Ватан мегӯяд аз рӯзе, ки ӯ фаҳми сухан дорад

№44 (3190) 01.05.2014

ё чеҳраи адабии мухтасари Муҳаммад Ғоиб, як суханвари мумтози кишвар

Аввали баҳори гулнисору арафаи Наврӯзи оламафрӯз. Мардуми деҳаи Алиҷони Хатлонзамин монанди сокинони тамоми шаҳру деҳоти дигари Тоҷикистони шӯравӣ барои пешвози арӯси сол омодагии ҳамаҷониба мегирифтанд.

Рӯзе аз ин рӯзҳои баҳорӣ гурӯҳе аз бачагони ҳамсоя ҷониби пуштае, ки дар доманаш марди барзгаре саргарми кишоварзӣ буд, давиданду хушхабараш расонданд, ки соҳиби писар шудааст!

Ҷавондеҳқон, ки волидонаш ба умеди соҳиби мурод гардидан Муродалӣ номаш ниҳода буданд, аз ин муждаи нек хурсанд шуда, қосидонро тангае чанд шодиёна доду ҷониби хона давид. Баъди чанде бо маслиҳату машварати пирони деҳа писараки азизашро Муҳаммад ном ниҳод.

Муҳаммади хурдсол бо мурури замон оҳиста- оҳиста ба воя мерасиду қад мекашид ва дастёри волидонаш мегардид. Мутаассифона, боре рӯзи равшанаш шаби торик гардид: падари меҳрубону саробонаш аз олам даргузашту ӯ ятиму бемуттако гашт. Чӣ чора?!

Чунин аст расми саройи дурушт,

Гоҳе пушти зину гаҳе зин ба пушт.

Муҳаммад ба ҳукми қазо тан дода, бори зиндагиро бар дӯш гирифт. Таҳти ҳимояву ҳидояти модари муштипараш ҳам мактаб мехонду ҳам подаву гала меронд, ҳам чакомаву таронаҳои мардумӣ меомӯхту ҳам қиссаҳои қаҳрамонӣ мешунуфт…

Ниҳоят, баъди хатми муваффақонаи дабистони ҳаштсолаи деҳа, донишандӯзи Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, сипас муҳассили факултети физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб гардида, бо дипломи аъло онро ба фарҷом расонид.

Тавре худи ӯ, каме баъдтар самимона фармудааст:

Пайки рӯзи нек дорад субҳгоҳи маърифат,

Мебарад бар кӯйи мақсад шоҳроҳи маърифат.

Барнахезад аз қадамҷойи бузургонаш ғубор,

То абад рӯяд аз ин гулшан гиёҳи маърифат.

Мешавад пайдо нишони аввалу анҷоми нек,

Дар ҳамин даргоҳи илму зодгоҳи маърифат.

Баъдҳо Муҳаммади суханвару сухангустар он рӯзҳои ҷӯйишу пӯйиши сарнавиштсозашро возеҳу равшан ба қалам овардааст, ки басо риққатовару ибратомӯзанд: «Дар кӯдакӣ мехостам муҳандис шавам, ихтирое бикунам. Меваи каварро барои пайванди қисмҳо хушконда, кулӯхи офтобхӯрдаро тарошида, ба ҷойи пайванди қисмҳову чархҳо истифода мебурдам. Ришта вазифаи тасмаро ба ҷой меовард. Комбайну булдозери сохтаам амалиёти даравидану хок канданро иҷро мекарданд. Ронандагони куҳансол кори техникаи сохтаамро дида, ангушти ҳайрат мегазиданд.

Бачагиам дар хаскашию обкашию полезбонию подабонӣ гузашт. Дар он рӯзгор ҳам маркабсавор  ва ҳам дар таги хаймаву бари теппа китоб мехондам. Аввалин китобе, ки хондаам, «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад?»-и Н.Островский буд. Баъди хондани китобҳои «Вафо»-и Ф.Ниёзӣ, «Духтари оташ»-у «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷ. Икромӣ ва «Субҳи ҷавонии мо»-и С. Улуғзода худро дар олами дигар дидам. Аз кӯдакӣ тан ба заҳмат додан ёрам шуд, ки (чунин ҳолатро) ҷо-ҷо (дар офаридаҳоям) тасвир кардаам:

Буд шамъи бахти торам Моҳу Меҳр,

Момаи барчошрезам буд сипеҳр.

Қанди рӯзи шодии ман жола буд,

Парчами идонаи ман лола буд».

Дар ҳақиқат, «Одамӣ бояд барои неъмате тараддуду касб орад, ки хос бувад барои ӯ» (Аҳмади Дониш). Ба ибораи дигар:

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро бар дилаш андохтанд.

Ҳамин меҳру муҳаббати модарзодӣ ва ҳунару истеъдоди Худододӣ буд, ки Муҳаммади муҳандис аз олами «физикон» ба даргоҳи «лирикон» ворид омада, сарнавишти минбаъдаи худро ба эҷоди бадеъ пайваст.

Омили асосии чунин «гузариш»-и судманду саривақтиро худи ӯ чунин ёдовар шудааст: «Мо дар хонадони соҳибдилон ба ҷаҳон омадаем. Сарчашмаи эҷоди ману бародари шодравонам (Сайид Ғоиб) қатраҳои оби дидагони модару падар аст. Аз он заҳматкашони покниҳод дарси ибрат гирифта, нӯшинаро аз неши аламу ашки қалам пайдо кардем.

Модарам садҳо рубоиву дубайтӣ медонисту маъракаҳои занони ҳамсояро (бо суруду таронахониҳояш) обод мекард. Ҳангоми сурудхонӣ мисраеро фаромӯш кунад, дарҳол аз худаш мебофту дармонданаш эҳсос намешуд. Он марди деҳқоне, ки мани ятиммондаро падарӣ кард, достонҳоеро аз ёд медонист. Аз ҷумла достони «Сайидқул Турдиев»-и Сайидалӣ Вализодаро хонда, ба додари шодравонам Сайидқул ном гузошта буд.

Баъди ба хизмати ҳарбӣ гирифтани бачаи амакам он марди қаҳрамонпараст ба олами дигаре афтод. Дар сари полез аз радиочааш сурудаҳои Барот Яхшӣ ва Қумрӣ Қодироваро шунида, зор-зор мегирист…

Дидани ашки мард мани аз неку бади зиндагӣ бехабарро низ гирён мекард. Шояд ҳамон муҳит ману додарамро ба роҳи шоирӣ бурда бошад. Баъди ногаҳон аз олам даргузаштани додарам апааму хоҳарам ва писари додарам марсиягӯй шуданд».

Ба қавли устод Лоиқ:

Ман аз ин сон бесаводон  сӯхтан омӯхтам,

Дар қатори сураи Қуръон сухан омӯхтам,

Аз китоби зери болинам Ватан омӯхтам,

Дар диёри байту шеъру достонам зодаанд.

Таҳсил дар Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ чигили чандин мушкилашро кушода бошад ҳам, ҳанӯз аз асбоби зарури шоирӣ камтар дар ихтиёр дошт.

Баъди шунидани таронаву чакомаҳои мардумӣ, илҳомбардорӣ аз сурудаҳои ҳофизони номӣ ва хондани чандин китоб ҷиддан хулоса бармедораду ҷуръати кофӣ пайдо мекунад, ки ӯ ҳам метавонад оҳиста-оҳиста машқи қаламу азми шоирӣ кунад.

- Он вақт,- изҳор медорад ӯ,- барои рӯзномаҳо хабар менавиштаму кам-кам машқи шеър мекардам. Яъне, ҳанӯз пеш аз дохил шудан ба факултети физикаю математика заминаи дарду алам ва пайи қалам доштам.

Хуб шуд, ки ҳамон факултетро хатм кардам. Омӯзиши фанҳои дақиқ, мисли ҳалқаҳои як занҷир, пайванди ҳамдигаранд. Агар мавқеву мақоми дигар ҳалқаҳоро бидонӣ, он вақт ҳалқаи лозимиро пайдо карда метавонӣ. Рақамҳову формулаҳо ҳам на танҳо хосияти ҳисоби доираи худ, балки номуайянӣ, баробарӣ, мантиқу фалсафа ва мафҳумҳои дигареро ҳам дар бар доранд, ки бароям норавшан монданд ва роҳи ҳалли бисёр мисолу масъалаҳои он улумро пайдо карда натавонистам. Ба ҳар ҳол, аз он рӯзҳо нишонаҳои хубе дорам – нишонаҳои тобоварӣ ва машқи зеҳн…

Соли охири таҳсил (дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, соли 1977) дар бораи як ҳамдарсам, ки дар озмуни гӯштигирӣ унвони қаҳрамониро сазовор гардида буд, очерке навишта, ба радиои вилоят супурдам. Шоири маъруф Ҳақназар Ғоиб очеркро хонда, ба номи ректори донишкада мактуби расмӣ навишта, хоҳиш кард, ки ҳангоми «тақсимот» маро дар шаҳр нигоҳ доранд. Ҳамон мактуб сабаб шуду ман ба Кумитаи телевизион ва радиошунавонии вилояти Кӯлоб ба кор рафтам. Баъди як соли журналистӣ китоби нахустинам чоп шуд.

Китоби нахустинаш ашъори барои бачагон офаридаи ӯро фароҳам оварда, «Турнаҳо» ном дошт, ки соли 1980 интишор ёфта, муаллифашро ба сифати шоири хуби бачагон шуҳратёр гардонид.

- «Турнаҳо» -ро, — ба таъкид овардааст муаллиф, — аввалин нишонаи маро, аввалин мурғакони баҳори пур аз умеду афсонаи маро шоири дарёдил, равонаш шод бод, устод Убайд Раҷаб ба чоп тайёр карда буд. Ин хислати ибратбахши устодро дар худ парваридам ва ба қадри эҷоди дигар навқаламон расидам. Ба даҳҳо китоб сарсухан навиштам ва дар дилу хотири шогирдон тухми меҳру сипосгузорӣ киштам.

Баъдан «Турнаҳо»-и дигари хаёлашро бо номҳои «Пойгаҳ», «Тути дара», «Роҳи Каҳкашон», «Дастовез» (ба забони русӣ) ва бахши маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Гулдаста», «Модарнома», «Дили модар» ва ғайра пешкаши бачагону наврасон гардонидааст, ки гувоҳи арғамчинвор парвоз кардану пайғом овардани мурғакони малакутии мазкуранд.

- Навиштани шеър барои бачагон – изҳор доштааст эҷодкор, — аз эҷоди шеър барои калонсолон душвортар аст. Дар давоми нуҳ сол «Турнаҳо»-ро навишта бошам, китоби «Роҳи деҳа»-ро дар давоми як сол эҷод кардам, ки шеърофарини бузург Лоиқ онро лоиқи дастгирӣ дониста, барои он сарсухан навиштанд.

«Роҳи деҳа» (соли 1981) дар ҳақиқат аввалин маҷмӯаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон (соли 2001) ва дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2008) Муҳаммад Ғоиб барои калонсолон буда, бо саъю ибтикори шоири шаҳири тоҷик устод Лоиқ ба дасти чоп расидааст.

Тавре устод Лоиқ дар сарсухани китоби Муҳаммад Ғоиб  овардааст: -«Ман бо Муҳаммад Ғоиб ду бор дар курс-конференсияи навқаламон вохӯрдаам. Ӯ ҳар бор шеърҳои барои бачагон навиштаашро ба муҳокима мегузошт ва баъди муҳокима чашми дигаронро дуздида, чанд шеъри барои калонсолон иншокардаашро ба ман нишон медоду маслиҳат мехост. Ростӣ, он шеърҳо баъзе мушоҳидаҳои тоза, ташбеҳу истиораҳои обнарасида доштанд, аммо якдаст набуданд. Баъд аз он ки маҷмӯаи нахустини ашъори Муҳаммад Ғоиб барои бачагон ба чоп тавсия шуд, рӯзе як даста шеърҳои тозаашро пеши ман овард. Ман, азбаски пештар шеърҳои алоҳидаи ӯро хонда, аз назари худ маслиҳатҳо дода будам, хостам донам, ки то куҷо ба ӯ суд бахшидаанд. Аз  мутолиаи шеърҳо дарёфтам, ки шоири ҷавон то андозае кӯшидааст дурри мақсуд ба даст орад. Пас аз ҳамаи овардаҳояш, чанд пора ҷудо кардам, ки худи муаллиф ҳоло хабар надорад.

Умуман, таассуроти ман аз машқҳои Муҳаммад Ғоиб умедбахш аст. Пай бурдам, ки ӯ азми дурусту саъйи комил дорад. Ҷавоне, ки факултаи физикаро хатм карда, ин қадар ба шеъру шоирӣ дил бохтааст ва шеърҳояш на танҳо бӯйи дашту саҳро, балки бӯйи умед ҳам доранд, моро дилпур мекунад, ки ба азми ӯ бовар кунем ва дар олами печидаи шеър ба ӯ хоҳони сафари сафед бошем».

Ҳамин тариқ, Муҳаммад Ғоиб аз ин баҳои баланди устоди забардасти шеъри форсии тоҷикӣ рӯҳу илҳоми дигаре мегирад ва равшану возеҳ дармеёбад, ки:

Нест осон бурдани бори сухан,

Сода набвад ин ҳама кори сухан!

Собитқадамона вориди майдон гардида, тухми сухан мекораду ганҷ мебардорад. Китобҳояш- «Рӯзҳои боронӣ», «Меҳргиёҳ», «Лолаи чашм», «Суруди ишқ», «Дидор», «Сад ғазал», «Гавҳари меҳр», «Хоки ватан», «Парчами нанг», «Хирмани гул», «Хирмани моҳ», «Дарди ширин», «Қиблаи умед», «Каъбаи дил», «Ашки қалам», «Фарёди ёдҳо», «Ифтихор», «Поси ошноӣ», «Мавҷи нур», «Чашмаи меҳр», «Боми сипеҳр», «Девон», «Сояи нур» ва ғайра аз ҳамин ганҷинаанд.

Меҳри ӯ дардомезу дарди ӯ меҳромез аст:

Ватан мегӯям аз рӯзе, ки ман фаҳми сухан дорам,

Сухан мегӯям аз рӯзе, ки ман меҳри Ватан дорам.

Муҳаммад, маҳв месозад бадиро некиям охир,

Ниҳондонҳои Ҳурмуздӣ ба хоки Аҳриман дорам!

Шеъри ӯ мустаҳкам, тарзи баёну сабки забонаш хуросонӣ, ифодаву ибораҳояш пухтаву суфта, садову навои чакомаву таронаҳояш мардумист.

Банди зерини шеъри «Васфи диёр»-аш ҳақ дорад аз беҳин намунаҳои ватанномаи шуарои тоҷик ҳисобида шавад:

Қуллаҳои кӯҳҳоят минбару тахти ман аст,

Санги побарҷоят осори сари сахти ман аст!

Ҳар кафи хокат зару ҳар қатраи обат гуҳар,

Панҷаи пур аз сахояш суфраи бахти ман аст!

Ва ё шеъри «Дунёи модар»-ашро ҳақдорона метавон идомаву иловаи ҳунармандонаи «Модарнома»-ҳои устодон Мирзо Турсунзодаву Эраҷ Мирзову Лоиқ Шералӣ баршумурд:

Ҳамон вақте ки худро хаставу нотоб мебинам,

Зи бори умр, гӯё, тори ҳастӣ канда мегардад.

Ҳамон шаб модари бечораамро хоб мебинам,

Ҳамон барвақтрафта бори дигар зинда мегардад.

Ва ё марсиягунаи «Ёди падар»-аш наметавонад дили ҳассосеро ба ларза наораду ҷигареро лахта насозад, ки ҳувайдогари рисолату асолати бузурги шеър аст:

Ҳама дам ба ёд оӣ, наравӣ зи пеши рӯям,

Ҳама шаҳд заҳр гардад, зи ғами ту дар гулӯям!

Ба раҳи ту чашми чорам, шабу рӯзат интизорам,

Ба ҳазор дида ҷӯям қадами туро зи кӯям!

Гирудору заҳамоти беш аз чиҳилсолаи Муҳаммад Ғоиб гувоҳанд, ки ишқи ӯ нисбат ба шеъру шоирӣ ҳақиқиву самимӣ будааст.Наку дарёфтааст, ки «Шеър чизе нест, ки онро ҳама гуфта тавонад. Донишманд будан хуб аст, бисёр шоирони мо ҳаким буданд, вале шоирӣ мафҳуми мушкилтасвир аст. Шеър зебоист, шарбати муҳаббату дарёдилии қаламкаш аст. Рӯдест, ки сарчашмаи бузург дорад. Яъне, на ҳар донишманде, ки адабиётро хуб медонад, шоире хуб буда метавонад, зеро ҳамон табъи равону лутфи баён насибаш нагардидааст.

Шоир ҳамон касест, ки мазмуни баландеро дар байте ғунҷонида метавонад. Пайи қалам пайи қадами эҷодкор ва бозгӯйи ҳунари ӯст».

Муҳаммад Ғоиб дар баробари шоирию рӯзноманигорӣ, нависанда, драматург, филмноманавис низ аст.

Драмаҳои машҳури «Шоҳи Ҳамадон», «Мири Кабир», «Имоми Аъзам», «Арвоҳзада», «Зиндамаргон», «Волидони беворис», филмномаҳои «Гумгаштапайдо», «Пуштаи хандақпеч», «Ҳасрати дидор», «Вафодор» ва ғайра зодаи эҷоди ӯянд.

Очерку ҳикояву ҳаҷвияҳо, эссеву хотираҳо ва тақризу мақолаҳои ӯ, ки дар авроқи китобу маҷмӯаҳои гуногунаш интишор ёфтаанд, шаҳодат аз табъи саршору хомаи пуриқтидораш дар ин соҳаҳо медиҳанд.

Намунаҳои ашъори Расул Ғамзатов, Николай Старшинов, Нина Артёмова, Муҳаммадзоҳид Аминов, Барот Бойқобилов, Фазу Алиева, Қодир Мирзоалиевро устодона ба тоҷикӣ гардонидааст, ки аз ҷониби аҳли адаб ва хонандагони серталаб истиқболи гармеро сазовор гардидаанд.

Дар фароварди сухан ба сухангустари пуркору пухтакор ва равшанназару сафогуҳарамон Муҳаммад Ғоиб, ки дар рушду пешрафти 40 соли охири адабиёти кишвари соҳибистиқлоламон ҳиссаи сазовор гузошта, ҳоло ба синни мубораки шастсолагӣ расидааст, самимона бурду барори эҷодӣ, бахту саодати баланди хонадонӣ ва комёбиву пирӯзиҳои бегазанди инсонӣ таманно мекунем.

Асрори РАҲМОНФАР