Ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди 405 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол 395 адади он бо харҷи дусад миллиону ҳаштсаду се ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти бунёдгардида аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва хонаҳои саломатӣ, беморхона ва дорухона, китобхона ва қасри фарҳанг, толору майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, корхонаи саноатӣ ва меҳмонхона барои қабули сайёҳон, таъмири хатҳои барқ, роҳҳо ва хатҳои оби нӯшокӣ иборатанд.
Ғайр аз ин, то кунун чор муассисаи таҳсилоти миёна, чор бунгоҳи тиббӣ, ду майдончаи варзишӣ, ду меҳмонхона, ду сартарошхона, се маркази хизматрасонӣ, се коргоҳи дӯзандагӣ ва дигар иншоот (ҷамъ 52 адад) ғайринақшавӣ бунёд шуданд.
Ҷиҳати татбиқи нақшаи генералии шаҳри Панҷакент таъмири бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дар саҳни он бунёди гулгашту фаввораҳо, гузоштани пайкараи Исмоили Сомонӣ, майдони Парчами миллӣ ва муҷассамаи «Рамзи китоб» ҷараён дорад.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»