Бетартиб ҷойгир будани дӯконҳои савдогарон, зиёд будани савдои кӯчагӣ ва бенизомии ҳаракати нақлиётро ҳар роҳгузар метавонад дар бозори марказии шаҳри Ҳисор мушоҳида кунад. Дар маконе, ки аломати «таваққуф манъ аст!» насб шудааст, ронандагон мошин гузошта, ба рафтуои дигар автомобилҳо монеа мешаванд.
Ҳангоми вориди бозор шудан маълум гардид, ки одитарин қоидаҳои савдо аз ҷониби соҳибкорон риоя намешаванд. Тибқи моддаи 11, қисми 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», ҳар як фурӯшанда бояд дар ҷойи савдо овеза бо нишондоди номи ташкилот, иттилоъ дар бораи ҷойгиршавии он ва корти сарисинагӣ дошта бошад. Мутаассифона, ин бандҳои қонун аз ҷониби соҳибкорони бозор татбиқ намешавад.
- Бозор мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самоҳ» мебошад. Масоҳати умумии он 6 гектарро ташкил медиҳад. 1500 нафар савдогар дорад. Як сол аз ҳисоби бозор корти фурӯшандаро омода карда, ройгон ба савдогарон дода будем. Имсол ба онҳо гуфтем, аз ҳисоби худашон онро харидорӣ кунанд, вале то ҳол нахаридаанд, — зикр кард Илҳом Шарифов, муовини директори ҷамъият.
Бемории сироятии COVID -19 ҷаҳонро ба ташвиш оварда тавонист, аммо масъулони бозори «Самоҳ»-ро не. Дар давраи авҷи бемории сироятии COVID-19 савдогарон бе ниқоб машғули савдоянд. И. Шарифов гуфт, ки бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар ду даромадгоҳи бозор латтаи хлордор ё ба истилоҳ, «дезбарер» гузоштаанд. Бино ба гуфти ӯ, гӯё шахси мутасаддӣ ҳарорати бадани ҳар як мизоҷи воридшударо месанҷидааст. Аз чор даромадгоҳи бозор дидан кардам, на аз латтаи хлордор осоресту на аз масъул бо ҳароратсанҷ.
Умедҷон Абдулаҳадов, духтури шуъбаи гигиенаи хӯрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Ҳисор, роҷеъ ба ин масъала гуфт: «Ситоди шаҳрӣ оид ба мубориза бо коронавирус миёни соҳибкорону кормандони бозори «Самоҳ» корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба пешгирии бемории хавфнок гузаронд. Аз ҷониби марказ 5 июли соли 2021 таҳти рақами 282 пешниҳод иборат аз 9 банд ба роҳбарияти бозор пешкаш гардид. Масъулони ҷамъият муваззаф шуданд, ки онро сари вақт татбиқ ва риоя намоянд.
Масъулони маркази санитарӣ он пешниҳодро ба хабарнигори рӯзнома дастрас намуданд. Маълум гардид, ки ҳангоми тартиб додани он, одитарин меъёрҳои имлои забони давлатиро риоя накардаанд. Аз хатои имлоии бешумор моҳияту муҳтавои ин санади ба қавле, расмӣ, гум шудааст. Мутасаддиёни бозор бошанд, ба ин санад, 8 — уми июли соли ҷорӣ таҳти рақами 79 ҷавоб фиристода, ҳама корро дар ин самт рӯи коғаз «хуб» нишон додаанд. Чунин амалкарди масъулон, мақоли халқии «Хоҷа боғ дорӣ, дорам!»-ро мемонад. Ба ибораи дигар, ҳуҷҷат ҳаст, аммо фаъолият нест.
Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»