- Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1426 шаҳрванд ба мо муроҷиат намуданд, ки аз он 582 нафар зан мебошанд, — гуфт сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ Фирӯз Нуралиев.
- Тавассути татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар ин давра 548 сокин ба ҷойи кор таъмин шуданд, ки 322 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар ҳафт ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ, ки дар ҳамкорӣ бо 16 идораю ташкилоти буҷетӣ, корхонаю муассиса ва соҳибкорон доир шуд, 81 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Инчунин, 338 зани хонанишин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ ҷалб гардида, 50 нафар бо роҳхат ба кор таъмин шуданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»