Суҳбати телефонӣ

№105 (4367) 21.08.2021

18 августи соли 2021 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни он сарони ҳар ду давлат маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар сиғаи шарикии стратегӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, низомию техникӣ ва дигар арсаҳо, инчунин, мушкилоти мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо, бо таъкиди он ки шиддат гирифтани вазъият дар ин кишвар метавонад, ба ҳолати умумии амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад,  ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва мусоидати ҳамаҷониба ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонис­тон ҷонибдорӣ намуданд.

Вобаста ба ин, мувофиқа ба даст оварда шуд, ки тамос ва ҳамкориҳои зичи миёни вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар дар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ идома дода шаванд.

www.president.tj