Тавре масъулони Шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода изҳор доштанд, аксар ташкилоту муассисаҳои давлатии буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намекунанд. Мутаассифона, қарзи онҳо ба ҷойи кам шудан торафт зам мешавад.
Аз рӯи маълумотномаи пешниҳоднамудаи мутасаддиёни шабакаҳои барқ, то 1 — уми майи соли ҷорӣ беморхонаи марказии шаҳр зиёда аз 1 миллион сомонӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ — 136 ҳазору 838, раёсати кишоварзӣ — 31 ҳазору 627, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар шаҳри Турсунзода 189 ҳазору 80 сомонӣ, инчунин, муассисаҳои зертобеи шуъбаи маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз барқ қарздор мебошанд. Инчунин, коргоҳҳои ҷамъияти истеҳсолии саноатӣ 247 ҳазору 934 сомонӣ, шуъбаи алоқа, «Тоҷиктелеком» ва дигар ширкатҳои мобилӣ — 102 ҳазору 714, хоҷагиҳои деҳқонӣ 854 ҳазору 477 сомонӣ аз истифодаи барқ қарздоранд. Қарзи умумии идораҳои зикршуда 9 миллиону 439 ҳазор сомонию 64 дирамро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби напардохтани пули барқ аҳолии шаҳр низ қарздор буда, то аввали моҳи май қарзи онҳо 46 миллиону 592 сомонию 36 дирамро ташкил додааст.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»