Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдураҳмонзода Умеда аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд,
Нозимзода Шодиҷон Латиф аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 августи соли 2021, № 241