Номаи бетаҳрир

Чаро «Бахт-3» шартҳои созишномаро иҷро накард?

№102 (4364) 10.08.2021

Договор1Сабаби ба нашрия муроҷиат кардани ман дар он аст, ки роҳбарияти ширкати сохтмонии «Бахт-З» ҳуқуқи оилаи маро ба манзил, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти ­ҳимояи давлат қарор дорад, вайрон карда истодааст.

 Тибқи шартҳои Созишномаи нотариалии байни тарафҳо басташуда, роҳбарияти ширкати сохтмонии «Бахт-З» мебоист маблағи манзили иҷораро то анҷоми сохтмон ба ман пардохт мекард, аммо бар хилофи уҳдадорӣ аз моҳи марти соли 2020 маъмурияти он аз пардохти маблағи иҷора сарпечӣ кард.

Сохтмони манзили истиқоматӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии «Бахт-З» моҳи январи соли 2021 ба анҷом расидааст. Дар тӯли даҳ моҳ маро ғайриқонунӣ аз гирифтани маблағ барои иҷораи манзил маҳрум карданд.

Инчунин, бо вайрон кардани банди пешбинишудаи Созишномаи нотариалӣ, роҳбарияти «Бахт-З» ҳангоми бастани аҳд ва баъд аз он, ҷадвали пардохти қарзро, ки тибқи он, ман бояд фарқияти майдони квадратиро аз андозаи майдони манзили истиқоматии қаблан доштаам бо манзили ҳозираи бинои нав пардохт менамудам, пешниҳод накарданд.

Ҷадвали баргардонидани қарз ба банди Созишномаи нотариалии байни тарафҳо бо ташаббуси роҳбарияти ширкати сохтмонии «Бахт-З» дохил карда шуд. Тибқи шартҳои Созишномаи нотариалӣ, пардохт аз ҷониби ман бояд аз рӯи ҷадвале сурат мегирифт, ки он бояд ба дувоздаҳ моҳ тақсим мегардид, ки дар давоми он ман бояд маблағи дар Созишномаи нотариалӣ бо асъори сомонӣ пешбинишударо пардохт мекардам. Аммо, бидуни пешниҳоди ҷадвали муқарраршудаи пардохт, роҳбарияти ширкати сохтмонӣ айни замон аз ман талаб дорад, ки фарқи майдони мураббаъро бо қурби ҷории доллар пардохт кунам, ки тибқи қонунгузории амалкунанда нораво аст.

Илова бар ин, ҳангоми бунёди майдони сохтмон, бино­корони ширкат дар масоҳати умумии хонаи истиқоматии ман қонуншиканӣ карданд, ки он нисбат ба нақшаи меъёри ошёнаи сохтмон, ки тибқи он Созишномаи нотариалӣ баста шудааст, 32 квадрат зиёд бунёд гардидааст.

Тибқи шартҳои Созишномаи нотариалии имзошуда, масоҳати сеҳуҷрагии ман мебоист аз 132,5 метри мураб­баъ иборат мебуд. Ман ҳуҷраро якҷо бо ҳамсарам интихоб кардам, аммо, вақте ки ба ширкати сохтмонӣ даъват шудам, дар он ҷо эскизи нақшаи ошёнаи лоиҳаи сохтмониро ба мо кормандони ширкати сохтмон пешниҳод карданд. Аз рӯи нақшаи стандартии лоиҳаи сохтмон, ки аз ҷониби роҳбарияти ширкати сохтмон пешниҳод шудааст, мо манзили сеҳуҷрагиеро интихоб кардем, ки дорои ошхонаи васеъ буд.

Моҳи декабри соли 2019 корманди ширкати сохтмонии «Бахт-З» Алишер Муродов занг зада гуфт, ки ман бояд ба иншоот оям, бинобар сабаби он ки дар майдони мураббаи манзил, нисбат ба оне, ки дар Созишномаи нотариалӣ пешбинӣ шудааст, фарқи назаррас пайдо шудааст, манзиламро бинам.

Вақте ки ман аз Алишер Муродов пурсидам, ки ин фарқияти муқоисавӣ чанд аст, ӯ ҷавоб дод, ки тақрибан 14-15 метри квадратӣ.

Вақте ки бо намоянда ва як шиноси дигар ба сохтмон омадем, Муродов Алишерро дидем ва ҳама фавран ба қабати панҷуми манзили оянда баромадем ва ӯ гуфт, ки фарқият байни майдони мураб­баъе, ки дар Созишномаи нотариалӣ нишон дода шудааст ва майдони воқеии квадратии хона акнун на 14 — 15 квад­рат, балки то 32 квадратро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаи панҷум қарор доштем, ки директори ширкати сохт­монии «Бахт-З» Шералӣ Ҷалолов баъдан бо ҳамроҳии тарроҳе бо номи Мансур омад ва  гуфт, ки майдони хонаи ман 164 метри мураббаъ аст ва аз ин рӯ, онҳо хостанд бо ман вохӯранд, то масъаларо ҳал кунанд.

Директор гуфт, ки дар ин вазъият ман ду роҳ дорам. Аввал, маблағи фарқияти воқеии мавҷударо месупорам, ки он аз майдони квадратии квартираи дар Созишномаи нотариалӣ пешбинишуда 32 квадрат зиёд аст. Дуюм, як ҳуҷра бо ҳаммом ва долон аз ман гирифта мешавад.

Барои он ки ман тасаввуроте дошта бошам, ки чӣ гуна ҳуҷра, ҳаммом ва долон баста мешавад ва чӣ тавр он ҳама воқеан хоҳад буд, кормандони ширкати сохтмонӣ гуфтанд, ки бароям ҳангоми вохӯрии нав­батӣ навореро дар формати 3D пешниҳод мекунанд.

Сипас, аз ман дар робита ба ду роҳи пешниҳодшуда ҷавоб талаб накарданд, гуфтанд, ки вақт дорам, ки сари масъала андеша кунам ва баъд ба онҳо дар бораи қарори худ хабар диҳам. Бо ин мулоқоти мо, ки моҳи декабри соли 2019 баргузор шуд, хотима ёфт.

Ман, чуноне ки маслиҳат кардем, интизори занги кормандони ширкати сохтмонӣ будам, ки масъаларо баррасӣ карда, ба ягон роҳи ҳал оем.

Зиёда аз се ҳафта гузашт, аммо касе аз кормандони ширкати сохтмонӣ занг назад. Баъдан, ман аз ҳамсояҳо фаҳмидам, ки як ҳуҷраи маро бо ҳаммом ва долон директори ширкати сохтмонии «Бахт-З» Шералӣ Ҷалолов гирифта ба хонаи дуҳуҷрагии худ илова кардааст. Ин маълумотро аз Алишер Муродов низ шунида, аз ӯ пурсидам, ки чӣ тавр шумо девор насб карда метавонед, ки розигии маро нагирифтед? Ӯ посух дод, ки ин қарори роҳбарияти ширкати сохтмонӣ аст.

Пас аз ин худсарӣ ва бесарусомонӣ аз моҳи январи соли 2020 ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардам ва ин то ҳол идома дорад. Аммо ҳуҷраи зикршуда, долон ва ҳаммом ҳамоно аз манзили ба ман вобасташуда ҷудо аст.

Пас аз муроҷиати такрорӣ Раёсати назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохт­мон дар шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида, қонуншиканӣ, яъне фарқияти калон дар хонаи маро муайян кард. Дар натиҷаи ошкор кардани қонуншиканӣ аз ҷониби раёсати зикргардида қарор қабул карда шуд, ки тибқи он, корманди ширкати сохтмонӣ, ки бо айби ӯ дар манзили ман ба таври сунъӣ фарқияти калон пайдо гардид, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад. Аммо, бо вуҷуди ошкор кардани вайронкунии мушаххаси кормандони ширкати сохтмон, ҳолати ҳуҷраи аз ман гирифташуда бетағйир монд.

Дар даҳаи аввали соли 2021 (бо ташаббуси ман) бо корманди ширкати сохтмонӣ Алишер Муродов суҳбат дош­там, ки аз ибтидо бобати ҳама рӯйдод бохабар буд.

- Адолат дар тарафи шумост ва он бояд ғолиб ояд, — борҳо ҳангоми суҳбат гуфт ӯ.

Алишер Муродов, инчунин, сабаберо тасдиқ кард, ки роҳбарият ваъдаи худро ҷиҳати ҳал намудани масъалаи ҳуҷра, ҳаммом ва долон иҷро накард.

Ба гуфтаи ӯ, директори ширкати сохтмонии «Бахт-З» Шералӣ Ҷалолов тасмим гирифтааст, ки дигар бо ман вонахӯрад ва бе иҷозатам ҳуҷра, ҳаммом ва долонро масдуд кунад.

Ширкати сохтмонӣ мебоист формати визуализатсионии 3D омода ва пас аз он ба ман занг зада, санаи мулоқотро мувофиқа мекард, аммо ин иҷро нашуд.

Ҳамчунин, корманди ширкати сохтмонӣ Алишер Муродов ба ман гуфт, ки нақшаи стандартӣ аз рӯи ошёнаҳо, ки ман дар муроҷиатҳои худ ба сохторҳои давлатӣ ишора мекунам, ки бар асоси он манзил интихоб шудааст, Созишномаи нотариалӣ тартиб дода шуда, майдони мураббаъ аз квартира 132,5 метри мураббаъ пешбинӣ шудааст, тасдиқшуда нест. Барои гирифтани нақшаи қабати тасдиқшудаи лоиҳаи сохтмон ба ман лозим аст, ки ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунам.

Пас аз муроҷиати такрорӣ ба сохтори давлатии мазкур, нақшаи тасдиқшудаи стандартӣ аз рӯи ошёнаҳоро гирифтам. Он аз рӯи ошёнаҳо, ки ман гирифтам, майдони мураббаи хонаи сеҳуҷрагии маро 135,4 квад­рат нишон медиҳад.

Ин ҷо савол ба миён меояд, ки ман чӣ гуноҳ дорам, ки аз ҷониби ширкат ҳангоми сох­тани иншоот фарқи калон дар майдони мураб­баъи манзили сеҳуҷрагӣ ба вуҷуд омадааст?

Илова бар ин, чӣ гуна метавонист директори ширкати сохтмонӣ бидуни розигии шаҳрванде, ки бо ӯ шартномаи нотариалӣ бастааст, як ҳуҷра, ҳаммом ва долонро ба фоидаи худ бигирад?

Дар асоси гуфтаҳои боло, ба воситаи рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат намуда, аз мақомоти салоҳиятдори давлатӣ хоҳиш мекунам, ки ба қонуншиканиҳои дағалона аз ҷониби ширкати сохт­монии «Бахт-З» баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Ҷамшед ҲИДОЯТОВ,

 сокини шаҳри Душанбе