Кишти пунбадона вусъат меёбад
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Аз охири моҳи март то 27 апрели соли равон деҳқонони кишвар дар масоҳати 159 ҳазору 500 гектар пунбадона кишт намудаанд, ки 80 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар доданд.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, имсол кишти пунбадона дар масоҳати 199 ҳазору 451 гектар замин пешбинӣ шудааст. Дар вилояти Хатлон дар масоҳати 111 ҳазору 600 гектар замин пунбадона кишт шудааст, ки 84,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд нишондодҳои кишти пунбадона баробари 73,1 фоиз ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баробари 55,8 фоиз мебошад.
Кӯпруки Шошхоруғ таъмир гардид
ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Кӯпруки чӯбини пиёдагузар, ки беш аз панҷоҳ сол ду соҳили дарёи Ғундро дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳам мепайвандад, хушсифат таъмир шуд. Ин амали хайрро коргарону устоҳои КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ анҷом доданд.Бо супориши раиси вилоят Шодихон Ҷамшед барои таъмири кӯпрук 20 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва ин кор дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шуд.
Рушди саноат
Хуҷанд. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)Дар вилояти Суғд ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ барои коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор мунтазам чораҷӯйӣ менамоянд. Давоми соли ҷорӣ бунёди 160 корхонаи муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва муҳайё намудани наздик ба 5000 ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст. Чуноне мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Набӣ Иброҳимзода изҳор дошт, то ба имрӯз аз ҷониби соҳибкорони вилоят 30 корхонаи нави истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 900 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумии бофандагӣ ва сӯзанидӯзӣ низ тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Маркази таълимӣ ва истеҳсолии «Шероз», ки ба духтарону занон ҳунарҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзиро меомӯзонад, дар маркази вилоят ба фаъолият шурӯъ намуд. Маркази мазкур минбаъд ҳамчун пойгоҳи асосии тайёркунии мутахассисони соҳа барои тамоми шаҳру ноҳияҳо фаъолият хоҳад бурд.
Нақшаи наслгирӣ барзиёд иҷро гардид
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Чорводорони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нақшаи солонаи наслгириро барзиёд иҷро намуданд.Онҳо аз 90013 сар меш 91737 сар барраю бузғола гирифтанд, ки 101,9 фоизи нақша мебошад. Нисбати соли гузашта бошад 2930 сар зиёд тӯл гирифта шуд. Дар ин комёбӣ саҳми чорводорони ноҳияҳои Данғара, Муъминобод, Фархор ва Темурмалик назаррас аст. Чунончӣ, чорводорони ноҳияи Данғара аз 25985 сар меш 28039 сар барра гирифтанд, ки ин рақам 107,9 фоизи иҷрои нақшаи солонаро ташкил мекунад.
Маросими савгандёдкунии наваскарон
ЧКАЛОВ. Мухтори АБДУЛЛО, («Садои мардум») Дар қисми низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Чкалов маросими савгандёдкунии наваскарон сурат гирифт. Дар он раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ва падарону модарони афсарону сарбозон низ ҳозир буданд. Беш аз 70 нафар аскарону афсарон, ки пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ ва олии кишвар бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд, савганд ёд карданд. Наваскаронро Рухсора Давлатзода табрик намуда, иброз дошт, ки Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Баъд аз маросими савгандёдкунӣ намоиши машқҳои ҳарбикунонида баргузор гардид.
Телевизиони Хатлон 20- сола шуд
ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Ба муносибати 20- солагии Телевизиони вилояти Хатлон ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадуллои Раҳмон кормандони собиқ ва имрӯзаи телевизиони вилоят ва кулли бинандагони онро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику шодбош гуфтанд. Дар маросими тантанавӣ ба як гурӯҳ кормандони телевизион ва собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравӣ, ифтихорномаҳо ва роҳхати бепул ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ тақдим шуд. Ҳамчунин барои боз ҳам беҳтар намудани кори телевизиони вилоят аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо мошини сайёри дорои таҷҳизоти зарурии ҳозиразамони сабт тақдим гардид.
Вусъати ҳамкориҳои дуҷониба
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо ибтикори Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Туркманистону Тоҷикистон бахшида ба 290-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулии Фироқӣ конференсия баргузор гардид. Дар конференсия вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода ширкат ва суханронӣ намуданд. Ҳунармандон аз эҷодиёти шоири туркман Махдумқулии Фироқӣ шеъру сурудҳоро пешкаши иштирокчиён карданд.
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад
ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳоти «Пошкент»- и шаҳри Истаравшан бо ширкати раисони созмонҳои ибтидоӣ ва шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру навоҳии Истаравшан, Ғончӣ, Зафаробод ва Спитамен дар мавзӯи «Ташкили коргузорӣ дар созмонҳои ибтидоии собиқадорон» машварати минтақавӣ доир шуд. Иштирокдорон бо тарзи кор ва ҳуҷҷатгузории Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва беморхонаи марказӣ шинос гардида, табодули таҷриба карданд. Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев машваратро оғоз карда, нисбат ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят андешаҳояшро баён дошт. Муовини якуми раиси шаҳр Комил Мирзоев иштирокчиёни машваратро бо рафти иҷрои нақшаҳои тараққиёти хоҷагии халқ ва тадбирҳои андешидашаванда нисбат ба дастгирии собиқадорон шинос намуд.
Ҳадаф-ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш
ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Марҳилаи дуюми Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руйи 10 намуд- гӯштии миллӣ, юнону римӣ, тарзи озод, самбо, бокс, дзюдо, таэквон-до (ВТФ), баскетбол, волейбол ва варзиши сабук ба анҷом расид. Мақсад аз чорабинии мазкур ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар маҷмӯъ, рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар мебошад. Марҳилаи ниҳоӣ аз моҳи май то июни соли равон доир мегардад. Ғолибон бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.
Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.