Ба мо муроҷиат мекунанд

Ба ман ёрӣ расонед!

№106 (4368) 24.08.2021

Ба шумо маълум менамоям, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти  давлатӣ» аз 16 майи соли 1997 таҳти №464, моддаи 11, писари ман Суҳроб Ёдгоров дар музоядаи фурӯши моликият, ки дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ 29 марти соли 2011 баргузор гардид, ширкат карда, анбор дар масоҳати 1900,0м2 - ро дар деҳаи Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ харидорӣ намуд.

 Мувофиқи шартнома таҳти №5, хариду фурӯши объекти хусусигардонӣ дар музояда аз 6 апрели соли 2011 бо иштироки ҷонишини раиси ноҳия Ф. Исматов шартномаи харидории моликияти қайдшуда бо шартномаи таҳти №5-и хариду фурӯши объекти хусусигардонӣ дар музояда тасдиқ шуд.

Санади супоридани маблағ ва ҳуҷҷатҳои пардохтӣ низ 6 апрели соли 2011 ба маблағи 2400 (ду ҳазору чорсад) сомонӣ тасдиқ гардид.

Мутаассифона, бо сабабҳои набудани имкони молӣ натавонистем аз моликиятамон истифода намоем ва бо ин мақсад Суҳроб Ёдгоров барои дарёфти маблағ ба ҳайси мардикор ба Федератсияи Россия сафар  намуда, то ҳол кор карда истодааст.

Аз ин истифода карда, бино ва замини ба писари ман қонунан дахлдоштаро шаҳрванд Табар Холов ғайриқонунӣ аз худ карда, айни ҳол ба сохтмони бинои истиқоматӣ машғул аст. Ба шикоятҳои такрории мо суханҳои  таҳқиромезу дағалона гуфта, такрор ба такрор изҳор менамояд, ки «куҷое, ки хоҳед, равед, шикоят кардан гиред».

Барои ҳақиқатро барқарор кардан ба якчанд идора дар ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудам, вале бо  ҳар баҳона маро гӯш намекунанд ё аз утоқи корӣ берун менамоянд.

Аз масъулин бо эҳтиром хоҳиш дорам, ки барои барқарор намудани адолат ба ман ёрӣ расонед.

Саодат ШАРИПОВА,

сокини ноҳияи Рӯдакӣ