Аз нишастҳои матбуотӣ

Арзиши чиптаи ҳавопаймо ба Россия бояд чӣ қадар бошад?

№102 (4364) 10.08.2021

samolyot- Пас аз хурӯҷи бемории сироятии COVID-19 аз охири моҳи марти соли 2020 то апрели соли 2021 парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Федератсияи Россия қатъ шуд, ки ин боис ба зиёд шудани талаботи мусофирон гардид. Бо дарназардошти вазъи нисбатан хуби эпидемиологии кишвар аз якуми апрели соли равон парвозҳои мунтазам байни шаҳрҳои Душанбе ва Москва барқарор шуд.

Бо амалишавии 4 парвози мунтазам дар як ҳафта, ки 800 — 900 мусофир метавонанд аз онҳо истифода кунанд, талаботи мусофирон пурра қонеъ намегардад, — изҳор дошт директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода 27 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Бо мақсади муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия иҷозат дода шуд, ки парвозҳои чартериро амалӣ намоянд. Дар ин асос, ҳар рӯз аз кишвар ба ҳисоби миёна 4,5-5 ҳазор шаҳрванд ба Федератсияи Россия сафар мекунанд.

Ташвишовар он аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур билетро бо нархи 13 — 14 ҳазор сомонӣ ба фурӯш бароварданд. Вобаста ба ин, аз ширкатҳои ҳавопаймоии иҷрокунандаи парвозҳои чартерӣ дархост шудааст, ки нархи чиптаро, бо дарназардошти хароҷоти воқеӣ, муқаррар намуда, ба болоравии беасоси он роҳ надиҳанд.

Ш. СОЛЕҲ,

«Садои мардум»