳо об медиҳад. Вақте сайёҳон ба минтақаи ҷануби кишвар омаданд, дар ҳайрат монданд. Минтақаи мо хушкӣ ва нимбиёбон, лекин дарёҳоямон серобанд. Ин муаммои географӣ буд.
Хурсандиовар аст, ки манбаъҳои обии мо таҷдидшавандаанд. Мутахассисони хориҷӣ аз рӯйи се сенария ояндаи пиряхҳоро пешгӯйӣ кардаанд. Мувофиқи сенарияи якум, пиряхҳо аз байн мераванд, фалокати экологӣ рух медиҳад. Мувофиқи сенарияи дигар, мумкин ҳеҷ чиз нашавад. Мувофиқи маълумоти моҳворавии соли 2011, гӯё яке аз пиряхҳои мо 45 метр таназзул ёфтааст. Соли 2019, вақте якҷо бо сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ экспедитсияи байналмилалӣ ташкил намудем, маълум гардид, ки он пирях 15 метр ташаккул ёфтааст.
Соли 2018 муайян кардем, ки дар болои пиряхи «Кашолаях» ҳавз пайдо шудааст. Дигарон инкор карданд, зеро техникаи онҳо имкони нишон додани онро надошт. Ин пирях 65 километри квадратӣ масоҳат дорад. Масоҳати кӯли дар болои он пайдошуда 200 метр буд. Соли 2019 кӯл канда шуд. Айни замон агар онро тавассути моҳвора низ бинед, пайи кӯл маълум аст.
- Ҳангоми гузаронидани тадқиқот ягон ҳолати ташаккули пиряхҳоро мушоҳида кардаед?
- Мо пиряхҳоеро, ки ташаккул ёфта истодаанд, зери назорат гирифтем ва барои ба хулосаи дақиқ омадан бояд на камтар аз се сол онҳоро мушоҳида кунем. Шояд аз сабаби заминҷунбӣ қисми забонаи пирях ба пеш ҳаракат карда бошад. Пешравии забона нишони калон шудани пирях нест. Масалан, пиряхи «Хирсон» соли 2011-ум бо паҳноии 800 метр ва баландии 300 метр зиёд шуд. Дар асл онро пиряхи набзӣ мегӯянд, ки доимо ҳаракат мекунад. Замони шӯравӣ мегуфтанд, ки дар Осиёи Марказӣ 65 пиряхи набзӣ аст, ки 34-тоаш дар Тоҷикистон ҷойгир мебошад. Институти географияи Федератсияи Россия ҳам эътироф кард, ки онҳо 1000-тоанд. Болои пиряхро шикоф карда, аз 6 то 8 метр қубур мемонем ва ҳар сол мушоҳида мекунем, ки он чӣ қадар об шудааст. Ин корро аз соли 2018 ба роҳ мондем. Айни замон ду раванд ба мушоҳида мерасад: Таназзули пиряхҳои мавҷудбуда ва пайдо шудани пиряхҳои нав.
- Вазъ дар пиряхи калонтарини минтақа — «Федченко» чӣ гуна аст?
- Нисбат ба дигар пиряхҳо устувортар аст, зеро ядрои яхии он бақувваттар мебошад. Лекин қисми забонааш зиёда аз як километр об шуда истодааст.
- Аксар коршиносон сабаби таназзули пиряхҳоро дар гармшавии глобалии иқлим арзёбӣ мекунанд. Шумо чӣ назар доред?
- Айни замон аз пиряхҳо намуна гирифта, таҳлил карда истодаем. Солҳои 1950 — 1960 ба болои пиряхҳо барои оби дарёҳоро зиёд ва пахтаро бо об таъмин кардан, гарди ангишт ва дигар моддаҳои химиявӣ мепошиданд. Лекин пирях зиёд об нашуд. Дар Антарктида ҳаво ба ҳисоби миёна 50 градус сард аст, лекин пиряхҳо об шуда истодаанд. Дар қисми болоии пиряхи «Федченко» низ ба ҳисоби миёна 30-35 градус хунук аст, лекин он об мешавад. Ин муаммо аст ва мо бояд таҳлил кунем.
- Айни замон вазъ дар кадом пирях ташвишовартар аст?
- Дар пиряхҳое, ки аз як километр камтар масоҳат доранд, зеро ба раванди гармшавӣ тоб намеоранд. Чунин пиряхҳо аз ҷиҳати миқдор 80 дарсад, аммо аз ҷиҳати ҳаҷм 15 дарсадро ташкил мекунанд. Аз онҳо чашма ва рӯдҳое ташаккул меёбанд, ки барои хоҷагии халқ манбаи об ба ҳисоб мераванд. Табиист, ки аз байн рафтани онҳо хатари зиёдеро ба дунбол дорад.
Пиряхҳои Помири Шарқӣ нисбат ба пиряхҳои болооби Зарафшон ва Варзоб устувортар ҳастанд. Дар болооби Зарафшону Варзоб коҳишёбӣ зиёд ба назар мерасад. Бориши барф дар ин минтақаҳо 1,5-2 то 3 метр, дар Помири Шарқӣ бошад, ҳамагӣ 15 — 20 сантиметр аст.
- Оё имкони наҷот додани пиряхҳо аз нобудшавӣ мавҷуд ҳаст?
- Барои пешгирӣ кардани таъсири гармшавӣ ба пиряхҳо сохтани обанборҳо ва шинондани дарахтон мусоидат мекунад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ду давлат — Италия ва Тоҷикистон ин корро мекунад.
Сиёсати дарахтзоркунии Тоҷикистон ба ҳамин мақсад равона карда шудааст. Вақте як обанбор сохта мешавад, дар масофаи 80 — 100 километр ҳарорати ҳаво паст мегардад. Масалан, минтақаи Вахш як чӯли тафсон буд. Замони шӯравӣ обёрӣ шуд ва ҳарорати ҳаво аз 3 то 5 дараҷа поён фаромад. Обёрикунӣ низ яке аз роҳҳои паст кардани ҳарорати ҳаво ҳаст.
- Иқтидори кадрии марказ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Ҳангоме ки сарвари марказ таъин шудам, ба Институти географияи Федератсияи Россия сафар кардам. Ба ин муносибат Шӯрои илмии махсус ташкил карданд. Ягона хоҳиш аз институти мазкур таъмин кардани дастурҳои методӣ буд. Директори институт ба ман Атласи пиряхҳои ҷаҳонро, ки 500 нусха вуҷуд дорад, туҳфа кард. Ҳамчунин, барои бозомӯзии кормандон ба мувофиқа расидем, аммо бинобар пандемияи коронавирус ин кор сурат нагирифт. Айни замон мутахассисонро аз давлатҳои пешрафта даъват мекунем. Онҳо нозукиҳои кори омӯзиши пиряхҳоро ба кормандон меомӯзонанд.
Кам будани музди меҳнат ва шароити сахти кор дар болои пиряхҳоро сарфи назар карда, тамоми ҷидду ҷаҳд бар он аст, ки супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иҷро намоем, зеро баъзе аз таҳлилҳои хориҷиён ғаразноканд ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ онҳоро таҳлил мекунем.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»