Бинои маъмурии НБО «Себзор» мавриди истифода қарор гирифт

№103 (4365) 13.08.2021

Чанде пеш ба ифтихори сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бархе аз иншооти замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Ёдгор Файзов, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Далер Ҷумъа Шофақир, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ширкати «Помир Энерҷи» бинои маъмурии Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода шуд.

Он аз утоқҳои корӣ, меҳмонхонаву ошхонаи замонавӣ ва дигар шароити хубу муосир иборат буда, барои фаъолияти кормандон мусоид мебошад.

Сохтмони НБО — и «Себзор» дар деҳаи Барҷангали деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа тирамоҳи соли 2021 оғоз мегардад. Иқтидори лоиҳавии истеҳсолии он 60 миллион кВт неруи барқ дар як сол буда, баъд аз ба кор даромадан 60 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»